БОЗ ЯК МУАССИСАИ НАВ ДАР ГУЛИСТОН

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Таҷрибакори ноҳияи Гулистон муассисаи нави таълими томактабии давлатии рақами 5 ба истифода супурда шуд.

Ин бинои замонавӣ, ки дорои воситаҳои таълиму тарбияи талаби имрӯза аст,  зиёда аз 180 нафар наврасро дар бар гирифта метавонад. Он аз ҷониби бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қурулиш инвест» бунёд гардид. Барои маскани мазкур 2 миллиарду 226 миллион сӯм маблағ харҷ шуд. 
Дар маскани тарбия шабакаи санитарию гигиенӣ, нуқтаи тиббӣ, хонаҳо мувофиқи синну сол, толори мусиқӣ, шоҳмот, шашка, хонаҳои забонҳои хориҷӣ, ошхона, айвончаҳои тобистона, майдончаҳои бозӣ барин қулаиҳо бобати истироҳат ва илмомӯзӣ дар хидмати наврасон  аст. Мураббиҳои бомалака аз усулҳои интерфаъол истифода намуда, машғулот барои гурӯҳҳои хурдсол дар доираи Барномаи давлатии таълимии «Қадами аввал» гузаронида мешавад ва он ба ташаккул додани ҳаёти солими тарбиягирандагон, боло бардоштани салоҳияти зеҳнии онҳо нигаронида шудааст. Дар он кӯдакон бо кумаки мураббиён расм кашидан, ҳар гуна нақшҳо офаридан, дар бораи хосиятҳои фоидабахши меваву сабзавот маълумот мегиранд. Ҳамчунин нутқ ва саводи кӯдакон, донишҳои ибтидоии математикӣ, қобилияти эҷодии онҳо аз санҷиш гузаронида мешавад. 
Дар маросими тантанавӣ ҳокими ноҳияи Гулистон Ӯлмасҷон Мамадаминов иштирок намуд ва бо шароиту имкониятҳои муассиса шинос шуд. Ҳоким дар баромади худ ҳозиронро ба муносибати ба истифода супурдани муассисаи нави таълими томактабӣ муборакбод кард.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: