Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар оиди дар марз зада ғалтондани як чархболи низомии афғонро рад кард

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилое паҳн шудааст, ки як чархболи низомии афғон дар марзи Афғонистону Ӯзбекистон сарнагун гардонда шудааст.

“Ин хабарҳо ягон хел асос надоранд ва ба ҳақиқат мувофиқат намекунанд. Мо аз намояндагони ВАО ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш мекунем, ки танҳо ба маълумоти расмӣ такя кунанд. Хотиррасон менамоем, ки барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст», — гуфта мешавад дар изҳороти расмии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: