ШАҲРБОНУ

Шаҳрбону аз шоираҳои соҳибистеъдоди даврони истиқлоли Ӯзбекистон аст.

Ӯ соли 1974 дар шаҳри Тошканд дар оилаи доктори фанҳои меъморӣ, олими соҳибсухан, муаллифи чандин осори илмиву бадеӣ, профессор Додо Нозилов таваллуд шудааст. Соли 1996 факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм намуда, солиёни зиёд дар соҳаи матбуоти ҷумҳурӣ — рӯзномаву маҷаллаҳо ифои вазифа дошт. 
То имрӯз маҷмуаҳои шеърии ӯ таҳти унвонҳои «Пайроҳаи шинос» , «Абадият дар лаҳза», «Рангинкамони эҳсос», «Диёри дарахтони сарсабз» ва «Сурудҳои шамол» чоп шудаанд. 
Шаҳрбону узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон мебошад.

 

ШАҲРБОНУ 

ХОНАИ АЗИЗ

Ин хонаи падарам,
Модарам зияд ин ҷо.
Мекашад меҳри он дил,
Оварад ҷазби он по.

Бо як пуштора алам,
Бо як тубра ғамҳоям.
Аз нола гӯши фалак
Кар карда ин ҷо оям.

Дар ин хонаи дилкаш,
Дар ин коху ин сарой.
Навозад маро падар,
Модарам дам кунад чой.

Ин ҷо орому сокин,
Дар он ҳама ғам ночиз.
Ин хона мудом ин сон,
Ин хона умре азиз.

Дар ҳар ҳолу ҳар авзоъ,
Вай ба ҷаннат монанд аст.
Хонаи падарам он,
Дар ин ҷо модарам ҳаст...

ҚОНУНИ ҲАЁТ

Гоҳ аз падар андешам,
Гоҳе зи модари ҷон.
Гаҳ ёдам банди фарзанд,
Чун шавам қисмат як сон?

Гиряд писар, гиряд дил,
Нолад ӯ, нолад ҷонам.
Ин қадар бераҳм ин умр,
Сӯзад ин қадар онам!
Падарам ҳоло бардам,
Бо кулли ранҷу дардаш.
Боре кай кардаам фикр,
Аз ӯву ранги зардаш?

Ҳоли модарам маълум,
Ӯро кӣ пурсад алъон?
Қалбам чу санги беҳис,
Чашмам аз ӯ гурезон.

Гӯям: – Нури зиндагӣ
Фарзандамро – гавҳарам...
Кай дарди модар пурсам?..
Кай ғами падар хурам?...

ҚӮРҒОНИ СИНТОБ

Андар бари кӯҳҳои сар дар фалак аст,
Кӯчанд шамолҳош бехонаву хоб.
Дар рӯшании ҳазорҳо шамъи мунир,
Бо шир шабона шӯяд онро маҳтоб.

Бедор зиёда чашми муштоқ ин ҷо,
Аз қаъри ҳазор сол моро нигарон.
Сар мекашад аз равону ҷонам шеван,
Аз пайраҳа ҷуста нақши пойи падарон.

Ку чангу куҷо шиҳаи аспон, акнун,
Дар кӯзаи духтарон нахандад хуршед.
Бекас ҳама кулбаҳои сангинаш низ,
Фарёд аз ин ҳол кунам тунду шадид.

Озод сари харобаҳо мечарханд,
Бозон ҳама бо болу пари боз, башаст.
Хуне, ки ба шарёни уқобаш ҷорист,
Пиндорӣ, яқин хуни ниёгони ман аст?!

Бо ашки ба чашму мижжагон яхбаста,
Бо ҷӯши ғурури қалб хомӯшу ниҳон.
Ёзед ба чархи дуру беохир даст:
– То бод паноҳ Қӯрғонаш ҳар он...

Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи ПАЙМОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: