Садриддин АЙНӢ: «ҲАМА ЯКДИЛУ ЯКЗАБОН ШУДА, ЧАНГ БА ДОМАНИ РӮЗНОМА ЗАНЕМ...»

Оғози садаи ХХ яке аз муҳимтарин марҳалаҳо дар таърихи адабиёту фарҳанги тоҷикӣ маҳсуб мешавад, зеро дар ин давра равобити адабиву фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ба зуҳури наҳзатҳои тараққихоҳ заминаи мусоид гузошт.

Дар осори муҳаққиқон Ғаффор Ашӯров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Расул Ҳодизода, Маъруфи  Раҷабӣ, Пайванди Гулмурод, Абдухолиқи Набавӣ ва дигарон сифатҳои нисбатан наву тозаи охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ ҷӯстуҷӯ шуда, саҳифаҳои номаълуми  он варақгардон шудаанд. 
Наҳзати маорифпарварӣ дар ибтидои садаи бист ба дунёи маънавияту тафаккур бузургтарин уламо ва удабо чун устод С. Айнӣ, М. Беҳбудӣ, М. Сироҷ, М. Ҷалол, А. Мунзим, С. Ализода, С. Аҷзӣ, Ҳ. Муин, А. Фитрат ва чанди дигарро овард, ки ҳар яки онҳо фарзонагони даврон буданд. Ин чеҳраҳои барҷастаи маорифпарварӣ дар оғози садаи бист барои зуҳури матбуот ҳамчун падидаи тозаи адабӣ-фарҳангӣ заминаи мусоиде фароҳам оварданд. Аз омилҳое, ки ба пайдоиши матбуоти тоҷик таъсир расониданд, пеш аз ҳама воқеиятгароии матбуоти кишварҳои хориҷа буд, ки ба Осиёи Марказӣ низ мерасид ва ба маорифпарварони тоҷик дастрас гардида, онҳоро водор намуд, ки бо такя ба неруи тавонои худ дар таъсиси матбуоти миллӣ талош намоянд. Нақши рӯзнома ва маҷаллаҳои хориҷи кишвар дар рушду густариши афкори ислоҳотхоҳонаи неруҳои таҷаддудхоҳи Осиёи Миёна барҷаста буд. Нашрияҳои «Чеҳранамо» аз Коҳира, «Ҳабл-ул-матин» аз Калкутта, «Сироҷ-ул-ахбор» аз Кобул, «Сироти мустақим» аз Туркия, «Навбаҳор» аз Эрон бо ҳар роҳ ба Осиёи Миёна ворид мешуданд. Чунончӣ, аз ворид шудани маҷаллаи «Сироти мустақим» ба Бухоро устод С. Айнӣ ёдрас шуда мегӯяд: «Ба воситаи Абдураҳмон Саидӣ ба мутолиаи маҷмӯаи туркӣ «Сироти мустақим» муваффақ шудем, ки баъди инқилоб дар Туркия нашр мешуд. Ин як маҷмӯаи динӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва адабӣ буда, бо иштироки бузургтарин фозилони маркази хилофати Истанбул нашр мегардид. Дар ин маҷмӯа масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии инқилобӣ ба оят ва ҳадисҳо татбиқ шуда, баён меёфтанд, ки ин дар тафаккуроти мо тағйироти асосӣ ба амал меовард». 
Устод С. Айнӣ аз вуруди ин маҷаллаи бонуфузи динӣ-илмӣ ба Бухоро ба ҳайрат афтода, таъкид менамояд, ки онро Абдураҳмон аз писари дуюми Мирзо Муҳиддин, аз Мирзо Абдуқодир ҷавони 15-16 солаи мадрасанодида гирифта будааст. Тааҷҷуби худро устод  пинҳон накарда, баён менамояд, ки «аз Истанбул барин як ҷойи дур чунин як маҷмӯаи бо нақли оят ва ҳадисҳо таълифёфтаро оваронда мутолиа кардани як ҷавони мадрасанахонда барои мо барин талабаҳои мадраса боиси басо ҳайрат ва тааҷҷуб буд. Акнун мо ба ҳамватанони худ бо чашми дигар ва бо дили пурумед нигаҳ мекардагӣ шудем». 
Нуктаеро бояд қайд намуд, ки нақши устод С. Айнӣ дар тарғибу ташвиқи матбуоти тоҷик шоистаи таъкид аст, зеро маҳз ӯ дар ҳама давр новобаста аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар тарғиби матбуот саҳми муассир гузоштааст. Таъкиди устод С. Айнӣ, ки дар маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» омадааст, далел бар ин гуфтаҳо буда метавонад: «Ҳама якдилу якзабон шуда, чанг ба домани рӯзнома занем, яъне ҳеч фурсатро аз даст надода ба воситаи рӯзномаҷот фикри худро танвир ва маълумоти худро тавсеъ намоем» . 
Устод С. Айнӣ муҳим будани матбуот  ва мактабҳои усули ҷадидиро барои ҷомеа таъкид намуда, мегӯяд, ки «агар ҳукумат худ дар сари ислоҳ бошад ва аз ман суол кунад, ки барои ислоҳоти Бухоро чӣ кардан лозим аст? Мегӯям: Ду чиз: Мактаб! Ҷарида». 
Ҳамчунин маҷаллаи «Мулло Насриддин», рӯзномаи «Тарҷумон» аз Боғчасаройи Қрим, «Вақт» аз Оренбург, маҷаллаи «Шӯро» аз Уфа ва чанди дигар ба аморати Бухоро ворид мешуданд, ки дар вусъати андешаи мардум такон мебахшиданд. Бино ба шаҳодати  С. Айнӣ «ин газетаҳо ба Бухоро ҳам омаданд ва дар афкори умумии Бухоро низ ҷаҳише ба вуҷуд оварданд».
Бисёр иттифоқ меафтод, ки рӯзномаву ҷаридот муҷиби ихтилофу зиддияте байни ҳокимони давр ва аҳли завқ мегардид. Вале ба ин ҳама адибони равшангар, ки худ аллакай ҷойгоҳи муҳим доштани матбуотро дар ҷомеа дарк намуда буданд, баҳри бо ҳар роҳҳо ворид намудани рӯзномаҳои хориҷӣ ба кишвар талош менамуданд ва ҳамчунон бо назардошти шароит даст ба таъсиси нашрияҳои тоза мезананд. 
Воқеиятнигорӣ ва каломи муассири матбуот дар даҳаи аввали асри ХХ, пеш аз  ҳама, ҳокимон, амалдорон ва рӯҳониёнро барои бастани рӯзномаҳо водор мекард. Чунончи, фаъолияту интишори кӯтоҳмуддати баъзе аз рӯзномаҳои даҳаи аввали асри ХХ, «Тараққӣ» (1906,17 шумора), «Шуҳрат» (1907,10 шумора), «Хуршед» (1906, 11-шумора) ва маҷаллаи «Красное солнышко» (1909,1 шумора) далели ин гуфтаҳоянд. 
Маҷаллаи «Красное солнышко» нахустин маҷаллаи адабии сиёсие аст, ки дар шаҳри Хуҷанд моҳи январи соли 1909 дар ҳаҷми 36 саҳифа нашр гардид. Ин маҷалла пеш аз ҳама нашри осори адабӣ-бадеӣ, илмӣ, публитсистӣ ва бозгӯии умдатарин масоили мавҷудаи иҷтимоиро мавриди назар қарор медод, вале баъди нашри як шумора фаъолияти он боздошта шуд. 
Нахустин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» бо талошу ҷадали Мирзо Муҳиддин Мансуров, Мирзо Сироҷиддини Ҳаким баҳори (11-март) соли 1912 нашр гардид, ки асос ба матбуоти тоҷик гузошт. Аз нахустин шумора мушоҳида мешавад, ки аҳли эҷоди нашрия ҳадафи наҷиберо пайгирӣ намуда, таҷдиди ҷомеа ва ислоҳи мактабу мадорисро ҳадафи худ ба шумор меоварад. Тамоюли «Бухорои Шариф» – илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, фаннӣ, иқтисодӣ буда, маромаш тараққии бародарони ислом маҳсуб меёфт. Ба тазаккури равшангарон: «рӯзнома беҳтарин асбобе ҳаст дар нашр ва таълими маориф». 
Рушди матбуотро дар ҷомеа аҳли равшангарон талаб намуда, талош ба он доштанд, то ҳарчӣ зудтар шумораи рӯзномаҳо афзуда, ба рушди ҷомеаи солиму маънавибунёд мусоидат намояд. Рӯзномаро барои ҳар миллату қавм зарур шуморида муаллифи «Рӯзнома» мегӯяд:
«Ҷаридаи ҳар миллат забони гӯёи ҳамон миллат аст ва миллате, ки ҷарида надорад гӯё забон надорад».
Ин андешаи хешро Мирзо Сироҷ бо он тақвият медиҳад, ки имрӯз дар мамолики пешрафтаи Шарқу Fарб матбуот рушд намуда, дар ташаккул ва пешрафти афкори аҳли ҷомеа саҳми муассири хешро гузошта истодааст.
Дар боби мақом ва мартабаи рӯзнома зарурати он дар ҷомеа маводи ҷолибе нашр гардидааст, ки ин ҳамаро шарҳу эзоҳ медиҳад, рушди ногузири матбуотро талаб менамояд.
«Ойинаи ҷаҳоннамои ҳама халқи олам маълум аст, ки рӯзнома мебошад, рӯзнома чизест, ки ҳама мардумро аз зулмоти ҷаҳолат ва нодонӣ бароварда дохил ба рӯшноии илм ва ирфон месозад. Рӯзнома чизест, ки ҷумларо воқифи ҳоли ҳамдигар мекунад, агар моён имрӯз ҷароид хонем баъд мефаҳмем, ки зиндагонӣ ва маишати Аврупо чӣ гуна будааст». 
Мирзо Ҷалол ба мавзӯи вазифаи матбуот рӯй оварда, андешаҳои ҷолиби худро баён намудааст. Ӯ мегӯяд, ки «вазифаи рӯзнома иборат аз шарҳ ва баёни масоили омма аст. Рӯзноманависро ҳам лозим аст, ки ҳамеша назараш дар фаҳмондани масоили улуми аҳолӣ бошад... Вазифаи назифаи рӯзнома ва рӯзноманигорӣ ихтору ахбор ва ашъори салоҳи умум аст. Бояд манфиати шахси хосе ва хотири як нафари махсусеро муроот намуда, зарари ҷамъро нахоҳад.» аз умдатарин вазоифи рӯзнома ба шумор меравад. 
Мирзо Ҷалол чун сардабири нахустин нашрияи тоҷикӣ бо дарки зарурат ва моҳияти рӯзнома дар ҷомеаи он рӯз андешаву назарияи худро дар мавриди рӯзнома ва мақоми он дар рушди маънавиёту густариши ҷаҳонбинии омма баён намуда, чунин таъкид менамояд: 
«Рӯзнома аввалин (аз) давлатҳои муаззама аст. Муаззамтар аз рӯзнома дар олам ҳукмдоре ва давлату салтанате нест. Рӯзнома раҳнамои мулку ақвом ва давлатҳову ҳукмдорон аст». 
Яке аз фузалои машҳури он замон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ пас аз қатъи нашри нахустин нашрияи тоҷикӣ баҳори (апрел) соли 1913 нашри рӯзномаи дузабонаи «Самарқанд»-ро оғоз намуд. Ин нашрия чун минбари баёни афкору ғояҳои пешрав дар муддати кӯтоҳ миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард. Адибони маорифпарвар низ нашри ин рӯзномаро хуш истиқбол гирифтанд. Ин амр ба он вобаста буд, ки ин рӯзнома кору пайкори нахустин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф»-ро идома дода, чун нишон аз ҳастии миллат ва забони тоҷикӣ хидмат менамояд. 
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ин донишманди номвари тоҷик пас аз он ки нашрияи «Самарқанд» бо ҷурми хисорот ва зарари иқтисодӣ аз нашр боздошта шуд, бо дарёфти шароиту имконият ба нашри маҷаллаи бонуфузе оғоз намуд. Тобистони (20-август) соли 1913 нахустин шумораи маҷаллаи «Ойина» ба забонҳои форсӣ (тоҷикӣ) ва туркӣ нашр гашт. Ба гуфтаи ношир «Ойина» «маҷалла илмӣ, адабӣ, сиёсӣ, фаннӣ ва таърихӣ буда, он ахбори ҳафта, ҳаводиси тозаи ҷомеа ва оламро дар саҳифаҳояш мунъакис менамояд. Дарҷи навиштаҳои русӣ низ дар назар аст» ва ҳамчунон Беҳбудӣ, ба ҳамватанону ҳамзабононаш чунин хитоб кардааст:  «Маҷалла аз они мо нест, аз они миллат аст».  
Бояд гуфт, ки  устод С. Айнӣ дар  мавриди муҳим ва  зарурати матбуот дар  кишвар  ба  чунин хулосае омадааст: «Рӯзномаи ҳар қавм  ва миллат забони эшон  аст, қавми берӯзнома  гӯё ки забон надорад». 
Пас аз маҷаллаи «Ойина», маҷаллаи «Шӯълаи  инқилоб» ва баъдан рӯзномаи «Овози тоҷик»  нашр гардида, чун нишоне аз ҳастии миллат дар рушду ташаккули афкору ҷаҳонбинӣ ва вусъату густариши ниёзҳои маънавии ҷомеа хидмати арзандаеро анҷом доданд. 
Дар маҷмӯъ, матбуоти тоҷикии ибтидои садаи ХХ дар бозгӯии воқеияти  иҷтимоӣ- сиёсии Осиёи Марказӣ нақши босазо дошта, омӯзишу баррасии  амиқро аз аҳли илму адаб хоҳон аст. Матбуоти тоҷикии ибтидои садаи ХХ манбаи боэътимодест, баҳри омӯзиши афкори ахлоқӣ-сиёсӣ, иҷтимоии ҷомеаи он замон, аз ин лиҳоз омӯзиши матбуоти он замон аз аҳамият холӣ нест. 

Абдуқодири АБДУРАУФ, 
дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии
ДДХ ба номи академик Ғафуров.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: