АНДЕША МЕБОЯД ҲАМПЕШАГОН

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба озмуни ҷумҳурӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, ки моҳи майи соли равон байни хонандагони синфи 11 баргузор гардид, баҳсҳои зиёде рафта истодааст.

Ҳама гап аз эътирозҳои устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона Ҷумъаи Ҷамол («Зи кӯза он таровад, ҳарчӣ дар ӯст», «Овози тоҷик», № 41, 24 майи соли 2023), ки узви ҳайати ҳаками озмун буд, ибтидо гирифт. Ман ба баъзеи онҳо ҳамроҳ мешавам, аммо ба баъзе гуфтаҳояшон  муросо надорам. Дуруст аст, ки баъзе аз хонандагон дониши чуқур надоранд, вале на шогирди ман, ки ба иншояш дар қатори 5 нафар беҳтаринҳо баҳо гузоштанд. Аслан маҳз иншо донишу малакаву маҳорати хонандаро муайян мекунад. Тест гапи дигар аст. Яке бо сабру таҳаммул ҷавобҳоро ишора менамояд, дигаре тахмину таваккал, сеюмӣ саросема дасту по гум мекунад, бо ҳамин «кораш тамом». Муаллифи мақола афсӯс хӯрдаанд, ки «ба ҷойи хонандагони соҳибиқтидор хонандагони нолоиқро бо кадом роҳҳое кашола карда овардаанд». Дар асл ин тавр нест, вазъи  тадриси фанни забони тоҷикӣ ва адабиёти мо костааст. Сабаб ин, ки 15-20 сол қабл аз ин барномаи таълимии соатҳои дарсии синфи 5 ҳафтае аз 9 соат иборат буд, ҳоло ҳамагӣ 4 соатро ташкил мекунад. Аз рӯи ҳафтае 1 соатӣ дар давоми соли таҳсил 34 соати дарсӣ ташкил гардад, пас хонандаи имрӯза нисбат ба хонандаи қаблӣ ҳафтае 5 соат, дар давоми соли таҳсил ба миқдори 5х34=170 соат фанни забону адабиёти худро кам меомӯзад. Дар синфи 6 ҳафтае 3, синфи 7 – 2, синфи 8 – 2, синфи 9 – 2, синфи 10 – 2, синфи 11 – 2 соат. Умумӣ карда гирем, иштирокчиёни озмун нисбат ба пешинаҳо камаш дар атрофи 450-500 соат кам дарсҳои забони модарӣ ва адабиёти тоҷикро омӯхтаанд. Ғайр аз ин, хонандагони собиқ ҳафтае 3-4 соат забони русӣ меомӯхтанд, ки агар падеж ва баъзе қоидаҳояшро сарфи назар кунем, айнан тарҷимаи русии ҳамин сарфу наҳви тоҷикӣ буд, зеро имлои имрӯзаи мо дар асоси имлои он тартиб дода шудааст ва он барои мустаҳкам гардидани дониши хонанда ёрӣ мерасонд. Ҷиҳати аламовари дигараш ин, ки бисёре аз хонандагони аълохони синфҳои болоӣ ба хотири он, ки дар оянда ба донишгоҳҳои тиббӣ, иқтисодӣ, техникӣ (ғайр аз педагогӣ) дохил шаванд, мактаби азизи худро маҷбуран тарк намуда, ба мактабҳои ӯзбекӣ ё коллеҷу литсейҳо мераванд. Ҳамин тариқ, дар «ғалбер» ононе мемонанд, ки ҳакамони муҳтарам ба ҳолашон сӯхтаанд. 
Сабаби дигари то зинаи 4-ум расидани ин хонандагон он аст, ки соли гузашта низоми озмун нав шуд. Солҳои қаблӣ иштирокчии озмун аз зинаи 1 (мактабӣ) то зинаи ҷумҳурӣ агар дар ҳар яки он ба зиёда аз 75 хол соҳиб мегардид, ба даври навбатӣ роҳхат мегирифт. Ҳоло се нафар беҳтарин, ки ақаллан 36, 35, 33 холро соҳиб мешаванд, ба зинаи навбатӣ мегузаранд.
Биёед се нафаре, ки ғолиб гаштанд, таҳлил намоем. Иншои танҳо як нафар хуб буд. Беҳтаринҳо чаро ақаллан 95 ё 90 холро соҳиб нагаштанд, ҳол он ки аз фанни таърих 4 нафар 100 холро соҳиб гаштанду аксари хонандагони мо ба холҳои аз 50 кам қаноат намуданд?!
Сабабашро баён кардам. Ҳоло дар аксари мактабҳои тоҷикӣ аҳвол ҳамин. 
Банда дар берун тавассути гурӯҳи телеграм иншои тозанависи 10 нафари иштирокдорро санҷидам. Вақте ки хонандагон холҳои иншояшонро фаҳмида баромаданд, маълум шуд, ки баҳоҳо нодуруст, яъне баланд гузошта шудаанд. Аз ин рӯ хостам ба дарун даромада, бо иншои шогирдам шинос шавам. Ходими корҳои дохилӣ ва дигар масъулон: «Ба дарун даромадан мумкин не» гуфта иҷозат надоданд. Ҳол он ки мувофиқи низоми озмун ягона шахсе, ки кори иштирокчиро диданаш мумкин аст, ин омӯзгори фан маҳсуб меёбад. 
Хуллас, ба дарун ҳам даромадам. Он ҷо кӣ ҳакаму кӣ узви комиссияи апеллятсионӣ маълум набуд. Ба ман гӯшакӣ карданд, ки ба иншоҳо холҳои баланд мондаанд. Ман пиндоштам, ки ин ба хотири паст нагаштани холҳои гурӯҳи тоҷикӣ ё аз саховатмандӣ аст, вале на ба ҳама, аз ҷумла на ба шогирди  ман. Ана ҳамин яке аз хатои калони онҳо буд. Ин ҷо мавриди саховат набуд. Вақте ман гуфтам, ки чӣ хел шумо тавонистед, ки дар муддати кӯтоҳ тамоми иншоҳоро санҷед, яке аз ҳакамон ҷавоб дод, ки аз сабаби бисёр будани онҳо ҳар кас яктоӣ санҷидем. Ин ҷо низ ба хатои маҳз роҳ додаанд. Ҳол он ки ҳар як иншо мебоист аз назари ҳар яке аз ҳакам мегузашт ва бо маслиҳат баҳои одилона гузошта мешуд.
Гуфтаниам, ки ҷои он ки ба ҳоли шогирдон хандида шавад, пайи илоҷи дарди онҳо шавем. Аз даст ояд, соатҳои дарсии барномаи таълимиро баргардонем, якҷоя бо волидайни хонандагон ба вазорату идораҳои дахлдор муроҷиат намуда, ақаллан имтиҳоноти дохилшавиро дар донишгоҳҳо ба забони тоҷикӣ  ба роҳ мононем. Он гоҳ ҳолати фанҳои забону адабиёти тоҷик ва умуман, вазъи забони миллати мо хубтар хоҳад шуд.

Бахтиёр ХОЛОВ,
омӯзгори мактаби рақами 21-уми ноҳияи Нурато, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: