БА ҚАДРИ ВАҚТ РАСЕМ

Инак чор сол аст, ки дар Самарқанд таҳсил мегирам.

Инак чор сол аст, ки дар Самарқанд таҳсил мегирам. Ҳоло соли охирини донишҷӯиям мебошад. Вақте ки дар курси аввал мехондам, падару модарам ҳамроҳ ба Самарқанд омада, барои иҷорашинии ман хонаеро ёфта, бо ҳамроҳу дӯстонам аз наздик шинос шуда, пас баргаштанд. Падарам дар хориҷа кор мекунанд. Ман аз аввали донишҷӯиям бо дили пур пулро беҳуда харҷ мекардам. Ба куҷое хоҳам мерафтам, чизе хоҳам мепӯшидам, мехӯрдам. Бо вуҷуди ҳамин азоби мусофириро кашидам. Ёди волидайну хешу ақрабо ва маҳаллаамонро мекардам. Аз соҳибони хонаву устодони донишгоҳ чеҳраву меҳрубонии модарамро, инсондӯстиву накӯкориҳои падару дигар хешу ақраборо меҷустам. Вале, афсус аз кам инсонҳо меҳру ёрӣ дидаму халос. Оҳиста-оҳиста азоби мусофириро дидам. Азобу машаққатҳои падарам ва дар замири он заҳматҳои тамоми  мусофиронро ҳис кардам. 
Аз охирҳои курси савуми донишҷӯиям ҳаракат кардам аз ягон ҷо кор ёфта, ба падару модарам кӯмак расонам. Мехостам ба волидайнам вазниниам наафтад. Зеро, баъди ман низ додару хоҳаронам ҳастанд, бояд онҳоро низ хононанд, соҳиби маълумот гардонанд. Хушбахтона, дар натиҷаи таълиму тарбияи устодонамон хатоҳои худро фаҳмидем, ба қадри волидонамон расидем. Халқи доноямон беҳуда «То мусофир нашавӣ, мусулмон намешавӣ» гуфтаанд. Ҳоло ҳар як дақиқаи умри худро барои босамар гузаронидан ҳаракат мекунам. Мехоҳам, ки дар оянда кадри болаёқат шуда, барои пешравӣ, рушду равнақи халқу Ватанамон хидмат кунам. Аз ин рӯ, ба ҷавононе, ки алҳол қадамҳои нахустини худро ба даргоҳи донишгоҳ гузоштаанд, гуфтан мехостам, ки вақти қиммати худро беҳуда нагузаронанд. Ба боварии волидон сазовор шаванду азобу машаққатҳои онҳоро қадр намоянд.
  
Хушбахт БОБЕКОВ, 
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: