ОБ ҲАСТУ ҲАЁТ ҲАСТ...

Ба қарибӣ таҳти раёсати сарвари давлатамон ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид, ки ба истифодаи самараноки об ва ба пешгирии норасоии он бахшида шуд.

Пунба зи гӯш дур кун, бонги наҷот 
мерасад,
Оби сияҳ дармарав, к-оби ҳаёт мерасад.
(Шамси ТАБРЕЗӢ).
Ба қарибӣ таҳти раёсати сарвари давлатамон ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид, ки ба истифодаи самараноки об ва ба пешгирии норасоии он бахшида шуд. Зеро, мамлакати мо дорои ҳамагӣ 20 фоиз манбаъи об буда,  қисми боқимонда аз кишварҳои ҳамсоя сарчашма мегирад. Ташвишу таҳлукаи Президент бесабаб нест. Гап сари он аст, ки дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим захираҳои об сол аз сол кам шуда, талабу эҳтиёҷ ба он пайваста меафзояд, барилова, дараҷаи биёбоншавӣ низ касро ба андеша мегузорад. Чунончӣ, мувофиқи таҳлил ва пешгӯии мутахассисон танҳо пиряхҳои Фадченко, ки дар Тоҷикистони бародарист ва оби дарёи ҳаётбахши Зарафшонро ташкил медиҳад, солҳои охир 30 фоиз коҳиш ёфта, суръати камшавии об мунтазам зиёд мегардад. Олимон муайян кардаанд, ки то соли 2030 норасоии об дар Ӯзбекистон 15 миллиард метри мукаабро ташкил хоҳад кард.

Об дар адабиёт ва асотир 

Пири равшанзамири Балх, аллома Мавлавӣ дар «Маснавии маънавӣ», ки онро «Қуръон» дар забони паҳлавӣ низ мехонанд, ҳамзистии инсонро бо табиат тарғиб карда менависад:  
То кунун кардӣ чунин, акнун макун,
Тира кардӣ обро, афзун макун.
Бармашӯрон, то шавад ин об соф,
В-андар ӯ бин моҳу ахтар дар тавоф...
Ҳоло ҳам дар хотир дорам замоне, ки 10-12 сола будам, ба ҳавлии модаркалонам ба меҳмонӣ омадем. Ҳангоми бозӣ ба оби лойолуди ҷӯй туф кардам. Раҳматӣ модаркалонам танбеҳ дода буданд, ки ин рафтори ман гуноҳи азим аст.
–  Ҷони бибӣ, – гуфтанд модаркалонам, – ба об туф намекунанд, то аз ҳар гуна касофат пок бимонанд. Магар модар ва муаллимонат инро ба ту нагуфтаанд?
Ҳарчанд аз байн беш аз шаст сол сипарӣ шуд, то ҳол он насиҳати модаркалонро дар ёд дорам, ҳар гоҳ чун мебинам, шахсони бефаросат ба оби ҷӯй мағзоба мерезанду аз болои пули рӯди Дарғам партовҳоро ба он мепартоянд, нафратам меояд. 

Об хӯрдӣ, ҷӯйборро тоза кун!

Чӣ ҷои руст кардан аст, то ба қарибӣ наҳри Оби Раҳмати Самарқанд, ки замоне бинобар покиву софиаш чунин ном гирифтааст, ба маънои том ба оби «лаънат» табдил ёфта буд. Чунки онро одамони кӯтоҳандеши аз дину диёнат дур ба партовгоҳ табдил доданд, ки аз бӯйи бадаш дил беҳузур мегашт. Равшанфикрону дӯстдорони табиат бонги изтироб зада, мардуми атрофи рӯдро ба инсофу диёнат даъват карданд. Аз ҷумла, шоири хушбаён Нормурод Каримзода достони «Оби раҳмат»-ро навишт. Хушбахтона, ин ҳама то ба гӯши ҳокими вилоят ҳам расид. Бо ташаббусу супориши ӯву як гурӯҳ тадбиркору саховатмандон на танҳо рӯди Оби Раҳмат, балки рӯди Сиёб ва ҷӯйборҳои дигари Самарқанд низ бетонӣ ва аз партовҳо тоза карда шуданд. Муроҷиатномаи ҳокими вилоят ба кластерҳо, хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ, соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ роҷеъ ба истифодаи оқилонаи захираҳои об дар хоҷагии қишлоқ ва кам шудани исрофкорӣ дар рӯзномаҳои вилоят бо се забон: ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ чоп шуд. 
Умед дорем, ки дар оянда бо роҳи ҳашар то 15-уми марти соли 2024 дар ҳудуди вилоят 2 ҳазору 543 километр рӯд ва ҷӯйҳо бетонӣ мешаванд. Дар муроҷиатнома ҳамчунин вазифа гузошта шуд, ки дар ҳар кадом 1226 маҳалла камаш як километрӣ ҷӯйҳо бетон карда шаванд, ки барои сарфаи об кори ниҳоят зарур аст. 
Мақсад аз инҳо, иҷро кардани вазифа ва супоришҳои Президент аст.
Воқеан сарвари мамлакат дар ҷамъомади селекторӣ таъкид кард, ки мо бояд ғояи «об беқадр нест»-ро мақсади худ қарор дода, барои обёрӣ, самарабахш истифода бурдану ҳифз кардани ин неъмати бебаҳо чораҳои судманд андешем. Танҳо дар вилояти Самарқанд 380,2 ҳазор гектар замини обёрӣ мавҷуд буда, соли ҷорӣ барои кишоварзӣ ба ҷойи 2 миллиарду 290,5 миллион мукааб қариб ду маротиба бештар об сарф гардид. Бинобар ҳамин ба назди идораҳои обёрӣ вазифа гузошта шуд, ки сарфакор бошанд.
Таҷрибаи давлатҳои Исроил, Туркия, Италия, Фаронса собит сохт, ки барои сарфакорӣ усули обёрии қатрагӣ муфид аст. Бинобар ҳамин ҳам дар 21 ҳазору 104 гектар замин дастгоҳҳои обёрии қатрагӣ ва барои обёрии 21 ҳазору 104 гектар замин аз оби борон истифода бурданд.  
Дар асоси қарори Президент аз 24-уми феврали соли 2021 «Оид ба стратегияи ташкил кардани садорати манбаъҳои об ва ривоҷи сектори ирригатсия дар солҳои 2021-2023 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба соҳаи мазкур 9,1 миллиард сӯмина сармоя  ирсол хоҳад шуд. Ҳоло дар қаламрави вилояти Самарқанд чор обанбор ва рӯди Қарадарё таъмир карда мешаванд. Инчунин, бо ёрии техникаи пуриқтидор ҳолати обёрии 13,2 гектар замин беҳтару хубтар мегардад.
Дар самти истифода аз агрегатҳои насосӣ ва сарфакорӣ аз нерӯи барқ низ нақшаҳои судманд таҳия шуданд, ки, бешубҳа, самараи хуб хоҳанд дод.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: