Аз аввали моҳи ноябр дар Ӯзбекистон қариб 15 миллиард сӯмина неруи барқ ва газ толону тороҷ шудааст

Дар Ӯзбекистон тайи 10 рӯзи охир дуздии неруи барқ ва гази табиӣ ба маблағи 14 миллиарду 898 миллион сӯм ошкор шудааст. Дар ин бора хидмати матбуоти вазорати энергетика хабар додааст.

Тавре зикр гардид, дар 1185 маврид қонуншиканӣ ошкор карда шуда, дар натиҷа зарар ба давлат 11 миллиарду 338 миллион сӯм аз неруи барқ ​​ва 3 миллиарду 560 миллион сӯм аз гази табиӣ ташкил додааст.

Аксари ҳолатҳо дар вилоятҳои Самарқанд, Фарғона ва Андиҷон рост омадааст.

Нисбат ба истеъмолкунандагони вайронкунанда мувофики тартиби му-қарраргардида чораҳо дида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: