Дар Намангон ба соҳаи ҳамлу нақл ва коркарди партов сектори хусусӣ ҷалб карда хоҳад шуд.
Дар Намангон ба соҳаи ҳамлу нақл ва коркарди партов сектори хусусӣ ҷалб карда хоҳад шуд. Дар ин бора дар семинари ҷумҳуриявӣ, ки дар меҳмонхонаи «Ахсикент»-и маркази вилоят бахшида ба масъалаҳои такмили минбаъдаи системаи идоракунии фаъолият дар соҳаи коркарди партови маишӣ ва сохтмон гузашт, хабар дода шуд.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов, муовини раиси Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист Исломбек Боқиҷонов қайд карданд, ки қарори Президент «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи низоми идоракунии фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои маишӣ ва сохтмон» аз 29 сентябри соли 2020 омили муҳими ислоҳоти кулли ин соҳа мебошад.
Воқеан, дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим лоиҳаҳои шарикии давлатию хусусӣ ба низом ворид карда мешаванд. Намангон дар ин самт як навъ намуна хоҳад шуд. Аз ҷумла, масъалаи кӯчондани полигони партовҳо, ки аҳолии маҳаллиро ба ташвиш меорад ва сабаби бад шудани муҳити зист мегардад, баррасӣ хоҳад шуд.
Тибқи қарори роҳбари давлат бо мақсади баланд бардоштани ҷаззобии соҳа техникаҳои махсуси корхонаҳои давлатӣ ба соҳибкорон бо муҳлати 7 сол дода мешавад. Имрӯзҳо дар кишвар тақрибан 3 ҳазор адад техникаи махсус мавҷуд аст. Боз як имконияти дигари барои намояндагони тиҷорати хурд ин аст, ки қаламравҳои муайян пурра ба соҳибкорон вобаста карда мешаванд.
— Дар тамоми ҷаҳон бо идоракунии партовҳо бахши хусусӣ машғул аст, аммо дар мамлакати мо ин барои давлат бори изофӣ аст. Ҳоло мо буҷаи давлатиро барои соли оянда баррасӣ менамоем. Мо бо субъектҳои соҳибкорӣ шартнома имзо мекунем ва аз соли оянда маблағгузории давлатӣ қатъ карда мешавад. Соҳибкор тамоми таҷҳизоти заруриро худаш харидорӣ мекунад ва мо маблағҳои буҷаи худро дар ҳаҷми 14 миллиард сӯм ба рушди соҳаи тандурустӣ ва таълими халқ, таъмири роҳҳои дохилӣ ва ҳалли дигар мушкилоти мубрам равона хоҳем кард, — гуфт Шавкат Абдураззоқов.
Дар семинар байни ҳокимияти вилояти Намангон, раёсати вилоятии экология ва ҳифзи муҳити зист, инчунин ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Намангон мусаффо иқлим» созишнома дар бораи шарикии давлатию хусусӣ ба имзо расид.
Лоиҳаи шарикии давлатию хусусӣ оид ба ташкили кластери коркарди партовҳоро, ки шаҳри Намангон, ноҳияҳои Тӯрақӯрғон, Мингбулоқ ва Намангонро фаро мегирад, ҶММ «Намангон мусаффо иқлим» дар асоси тендер ба даст овард.
Тибқи созишнома шарики давлатӣ ба корхона бо муҳлатдиҳӣ ба 7 сол 74 воситаи нақлиёти автомобилии махсус, 2 полигони партовҳо бо шарти сармоягузорӣ барои ҷудокунӣ ва баровардани партовҳои маишӣ ва сохтмон, 36 нуқтаи ҷамъоварии партовҳои маишӣ ва 206 контейнер барои партовҳоро барои истифодаи ройгон ба муҳлати 10 сол пешниҳод менамояд.
Дар навбати худ роҳбари корхона Фахриддин Иброҳимов 7 миллиону 800 ҳазор доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Ин маблағҳо барои хариди 80 адад техникаи махсус барои интиқоли партовҳо, 2 адад таҷҳизоти ҷудокунӣ ва коркард, 150 контейнер барои партовҳо харҷ мегарданд. Инчунин 3 истгоҳи интиқоли партовҳо сохта мешаванд.
Дар натиҷаи татбиқи созишнома сатҳи фарогирии аҳолӣ бо хидматрасонии партовҳо ба 100 ва сатҳи коркарди партовҳо ба 38 фоиз мерасад. Муҳимаш, 796 ҷои корӣ фароҳам меояд.
Дар семинар дар бораи лоиҳаҳои солҳои 2020-2021 оид ба ташкили хизматрасониҳо оиди ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои маишӣ дар асоси шарикии давлатию хусусӣ баррасӣ шуданд. Қайд гардид, ки оид ба ҷорӣ намудани платформаи махсуси иттилоотии Интернет, ки ба онҳо шумо метавонед акс ва видео дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба партовҳои маишӣ ва сохтмонро ҷойгир кунед, чораҳо андешида мешаванд.
Муаррифии контейнерҳои зеризаминӣ барои партовҳо, инчунин таҷҳизот барои коркарди онҳо баргузор гардид. Масъулони шӯъбаҳои Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, сардорони шӯъбаҳои ҳудудӣ ва коршиносон бо корҳои амалии дар Намангон татбиқгардида шинос шуданд.
Оқилхон ДАДАБОЕВ,
мухбири ӮзА.