Боз дар сарзамини бостонӣ ва биҳиштосои мо Наврӯзи оламафрӯз омад.
Аз накҳати форами дарахтони гулпӯш, ҷозибаи қолини сабзаю гиёҳҳои дамида дили пиру ҷавон пурфараҳ гаштааст. Мардуми ҳимматбаланди диёр ба истиқболи арӯси сол – Наврӯз чун анъана тайёрии ҳаматарафа диданд.
Оростани дастархони пурфайз, гузаронидани тӯю сур, дидорбинии ёру дӯстон, созмонёбии мусобиқаю бозиҳои гуногуни миллӣ, рақсу таронасароӣ, ба киштукор сар кардани деҳқон ва ғайра фазилати ба худ хоси ин иди умумихалқӣ аст.
Наврӯз иди аҷдодии мо буда, он таърихи бештар аз ҳафтҳазорсола дорад. Вай бо қарори махсуси ЮНЕСКО дар миқёси байналмилалӣ чун мероси мадании умумиҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар мамлакати мо шукӯҳу ҷозибаи ин иди бобоӣ мақоми ҷудогона дорад.
20 марти соли ҷорӣ Маркази ҷавонони шаҳри Бухоро намуди идона дошт. Даромадгоҳи марказро маҳсули дастони ҳунармандони гулдаст, виставкаи ашёҳои миллӣ, шиору плакатҳо зеб медод. Дар гӯшае барномаи мусиқавии сарояндагони ҷавон ба амал меомад. Гуфтан ҷоиз аст, ки иди Наврӯзи имсола зери шиори «Ассалом Наврӯз – айёми навшавӣ, меҳру оқибат ва қадру қимат» мувофиқи қарори Президенти мамлакат «Дар бораи омодагӣ ва гузаронидани Иди умумихалқии Наврӯз дар соли 2022» сурат мегирад.
Ҳокими вилоят Ботир Зарифов ҷамъомадагонро бо Иди зебоӣ ва баҳор табрику муборакбод намуд. Вай дар бораи нақшаҳои муҳими тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят ва комёбиҳои дастрасшуда, инчунин муваффақиятҳои ба даст даровардаистодаи ҷавонони бухороӣ дар соҳаҳои илм, таълим ва варзиш бо ифтихор ҳарф зад. Баромадҳои ҳунарии ҷамоаҳои эҷодӣ, суруду таронаҳои овозхонҳои эстрадӣ ба тадбири наврӯзӣ ҷозибаи нав зам кард.
Ин қабил тантанаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоаҳои меҳнатию маҳаллаҳо идома дорад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.