«ЗИ НАХЛИ ЗИНДАГИИ ХЕШТАН САМАР» ХӮРДАН...

Меҳнат асоси зиндагӣ, ғановати маънавӣ ва моддӣ, вазифаи муқаддаси инсон, меъёри қадру қимати ҳар фард, рушду камолоти шахсият, мебошад.

Меҳнат асоси зиндагӣ, ғановати маънавӣ ва моддӣ, вазифаи муқаддаси инсон, меъёри қадру қимати ҳар фард, рушду камолоти шахсият, мебошад.
Инчунин, меҳнат қобилияти фикркунӣ, фаҳму фаросат, ҳассосии шахсро тақвият мебахшад. Билохир аслан инсон зодаи меҳнат аст. Кӯдак вақте ба дунё меояд, беҳуда дасту по намезанад, ин даступозаниҳо нишонаи феълу атвор ва ҳаракатҳои чолокиро дар ӯ намоён мегардонад. Дар натиҷаи меҳнат инсон инкишоф меёбад.
Низомии бузург дар андарзе оварда, ки:
Ба дасти касон кони гавҳар макан,
Ту гар зиндаӣ дасту пое бизан!
Меҳнат кардану хоссатан аз пушти меҳнати ҳалол ризқи хешро дарёфтан инсонро соҳибобрӯ ва мақому мартабаашро дар байни мардум боло мегардонад. Дар зиндагӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки бо меҳнати ҳалоли худ шараф ва мақомат ёфтаанду ҳамеша вирди забонҳо гаштаанд. Мунтаҳо аз ин маънӣ оғоз кардани пешгуфтор он аст, ки мехостам ин ҷо оиди фаъолияти шахсе суҳбат намоям, ки пешаи илмомӯзӣ ба насли наврас дораду гуфтан ҷоиз бошад, ба номи ин омӯзгор ибораи “муаллими худодод”-ро бубандам. Ин устод шахси фидокори роҳи илму маърифат, мураббии ҳазорон шогирдон, падари меҳрубону сахтгир, омӯзгори пуртаҷриба Абдуҷаббор Фаттоев ҳастанд. Абдуҷаббор Фаттоевро натанҳо дар ҷумҳурӣ ҳамчун устоди фанни физика, балки берун аз он мешиносанду муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин, нахли зиндагии ин марди илмдӯст бар он бор овардааст, ки фарзандони боақлу тамиз, бо илму фарҳангро ба дунё оварда ба камол расонидаанд. Зеро, бузургон фарзанди солеҳ ба дунё овардаву бо солеҳиаш фаҳрёб шуданро яке аз суннатҳо аст, гуфтаанд.
Шоир мефармояд:
Илм чун бар дил занад ёре шавад,
Илм чун бар тан занад боре шавад.
Дараҷаи илмдиҳии муаллим Фаттоев низ ба ҷое расидааст, ки он чун дарахти бузург ҳоло фаровон бор овардааст. 
Бахтиёр Фаттоев фарзанди нахустини ин оилаи некфарҷом соли 1991 мактаби миёнаро бо медали тилло хатм карда, ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни физика гардида, бе имтиҳони қабул донишҷӯ шудааст. Ҳоло дар мактаби худ вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои таълимиро ба ӯҳда дораду ба ҳайси омӯзгори фанни физикаю информатика низ фаъолият мебарад.
Писари дуюм – Баҳодур Фаттоев низ соли 1992 мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуда, Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намуда, 20 сол дар ҳамон донишгоҳ дарс гуфтааст. Ҳоло дар Донишкадаи меъмории Тошканд ҳамчун устод фаъолият дорад.
Писари сеюм – Сӯҳроб Фаттоев соли 1996 бо шаҳодатномаи имтиёзнок мактаби миёнаро хатм намуда, бе имтиҳони қабул донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шуда, онро бо дипломи сурх хатм намуд ва ҳоло яке аз сармуҳандисони “Гидроспесстрой”-и “Тӯпаланг” мебошад.
Писари чорум – Фаррух Фаттоев Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, магистратураро дар Тошканд ба итмом расонидааст ва дар Донишгоҳи Пунаи Ҳиндустон таҷрибаомӯзӣ кардааст. Ӯ доктори фалсафа, профессори Донишгоҳи Ню-Йорк мебошад. Соли гузашта яке аз назарияҳои Эйнштейнро амалан исбот намуда, радиуси ситораҳои нейтрониро муайян намуд ва яке аз кашфиётҳои оламшумулро ноил гашт.
Писари панҷумини хонавода Шаҳбоз Фаттоев Донишкадаи молияро хатм намуда, тайи ду сол дар яке аз донишгоҳҳои Малайзия таҳсилашро идома додааст. Баъди он магистратураи Донишгоҳи Турини Италияро хатм намуда, тайи як сол дар донишгоҳҳои Фаронса, Олмон, Шветсария ва Англия таҷрибаомӯзӣ кардааст. Ҳоло роҳбари шуъбаи Бонки халқӣ мебошад. 
Кенҷаписар Парвиз Фаттоев низ хатмкунандаи Донишгоҳи технологияи ахбор буда, ҳоло журналист ба ҳисоб меравад. 
Духтари аввал Шаҳноз Фаттоева ба шогирдон аз фанҳои забону адабиёт ва математика сабақ меомӯзад. 
Духтари хурдӣ – Парвина Фаттоева бошад, хатмкунандаи Донишкадаи забонҳои ҷаҳон буда, магистратураро низ ба итмом расонидааст ва дар ҳамон донишкада ба талабагон аз фанни забони англисӣ сабақ медиҳад.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар тарбияи ҳар яки ин фарзандон саҳми модари хонадон Очабибӣ Шукурова беандоза аст. Зеро устод Фаттоев ҳамеша қайд менамоянд, ки фарзандонашон забондониву забономӯзиро аз модарашон омӯхтаанд, ки боиси дигар илмҳоро зуд омӯхтанашон шудааст. Ба ғайр аз забони тоҷикии форсӣ, ӯзбекӣ фарзандон забонҳои туркӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, ҳиндиро медонанд. Ин фарҷоми неки онҳо боиси дар мактаби миёна ба забони модариашон таҳсил намуданашон гардидааст.
Бо баробари ин Бахтиёр ҳамчун омӯзгори эҷодкор зиёда аз 60 мақолаву хабар, ҳаҷвияву латифа ва тарҷимаҳояш бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Овози тоҷик», “Сариосиё”, “Садои Сурхон”, “Бохтар”, “Ховар”, “Овози Самарқанд” чоп шудаанд. 
Бахтиёр ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ байни донишҷӯён истеъдоду салиқаи физикадониаш намоён гардида, паи ҳам ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни физика буд. Фаъолияти кориашро низ пас аз хатми донишгоҳ дар ҳамин даргоҳ, дар кафедраи “Радиоэлектроника” бар ҳайси лаборанти калон оғоз намуда, ба нахустин гурӯҳи тоҷикӣ ва русии факултаи физика барномаҳои лабораториро омода намудааст. Бо тақозои тақдир ва шароити ҳамонвақта маҷбур гашт, ки соли 1996 ба литсейи рақами 1-уми шаҳри Шарғун ҳамчун омӯзгори фанҳои физика ва информатика баргардад. Таҷрибаи илмомӯзиашро ба шогирдон низ илқо намуда, сабабгори ғолибони бисёре аз ин фанҳо гардид, ки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои физика ва информатика ширкат намудаанд. Илҳом Ортиқов (шодравон), Манучеҳр Мирзоев, Хайрулло Шониёзов, Бахтиёр Баротов, Хуршед Асадов, Фурқат Назаров, Фаррух Назаров аз зумраи шогирдони устод ҳастанд.
Соли 1999 Б.Фаттоев низ дар озмуни “Саводхонии компютерӣ” ширкат намуда дар вилоят сазовори ҷои якум гашт ва дар шаҳри Самарқанд дар бахши ҷумҳуриявӣ фаъол ширкат намуд. Соли 2004 бошад, дар бахши ҷумҳуривии ин озмун, ки дар шаҳри Бухоро шуда гузашт, сазовори ҷои аввал гардид. Дар соли 2018 дар озмуни “Муаллими беҳтарини сол” аз фанни физика ширкат намуда дар миқёси вилоят соҳиби ҷои 2-юм гардид. 
Чи тавре ки мегӯянд, илмро ба шунаванда тавре бояд расонид, ки аз он ҳикмати муфидашро ба худ гирад. Дар омӯзонидани хонандагон низ дар ҷараёни дарс Бахтиёр чунон усулу маҳоратро истифода мебарад, ки хонанда онро дар хотир нигоҳ медорад. Омӯзгороне ҳастанд, ки шогирдон сабақашонро то дарси дигар фаромӯш месозанд. Аммо Бахтиёрро сабақҳояш якумра аст, ки мо омӯзгорон ин ҷараёнро чандин бор шоҳид гаштаем. Дар бораи истеъдоди фитрии ин марди наҷиб танҳо навиштан кам аст, касе як бор бо ӯ мусоҳиб мешавад, гуфтаҳои моро тасдиқ менамояд.
Хушбахтона, соли ҷорӣ тӯли фаъолияти қариб чорякасрии педагогӣ, аниқтараш заҳмати ӯро ба инобат гирифта, аз ҷониби Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Фаттоевро бо нишони фахрӣ – Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон мукофотониданд. 
Шоири бузург Соиби Табрезӣ овардааст:
Дар ин ҳадиқаи пурмева то ҷигар нахӯрӣ,
Зи нахли зиндагии хештан самар нахӯрӣ. 

Фароғат ИСМАТОВА, 
омӯзгори мактаби миёнаи ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: