Президенти Ӯзбекистон дар ифтитоҳи Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ дар Доҳа ширкат кард

  • Президенти Ӯзбекистон дар ифтитоҳи Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ дар Доҳа ширкат кард

Дар доираи барномаи сафари давлатӣ дар Қатар Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи ҷаҳонии «ЭКСПО Доҳа – 2023» ширкат варзид.

Дар маросим Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ, Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳаён, сарони давлату ҳукуматҳои Ироқ, Яман ва чанд кишвари дигар ширкат доштанд.

«ЭКСПО Доха» аввалин намоишгоҳи ҷаҳонии “сабз” аст, ки дар минтақа баргузор мешавад. Чорабинӣ таҳти шиори “Биёбони сабз, муҳити зисти беҳтар” баргузор шуда, то моҳи марти соли оянда идома хоҳад кард.

Иштирокчиёни форум бо намоишгоҳҳои технологияҳои пешрафта ва дастовардҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист, рушди экосистема, ҷорӣ намудани кишоварзии «ақл», парвариши навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, бунёди боғҳои инноватсионӣ ва дигар соҳаҳо шинос шуданд.

Дар павилони миллии  Ўзбекистон, ки дар доираи намоишгоҳ ташкил шудааст, технологияҳои навтарини соҳаи зироаткории интенсивӣ ва чорводорӣ, менеҷменти экологӣ, муаррифии соҳаҳои боғдорию хӯроквории кишвар намоиш дода шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: