ЛОИҲАҲОИ ПЕШОМАДНОКИ САРМОЯВӢ

Ширкати SAYAR LLC (ИМА) дар бораи лоиҳаҳои сармоявӣ бинобар коркарди ҳароратии партовҳои тиббӣ ва истеҳсоли энергияи гармӣ ташаббус зоҳир кард.

Мувофиқи қарори Президент «Дар бораи чораҳои самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти Вазорати экология, ҳифзи муҳити атроф ва тағйири иқлим» аз 31 майи соли 2023 лоиҳаи ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқие, ки танзим, бо маблағ таъмин сохтани коркарди партовҳои тиббӣ ва бунёди инфрасохтори замонавиро пешбинӣ мекунад, ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба ин намояндагони ширкати SAYAR LLC ба Бухоро омаданд. Онҳо бо ҷараёни коркарди партовҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббии вилоят шинос шуда, таклифу пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Ширкат лоиҳаи сармоявиро бобати коркарди ҳароратии партовҳои тиббӣ ва истеҳсоли энергияи гармӣ эълон намуд.
Аз ҳисоби коркарди ҳароратии партовҳои тиббӣ кам кардани ҳаҷми онҳо ва безарар сохтани моддаҳои кимёвие, ки дар партовҳо мавҷуданд, имконпазир мегардад. Ҳамзамон дар ҷараёни сӯзондани пар-товҳо имконияти ҳосил кардани энергияи муқобил пешбинӣ мешавад.

Зариф КОМИЛОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: