Бинобар даъвати Ҳукумати Туркия 10-13 марти соли 2022 ҳайати Ӯзбекистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов дар кори Форуми II дипломатӣ дар Анталия иштирок кард.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи панелии «Афғонистон: бо воқеиятҳои нав чӣ гуна бояд мубориза барем?» вазир ба иштирокчиёни форум дар бораи саъю талошҳои Ӯзбекистон ҷиҳати барқарории сулҳи дарозмуддат ва пойдор дар кишвари ҳамсоя, расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар кишвар бо мақсади пешгирии бӯҳрони башардӯстона маълумот дод.
Зарурати андешидани тадбирҳои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарор намудани иқтисодёти Афғонистон ва ҷалби он ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ таъкид шуд.
***
Дар доираи форум суҳбати «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Осиёи нав: барои рушди устувори минтақавӣ» баргузор гардид, ки дар он Абдулазиз Комилов оид ба самтҳои асосӣ ва натиҷаҳои бадастомадаи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон, ки афзалияти асосии Осиёи Миёна мебошад, суханронӣ намуд.
Вазир дар бораи тамоюлҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, ки дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ мушоҳида мешавад, сухан ронда, қайд кард, ки танҳо дипломатияе, ки ба созишҳои оқилона асос ёфтааст, метавонад манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳоро баробар қонеъ гардонад.
Манфиати Ӯзбекистон ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила ҳам байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ изҳор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.