Ҳиммат баланд дор... ТАШАББУСКОР ВА ҶАВОНМАРДИ АСИЛ

Кӯш, то халқро ба кор оӣ, То зи хулқат ҷаҳон биороӣ.

Кӯш, то халқро ба кор оӣ,
То зи хулқат ҷаҳон биороӣ.
Деҳаи бостонии Хуфари ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё аз қадимулайём бо бузургону фарзонафарзандонаш мақбули умум гардидааст.
Дар замони истиқлолият ва бахусус дар чанд соли охир таваҷҷӯҳи ҳукумат ва сиёсатмадорон ба ин деҳа афзуда, ободӣ ва пешравиҳои назаррас ба мардуми деҳа даст дод, ки некӯаҳволӣ ва ободиҳои тоза ба тоза ҳаёти мардумро пуртароват сохта, зиндагии эшонро мазмундор ва пурҷило менамояд. Аз файз ва нусрати истиқлолият ҳамарӯза як навгонӣ ва ободӣ дар рӯзгори сокинони деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиё ба амал мепайвандад, ки ин боиси сарфарозии ҳамагон мегардад. Дар ин замина сокинони деҳа манша аз офтоби тобони истиқлолият собитқадамона рӯй ба субҳи умед қадамҳои устувор доранд.
Ба наздикӣ аз тарафи ШС «Ӯзбектелеком» «Ӯзмобайл» дар деҳа манораи телефонии мобилӣ қомат рост намуд. Ин иқдом туҳфаи арзандае гардид дар соли ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар ба мардуми шарифи ин деҳаи бостонӣ.
Аз тарафи ходимони ширкати «Ӯзмобайл», ки дар ноҳия фаъолият доранд, тайи 5 рӯз ярмаркаи фурӯши кортҳои телефонии мобилӣ сурат гирифт, ки мардуми деҳа дар он маърака дастҷамъона иштирок намуданд. Аз тарафи сокинони деҳа зиёда аз 2000 нафар телефонҳои мобилии худро ба ин ширкати мобилӣ пайвастанд.
Ин иқдом сабаб шуда акнун сокинони деҳа аз шабакаҳои интернет ва почтаҳои электронӣ самаранок истифода мебаранд. Ростӣ, кас аз чунин навгониҳо фараҳманд гардида дар чунин Ватани гул-гулшукуфон зистану аз обу ҳавояш нафас гирифтанро бахти беадад беҳисобад. Дар ин лаҳзаҳо чунин сатрҳои шоир ёдамон меояд, ки хеле бамаврид гуфтааст:
Ба ин Ватан нигоҳи ошиқона мекунам,
Сару дилам фидои ин замона мекунам.
Муҳаббати самимии бародаронаро,
Ба ҳар қадам, ба ҳар нафас тарона мекунам.
Дар корҳои ободонӣ яке аз шахсиятҳои ташаббускор, ватандӯст ва инсонпарвар Шавкатулло Ғафуров саҳмгузор буда, тайи ду сол мешавад, ки ӯ раиси кумитаи маҳалларо бар ӯҳда дорад. Маҳз бо саъю кӯшиш ва хидмату заҳматҳои кашидааш дар деҳа як андоза ободиҳо, тозакориҳо рӯи кор омада, барои некӯаҳволии мардум замина муҳайё намудаанд. Мегӯянд, ки кору аъмоли ҳар як шахс ба дилу нияти ӯ вобастагӣ дорад. Шавкатулло аз қадамҳои аввалини дар мақомоти роҳбарӣ мондааш ба ободиву бунёдкорӣ сару кор гирифт.
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Шавкатулло Ғафуров 18 январи соли 1981 дар деҳаи Хуфар (гузари Тӯпхона) дар оилаи марди далер, ташкилотчӣ ва хоҷагидор Абдурауф Ғафуров ба дунё омадааст.
Хислатҳои далерӣ ва ташкилотчигиро ӯ аз қиблагоҳаш Абдурауф Ғафуров омӯхтааст. Ин накӯмард ҳамчун саркор ва хоҷагидор солҳои тӯлонӣ дар ин деҳа фаъолият намудааст.
Афсӯс, ки мо зиндабузургон нашиносем,
Он вақт шиносем, ки гӯем куҷо шуд?
Ш.Ғафуров аз бозе, ки ба вазифаи раиси кумитаи маҳалла таъин гардид, ҳамчун як фарзанди асили зодгоҳаш дар пайи ободӣ, созандагӣ ва некӯаҳволии мардуми зодгоҳаш камари ҳиммат баст. Дар бисёр ободиҳое, ки дар тайи ду соли охир дар деҳаи Хуфар ба амал пайваст, саҳми ин бузургмард назаррас аст.
Махсусан, ҷойи зикр аст, ки дар асфалтпӯш гардидани роҳи 18 километраи деҳа, таъмир ва азнавсозии масҷиди ҷомеъ ва ҳавзи калон, таъмини заминҳои чорво барои чорвои деҳа, таъмини оби нӯшокӣ, ривоҷи боғдорӣ, обод намудани қабристони деҳа ва дар он ҷо бино кардани масҷид, зиёратгоҳ, таҳоратхона ва овардани оби нӯшокӣ ба ин мавзеъ ҳиссаи худро гузоштааст. Дар ривоҷи соҳаи сайёҳӣ обод гардонидани зиёратгоҳҳои Хоҷаи Хаймадор (Хоҷаи Хамидор) ва Увайси Қаранӣ (Хоҷам Қара) ва як қатор ободиҳои назаррас рӯйи кор омаданд, ки бо ташаббуси ин марди наҷиб амалӣ шуданд. Роҳи байни деҳа низ васеъ карда шуда, таъмир гардид ва пулҳои оҳану бетонӣ қомат рост намуданд.
Пои ман бар сангкӯб аз хурдӣ одат кардааст,
Гар зи санги роҳ тарсам, аз кӯҳистон нестам.
Дар баробари ҳамаи ин ободиҳову пешравиҳо мавсуф ҳамчун шахси раиятпарвару инсондӯст ба мардуми камбизоату мӯҳтоҷ ёрии беғаразонаи худро дареғ надошта, дасти хайр дароз мекунад. Хусусан, дар ин давраи ҳассоси пандемия ӯ аз тарафи кумитаи маҳалла ва бо ҳамкорӣ бо тадбиркорони ватанӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакҳои башардӯстона намуд, ки ин амали неки ӯ аз ҷавонмардӣ ва олиҳимматиаш дарак медиҳанд. Беҷиз шоир чунин нагуфтааст:
Ҳиммат баланд дор, ки мардони некном,
Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.
Дар баробари кори давлативу роҳбарӣ ӯ ҳамчун деҳқони хоҷагидор соҳиби 3 гектар боғи обод буда, аз замин самаранок истифода мебарад. Ангуру себи шаҳдбори боғи ӯ кайҳо боз рӯйи дастархони ҳамватанонамонро зеб дода, даҳони мардумро лаззат бахшидааст. 
Ӯ ҳамчун як тан аз фидоии Ватан дар пайи омӯзишу болоравӣ аст. Шавкатулло дар айни замон донишҷӯи шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буда, пайваста дар пайи омӯзишу такмили донишу заковати худ мебошад.
Дар баробари ҳамаи ин ӯ чун падари мушфиқу ғамхор соҳиби 4 нафар фарзанд буда, дар таълиму тарбия ва тадриси онҳо хидмат ба харҷ медиҳад.
Мо ҳамдеҳагонаш умед бар он дорем, ки бо ташаббус ва хидматҳои шабонарӯзии ин ҷавонмарди асил як гӯшаи ватани азизамон обод гардида, пешравӣ ва бурдбориҳо ба мардуми ин сарзамин ёр мешавад. Бигзор, ин пешравию бурдбориҳо дастоварди хубе гардад барои аҳолии ин деҳаи биҳиштсо. Дар хотима бошад такя ба ин гуфтаҳои шоир намуда, ба Шавкатулло барори кор орзумандем:
Ман зодаи хоки воҳаи Сурхонам,
Бар хоки азизи Ӯзбекистон ҷонам.
Гар хоки Самарқанду Бухорои Шариф,
Чун сурма шавад, ба дидагонам молам.

Илҳом ХИДИРОВ, 
омӯзгори мактаби рақами 8, деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: