МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ НОҲИЯИ МАРҲАМАТ САЙЁҲОНРО БА ВАҶД МЕОВАРАНД

  • МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ НОҲИЯИ МАРҲАМАТ САЙЁҲОНРО БА ВАҶД МЕОВАРАНД
  • МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ НОҲИЯИ МАРҲАМАТ САЙЁҲОНРО БА ВАҶД МЕОВАРАНД
  • МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ НОҲИЯИ МАРҲАМАТ САЙЁҲОНРО БА ВАҶД МЕОВАРАНД

Вилояти Андиҷон аз минтақаҳоест, ки дар соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои бузург дорад.

Бинобар ҳамин дар вилоят корҳои зиёд амалӣ мешаванд, онҳо имкон медиҳанд сафи сайёҳон афзояд.
Дар ноҳияи Марҳамат низ бинобар рушди соҳаи сайёҳӣ корҳои муайяне иҷро мешаванд. Агар шумо бинобар шоҳроҳи автомобилгарди Андиҷон – Марҳамат сафар кунед, дар Шаҳрихон шоҳиди манзараи ғароиб мегардед.
Дар доманакӯҳҳои ҳар ду ҷониби шоҳроҳ чойхонаҳои серсоя, ёдгориҳо ва хиргоҳҳоро мушоҳида мекунед, ки иқтидори сайёҳии минтақаро намоиш медиҳанд. Дар қисмати болоии доманакӯҳ шифохонаи «Марҳамат» ҷойгир шудааст, ки ба манзараи зебо ҳусни иловагӣ зам мекунад. Ҳоли ҳозир ноҳияи Марҳамат умуман 62 иншооти мероси фарҳангӣ – ёдгориҳои ҳафриётиву меъморӣ, муқаддасотро дар бар мегирад, қисмати зиёди ин зиёратгоҳҳо ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудаанд.
Бо мақсади ташкил кардан ва рушд додани сайёҳии дохилӣ дар ноҳия аз ҷониби бунёди ҷамъиятии «Мингтеппа» лоиҳаи сохтмони 15 иншооти начандон бузурги сайёҳӣ дар шафати роҳҳо андешида шудааст. То имрӯз 6-тои онҳо сохта ба истифода супурда шудаанд. Дар пояи лоиҳаҳои намунавии рушди инфрасохтори сайёҳӣ 9 адад нуқтаҳои нави санитариву гигиенӣ сохта шуданд, 8 адад нуқтаҳои мавҷуда аз таъмир баромаданд.
Дар маҳаллаи «Бозорбоши» бинобар самти сайёҳии этнографӣ кӯчаи «Рӯмолчилик» ташкил гардид. Ҳоли ҳозир дар иншооти сайёҳии ноҳия беш аз 2100 нафар машғуланд. Соли гузашта аз ҳисоби хидматрасонии саёҳати маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳаҷми хидматрасонии сайёҳӣ дар ноҳия 1,5 баробар зиёд шуд. Маркази саёҳати экологии «Буюк маскан», ки арзиши умумиаш 30 миллиард сӯм мебошад, дар 8,5 гектар замини маҳаллаи «Ҳаққа»-и ноҳия сохта шуд, вай ҳар як сайёҳро мафтун карда метавонад. Марказ дар як вақт қодир аст ба беш аз ҳазор нафар хидмат расонад.
Иншооти миллии саёҳати этнографӣ, ки дар хонаи ҳунарманди машҳури сирк, дорбоз Юнусалӣ Ғозиев – маҳаллаи «Бобохуросон» воқеъ мебошад, низ аз ҷумлаи мавзеъҳои барои сайёҳон ҷолиб ба шумор меравад.
Ёдгории ҳафриётии Мингтеппа дар рушди сайёҳии ноҳияи Марҳамат нақши махсус мебозад.
– Дар ин ёдгории нодир таърихи куҳани мардуми мо инъикос ёфтааст, он нафақат ба сайёҳони маҳаллӣ, балки ба сайёҳони хориҷӣ низ таассуроти фаромӯшнопазир мегузорад, – гуфт роҳбари бунёди ҷамъиятии «Мингтеппа – мероси фарҳангӣ» Ортиқалӣ Ҳусанов.
– Вайронаҳои Мингтеппа дар бораи таърихи куҳани халқи мо маълумоти зиёд медиҳанд. Барои ҷалби бештари сайёҳон осорхонаи кушоди «Мингтеппа» ва китобхона ташкил гардидаанд. Ғайр аз ин дар қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 декабри соли 2018 «Дар бораи ҳифз кардан, омӯхтан ва истифодаи самарабахши иншооти мероси ҳафриётии «Мингтеппа»-и ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон» ва «Харитаи амалиёт», ки мувофиқи ин қарор тасдиқ гардидааст, дар иншооти мазкур корҳои васеъмиқёс пешбинӣ шудаанд. Вале корҳои пешбинишуда бинобар пандемияи коронавирус сари вақт анҷом наёфтанд. То имрӯз амалисозии ин қарор аз эътибор соқит мондааст. Мувофиқи қарор барои сохтмони бинои Маркази ҳифз ва тадқиқи мероси ҳафриётии «Мингтеппа» 1,14 гектар ва бинобар ҳудуди ҳифзшаванда 2,4 гектар замин ҷудо карда шудааст. Сохтмон то имрӯз оғоз наёфтааст. Ғайр аз ин ҳуҷҷат як қатор вазифаҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳону зоирон, ташкил кардани минтақаҳои замонавии истироҳатӣ дар хориҷи ҳудуди ҳифзшаванда бо нигоҳ доштани намуди таърихии он, мувофиқсозии роҳҳоеро, ки ба ёдгории ҳафриётии «Ҷингиртеппа» ва «Тоштеппа» мебаранд, пешбинӣ менамояд. Вале наметавон гуфт, ки иҷрои ин корҳо қаноатбахш мебошанд.
Дар ноҳияи Марҳамат даҳҳо мавзеъҳои зиёратӣ мавҷуданд, ки метавонанд бисёр сайёҳон ва зоиронро нафақат аз Андиҷон, балки аз минтақаҳои дигари мамлакат ва Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя ҷалб намоянд. Соли гузашта 115,2 ҳазор сайёҳону зоирон ба ин ҷо омаданд, соли равон афзудани миқдори онҳо пешбинӣ шудааст. Дар соли 2022 сохтмони як қатор меҳмонхонаҳо, меҳмонхонаҳои оилавӣ ва саройҳои меҳмонқабулкунӣ, ки дар як вақт тавонанд 160 нафарро гунҷонанд, ба нақша гирифта шудааст. Чунончи, дар маҳаллаи «Миришкор» меҳмонхонаи тарҳаш нодир барои 60 нафар бо арзиши умумии 3 миллиард сӯм сохта шуд. То охири сол нишонаҳои роҳ, ки ба ин иншооти зиёратӣ мебаранд, куллан устувор карда мешаванд. Ҳамчунин мақбараҳои Тӯрабобо, Мулло Тӯйчӣ, Оқтунли Ота ва Махдуми Восилӣ таъмир карда хоҳанд шуд.
Дар маҳалҳои зиёратии ноҳия минтақаҳои WI-FI сохта мешаванд. Аз ҳисоби татбиқ сохтани корҳои мазкур дар ноҳия соҳаи сайёҳӣ инкишоф ёфта, миқдори сайёҳон зиёд хоҳад шуд.

Фахриддин 
УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ӮзА.
Суратгир: 
З. УМУРЗОҚОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: