Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 декабр мушовири худ оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, идоракунии босамар ва ҳамкории байналхалқӣ Сума Чакрабортиро қабул кард.
Натиҷаҳои бадастомада ва нақшаҳои оянда дар доираи ислоҳоти иқтисодӣ ва идоракунӣ дар мамлакатамон баррасӣ гардиданд.
Роҳбари давлат дар бораи бозсозиҳое, ки аз рӯи тамоми самтҳои асосӣ татбиқ мегарданд, ҳарф зада, аҳамияти идома додани корро бобати такомул ва таъмини рақобатбардории соҳаҳои бартариноки иқтисодӣ, дар соҳаҳои трансформатсияи идоракунии давлатӣ, рақамисозӣ ва ҷолибияти сармоягузорӣ таъкид кард.
Сума Чакраборти чорабиниҳои босамари Ӯзбекистонро дар шароити вазъияти мураккаб дар иқтисодиёти ҷаҳон, ки динамикаи ислоҳоти иқтисодиро дар мамлакат таъмин менамояд, таъкид намуда, кӯшишро дар бобати идома додани амали муштарак дар ин самт дар марҳалаи нав дастгирӣ кард.
Зимни вохӯрӣ инчунин дигар самтҳои мавзӯи рӯз баррасӣ гардиданд.