Нашри News18 ба маълумоти муассиси ширкати ePlane Сатя Чакраварти такя карда хабар медиҳад, ки пас аз 7-8 моҳ, воситаи нақлиёти паррони e200 нахустин парвози худро анҷом медиҳад.
– Мо аэротаксиро барои он ки он дар фазои маҳдуд фуруд омада, мисли бисёр объектҳои дигари фазои Ҳиндустон парвоз карда тавонад, ихчам истеҳсол намудем. Мо ният дорем, ки пеш аз қувват додан ба акумулятор якчанд маротиба масофаҳои кутоҳро тай кунем, — мегӯяд Чакраварти.
Роҳкирои таксии паррон метавонад назар ба нақлиёти роҳӣ ду баробар зиёд бошад.
Дар истеҳсоли аэротакси ширкатҳои Airbus, Intel, Lilium Aviation, Uber, стартапҳои Google - Zee.Aero ва Kitty Hawk ва стартапи Bartini, ки резиденти парки технологии «Сколково»-и Русия ба ҳисоб меравад, иштирок карданд.