ҲАМКОРИИ ОЛИМОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Солҳои охир бо тақозои давр, хусусан пешравии илму технология, дар соҳаи таълиму тадрис низ дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд.

Солҳои охир бо тақозои давр, хусусан пешравии илму технология, дар соҳаи таълиму тадрис низ дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд. Ҳамаи ин тараққиёти ҷамъият аз мутахассисони варзидаи соҳаи таълим тақозо мекунад, ки нақшаҳои таълимӣ, дастурҳои тадрисӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастуруламалҳои услубию методиро таҷдиди назар намоянд. 
Туфайли ҳамраъйӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи илмиву техникии байни кишварҳои ҳамсояву муштаракулманофеи Ӯзбекистону Тоҷикистон, хусусан бинобар ташаббусҳои неки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати вусъат додани дӯстиву ҳамкориҳо ва кушода шудани сарҳадҳои байни ҷумҳуриҳо алҳол дар соҳаи мазкур низ комёбиҳои назаррас ба даст меоянд. 
Маълум аст, ки бо китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ таъмин намудани донишҷӯёну ҷараёни хониш ба масъалаи ҳалталаб табдил ёфтааст.
Мисли дигар фанҳои дақиқ, дар сохтори ҷузъҳои асосии физикаи умумӣ низ барои баргузории тадрис тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омаданд. Бо назардошти ҳамин ҷиҳатҳои соҳа омодасозии китобҳои дарсӣ дар пешрафти таълиму тадрис хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ, устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд – доктори илмҳои физикаву математика, профессори кафедраи оптика Абдувоҳид Ҷумъабоев ва номзади илмҳои физикаву математика Ғуломҷон Муродов бо ҳамкории олимону устодони кафедраи оптика ва спектроскопияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) – номзадони илмҳои физикаву математика, дотсентон Зафар Исломов ва Малоҳат Файзиева иқдоми некро пеш гирифта, китоби дарсии «Оптика»-ро нашр намуданд, ки дар он саҳми устоди зиндаёд, доктори илмҳои физикаву математика, профессори кафедраи мазкури ДМТ Нурулло Муллоев низ хеле бузург аст. Китоби дарсӣ қисми оптикаи фанни физикаи умумиро дар бар гирифта, асосан ба донишҷӯён ва магистрантҳои ихтисоси астрономия ва техника пешниҳод гардида, мутобиқ бо дастурҳои намунавии таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дастури таълимӣ аз фанни физика ва астрономия таҳия шудааст.
Он, ки бо қарори шӯроҳои илмии ДДС ва ДМТ интишор ёфтааст, аз 17 боб ва луғати тафсирӣ (глоссарийи) фанни оптика иборат мебошад. Дар пешгуфтори китоб муаллифон қайд намудаанд: «Китоби мазкур дар асоси барномаи намунавии курси физикаи умумӣ ва стандарти давлатии таҳсилоти олӣ барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи физика таҳия шудааст. 
Дар он оид ба тамоми паҳлӯҳои фанни оптика маълумоти зарурӣ дарҷ гардида, метавонад барои гирифтани маълумот, такмили дониши зарурии донишҷӯёни мактабҳои олии ҳар ду ҷумҳурӣ саҳмгузор бошад».
Дар китоб бобҳо ва мавзӯъҳо пайиҳам оварда шуда, имкон медиҳанд, ки донишҷӯ савияи дониши худро оид ба ҳодиса ва қонунҳои оптикӣ тадриҷан инкишоф диҳад. Чунончи, дар аввал оид ба мавҷҳо маълумоти зарурӣ пешниҳод шуда, баъдан оид ба ҳодисаҳои интерференсия ва дифраксияи рӯшноӣ маънидод карда мешаванд. Маълумот дар бораи нурафкании лазерӣ ва ҳодисаҳои ғайрихаттӣ дар охир ҳамчун маводи ҷамъбастии ҳодисаҳои оптикӣ оварда шудааст. Бояд таъкид намуд, ки дар тайёр кардани матн оид ба мавзӯъҳои голография, оптикаи ғайрихаттӣ, пошхӯрди комбинатсионии рӯшноӣ ва глоссария саҳми устодони ДДС назаррас мебошад.
Ин иқдоми нахустини олимону мутахассисони соҳа аз он шаҳодат медиҳад, ки вусъат додани чунин ҳамкориҳои муфид ба пешрафти илму фан мусоидат хоҳад кард.

А. ВОҲИДОВ, 
мудири кафедраи забонҳои Шарқи хориҷии ДДС. 
Ф. ШУКУРОВ, 
омӯзгори ДДС.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: