ФАРҲАНГИ ДУЗАБОНАИ МАВРИДИ НИЁЗИ ҲАМАГОН

Дар таърихи равобити адабиву фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоии халқҳои тоҷику ӯзбек, ки аз чанд сарчашма об мехӯрад, осори зиёди муштарак ба чашм мерасанд, ки онҳо барои ҳар ду халқ баробар аҳамият доранд.

Дар таърихи равобити адабиву фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоии халқҳои тоҷику ӯзбек, ки аз чанд сарчашма об мехӯрад, осори зиёди муштарак ба чашм мерасанд, ки онҳо барои ҳар ду халқ баробар аҳамият доранд. Ҳамзистии ҳамешагии мардуми тоҷику ӯзбек, ҳамтақдирӣ ва таърихи муштарак онҳоро чунон ба ҳам қарину наздик сохтааст, ки бо вуҷуди соҳиби ду забон будан якдигарро зуд мефаҳманд ва ин якдигарфаҳмӣ то ба ҳамдиливу ҳамандешагӣ расидааст.  Ва дар таърихи дуру наздик мебинем, ки ҳар тоҷик ӯзбекиро  балад ва ҳар ӯзбек аз забони тоҷикӣ бархурдор аст.  
Шояд ҳамин қаробати комил  боис шуда, ки ба истилоҳ як халқи дузабона якдигарро бе луғату тарҷума мефаҳмиданду эҳтиёҷе ба луғати тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ва ё баръакс надоштанд. Ва шояд ба ин сабаб дар таърихи илми луғатшиносӣ тадвини фарҳанги тоҷикӣ ва ӯзбекӣ собиқаи дерина надорад. 
Аммо тағйироти ҷиддие, ки  дар охири асри ХХ  ва оғози асри ХХI дар сохтори ҷамъиятии давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ба вуқӯъ омад, ба тамоми ҷабҳаҳои зиндагии мардумони ин минтақа таъсири амиқ расонд. Тақсимоти марзии байни давлатҳои ҳамсоя дар байни мардумони таърихан дӯсту бародари ин кишварҳо як андоза фосила низ эҷод намуд. Аз ин рӯ, махсусан, насли ҷавони тоҷику ӯзбек аз забону фарҳанги якдигар ба андозае дур монданд. Гузашта аз ин, чун забон ба сифати як навъи шуури ҷамъиятӣ,  доимо дар инкишофу такомул аст,  дар ин фосила  фонди луғавии ҳар ду забон ҳам аз ҳисоби калимаҳои нав ғанӣ шуд. Наввожаҳо, ки дар ҳар  забон захираи луғавиро беш мегардонанд, ҳатто аз соҳибзабонҳо муносибати бодиққатро талаб мекунанд ва на ҳамеша барои тамоми қишрҳои ҷомеа  фаҳмо мебошанд. Чунин сабабҳо водор месозанд, ки луғатҳои дузабона барои насли ҷавону навраси ин халқҳо таҳия ва тадвин гарданд, то мушкили забонфаҳмии байни онҳо ҳаллу фасл шаванд. 
Боиси хушнудист, ки ин таҷриба  дар кишвари Тоҷикистон – наздиктарин ҳамсояи мо ба амал татбиқ гардида, ҳанӯз 10 сол пеш китобе ба унвони “Луғати тоҷикӣ—ӯзбекӣ” (Хуҷанд: Ношир, 2011. – 172 саҳ.) аз ҷониби устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Б. Ғафуров дотсент  Шарифҷон Тоҷибоев ва шогирди эшон, дотсент Фирӯза Қаюмова тартиб дода шудааст. Ин китоб аз оғози нашр то имрӯз талабгорон ва харидорони зиёде дошта, махсусан, ҷомеи ӯзбекзабони Тоҷикистон онро бисёр хуб пазируфтанд ва то имрӯз ба он зиёд муроҷиат мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ин бобат пеш аз ин соли 1998 бори аввал аз ҷониби устоди донишгоҳи мазкур О. Абдуназаров “Луғати мухтасари тоҷикӣ—ӯзбекӣ” тартиб дода шуда буд, ки дар муқаддимаи китоби мазкур ҳамчун сарчашма ишора шудааст.
Ин луғат беш аз 7500 калимаву ибораро дарбар гирифта, дар асоси луғатнигории суннатӣ ва бо талаботи имрӯза тартиб ёфтааст. Тамоми моддаҳои луғавӣ (калимаҳои тоҷикӣ) бо ҳарфҳои ғафс ба тартиби алифбо пайиҳам оварда шуда, омонимҳо дар моддаҳои алоҳида бо рақамҳои римӣ сабт гардидаанд. Агар моддаи луғавӣ тобиши маъноии  маҷозӣ дошта бошад, ҳангоми тарҷума пас аз маънои аслӣ ҳатман маънои маҷозии он низ оварда шудааст. 
Дар ин фарҳанг ҳадди ақалли вожаҳои забони адабии тоҷик, ки дар муҳовараи ҳаррӯза ва ҳам осори адибони классикиву муосири тоҷик, адабиёти илмӣ, оммавӣ, сиёсӣ ва маҷаллаву рӯзномаҳо истифодаи бештаре доранд, фароҳам омада, муодилҳои ӯзбекии онҳо дода шудаанд.  
Тавре ки дар муқаддимаи луғати мазкур ишора меравад,  баъзе калимаҳое, ки барои ҳар ду забон муштарак ва мавриди истифода ҳастанду бо андак ҷузъиёт дар талаффуз аз ҳам фарқ мекунанд, ба монанди атр – атир, анҷир – анжир, сандуқ – сандиқ, гарав – гаров ба китоб ворид карда нашуданд, чун зарурат ҳам надорад.
Ҳамчунин, ба луғати мазкур ворид карда шудани бархе калимоти хоси осори классикӣ аз қабили ибриқ, инод, инҳисор, кисват, жанда, мубарро, мӯидан, пазира, шигарф, чакуш ва ғайра бисёр муфид аст, чун дӯстони ӯзбекзабони мо, ки ба омӯзиши забон ва адабиёти форсиву тоҷикӣ муҳаббат доранду ҳар чӣ бештар аз адабиёти классикии тоҷик бархурдор шудан мехоҳанд, аз ин маънифаҳмӣ барои худ натиҷаи судманде хоҳанд гирифт.  
Имрӯз, ки равобити ҳамаҷониба байни ду давлат ва аҳолии ин кишварҳо аз нав барқарор гашта, ҳамкориҳо дар ҳар соҳа қавитар мегарданд, зарурат ва эҳтиёҷ ба чунин луғатҳои дузабона меафзояд ва шояд нашри дубораи ин луғат, ҳамчунин, тартиб додани луғати ӯзбекӣ-тоҷикӣ низ барои  тарафайн судманду самарабахш бошад.
Бояд таъкид кард, ки тартиб додани луғати дузабона кори саҳл нест ва ҳар нафаре, ки заҳмати ҷамъоварӣ ва тартиб додани чунин луғатро медонад, бешак хуб дарк мекунад, ки  таҳия ва мураттаб сохтани чунин асар масъулияти том, дақиқбинӣ, пурдонӣ ва завқу салиқаи хосро тақозо менамояд, ҳамчунин ва муҳимтар аз ҳама, ҳавсалаву ишқу алоқамандӣ ба ҳар ду забонро. Мунсифона бигӯем, дар тартиб додани китоби мазкур мураттибон бо масъулияту ҳавсалаи том ва огоҳона кори худро анҷом додаанд ва як фарҳанги бисёр судмандро ба ҷомеаи ӯзбеку тоҷик ҳадя намудаанд, ки боиси эътирофу қадрдонист.  

Хусрав ҲАМИДОВ,
доктори фалсафа оид 
ба илмҳои филология.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: