КИТОБ – САҲИФАИ РАНГИН ДАР КИТОБИ ТАБИАТ

Китоб яке аз калонтарин ноҳияҳо дар вилояти Қашқадарё буда, дар он наздик 180 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд.

Китоб яке аз калонтарин ноҳияҳо дар вилояти Қашқадарё буда, дар он наздик 180 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд. Аксарияти томи аҳолиро ӯзбекон ва тоҷикон ташкил менамоянд. 
Қисми асосии ноҳия – кӯҳсор, қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон, ки ба шукӯҳи Китоб меафзоянд, дар 4 ҳазор метр баландӣ аз сатҳи баҳр доман густурдаанд. Тавассути ағбаи Тахтақароча то 1800 метр баландӣ баромадан мумкин.
Шохобҳои дарёи Қашқадарё – Кичикҷар, Оқсув, Ҷиннидарё ва Оқдарё аз ҳудуди ноҳияи Китоб мегузаранд. Гург, рӯбоҳ, архар барин ҳайвоноти ваҳшӣ, ки дар ҷойҳои дигар камшумор шудаанд, ҳанӯз дар кӯҳпояҳои ҷангалпӯши Китоб зиёд ба назар мерасанд. Ноҳия 1,75 ҳазор км2 масоҳат дошта, ҷануби ҷумҳуриро бо вилоятҳои шимолӣ мепайвандад.
Насли наврас дар 90 дабистони таълими умумӣ ва 2 литсейи академӣ ба асосҳои илми замонавӣ мусаллаҳ мешавад. Дар 2 коллеҷи касбу ҳунар барои омӯхтани асрори касб ҳамаи шароит мавҷуд. Барои истироҳати мадании аҳолӣ дар 15 деҳа клубҳои равшаннамоӣ ва барои ҳамнафасӣ бо «фурӯғи субҳи доноӣ» 53 китобхона дари худ боз кардааст. Музейи шуҳрат воқеъ дар шаҳри Китоб аз таърихи пуршаън, дирӯз ва имрӯзи ноҳияе, ки бо ҷиҳатҳои ба худ хос дар ҷумҳурӣ машҳур аст, ҳикоят менамояд. Экспонатҳои он торафт меафзоянд. Якчанд фарзанди фарзонаи ин гӯша дар равнақи илму фан хидмати сазовор кардаанд. Дар музей барои ҳар кадоми онҳо стенд ва гӯшаҳо ташкил карда шудааст. Яке аз донишмандони маъруфи тоҷик, академик Абдулғанӣ Мирзоев, минҷумла, зода ва парвардаи ноҳияи Китоб мебошад.
Дар ноҳия 12 ҷамъомади шаҳрвандии маҳалла мавҷуд. Раиси ҷамъомади шаҳрвандии «Башир» Б.Сафаров мегӯяд, агар «дар мо саросар инсонҳои заҳматкаш, ободгар, хуштадбир ва осудаҳол зиндагӣ мекунанд», гӯем, шояд муболиға нашавад. Ҳар ҷони зинда дар ҷунбуҷӯл, ба онҳое, ки хоҳиши кор кардан доранд, кор ёфт мешавад. Аҳолӣ асосан ба деҳқонӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул бошад ҳам, дар шароити деҳот то андозае ривоҷ ёфта истодани саноатро ҳам баръало пай бурдан мумкин. Ҳар оила худро бо шуғле банд кардааст, соҳибкории оилавӣ натиҷаҳои дилхоҳ мебахшад. Аз гармхонаҳо самаранок истифода мебаранд, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, айни замон, соҳаҳои сердаромад. Анорҳое, ки дар ин ҷо пухта мерасанд, аҷаб шираву шарбат доранд. Хуллас, ҳар кас аз имконияти худро банд кардан ва хуб зиндагӣ намудан истифода мебарад.
Давлати мо дар роҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пуштбонии аҳолии ночор чораҳо мебинад. Аз инҳисороти камбағалӣ баровардан яке аз самтҳои сиёсати давлатист. Дар шароити пандемия барои онҳое, ки дар «дафтари оҳанин»анд, маблағҳои муайян ҷудо карда шуд. Дар мо як муаммо ҳаст, мегӯяд бо табассум Б.Сафаров, он ҳам бошад муайян кардани одами ночор. Ростӣ, ба кӣ ҷудо кардану додани кӯмакпулиро надониста, гоҳо саргаранг мешавем...
Ба фаъолият оғоз намудани ҷамъияти саҳҳомии «Китоб ип йигирув корхонаси» вақти зиёд нагузаштааст. Вале калобаҳое, ки ин ҷо омода мешаванд, бо хушсифатии худ маълум ва машҳур. Корхона ба ҳудуди сектори чаҳорум тобеъ буда, қувваи кориро асосан ҷавонони деҳот ташкил менамоянд. Кор дар се баст ташкил ва 112 нафар бо шуғл фаро гирифта шудаанд. «Агробанк»-и ноҳия барои васеъ сохтани ҳаҷми истеҳсолот ва модернизатсияи коргоҳ 15 млн. евро ҷудо намуд. Моҳи октябри соли равон навсозиҳо дар ин ҷо ба поён расида ва барои ташкил кардани боз 360 ҷойи корӣ имконият фароҳам меояд. Сайёҳӣ низ яке аз со-ҳаҳои сердаромад буда, манзараҳои диловези кӯҳ-сор, кӯл ва чашмасорҳо, қадамҷоҳои бузургон ва масканҳои муқаддас, ки ба зиёратгоҳ табдил ёфтаанд, эътибори сайёҳон ва зоирони дохилию хориҷиро ба худ мекашанд.
Мавзеъҳои кӯҳӣ дар но-ҳияи Китоб воқеан саҳифаи рангин дар китоби табиати фусункор мебошанд, мегӯянд онҳое, ки аз гӯшаҳои зебои ин қаламрав дидан кардаанд. Хусусан, баҳор ва тобистони Китоб таровати дигар дорад. Дар ҳар қадами кӯҳпораҳо як чашмасори хурӯшон. Ба қуллаҳо баромада, атрофро назорат кардан, гулдурросзанон фуромадани шаршараҳо гӯш андохтан, аз ҳавои мусаффо чуқур-чуқур нафас кашида, кӯфтагӣ баровардан аҷаб гуворост.
Аз баландиҳо гӯё об не, шир мефурояд кафкҳои сафед ба ҳар сӯ пош дода ва аз гирду атроф ғуборҳо шуста.
Об – манбаи ҳаёт. Дар баландии Ниёзтеппаи ноҳияи Китоб бошад, чашмасорҳо мисле шоҳрагҳои табиати зинда, ки виқору худнамоиҳо дорад. Обшору ҷӯйборҳое, ки аз баландиҳо фуромадаву ба дашту саҳро пайвастаанд, ба майдонҳои ташналаб ҷон ато менамоянд. Дар фарози Ниёзтеппа мақбараи Саид Аҳмад Башир мавҷуд аст. Барои зиёрат кардани ин маскани муборак лозим меояд тавассути зинаҳои ҳархелаи табиӣ ба баландиҳо бароӣ ва арақи ҷабин резӣ. Вале чун ба ҷойи лозимӣ баромадед, хастагӣ зуд рафъ шуда, нафаси сабук мекашед. Ба атроф ҳавасангез менигаред: воҳаи хушманзар, ки сарҳадҳояш то дуриҳои дур доман густурдааст. Чунин ба назар метобад уфуқ боз ҳам васеътар шуда, гирду атроф виқору азамати дигар касб намудааст. Воқеан паҳноварии Ватани азизро дигарбора ҳис менамоед. Ҳазрати Башир кӣ буд?
Ҳазрати Султон Саид Аҳмади Башир (1368-1464) яке аз чеҳраҳои намоён дар олами ислом буда, ёдгории ӯ дар ҷойи зикршуда аз объектҳои динист, ки эътибори хориҷиёнро низ ба худ мекашад. Дар китоби «Таърихи ҳазрати Башир» оиди зиндагии ӯ фактҳои ҷолиб ҷо гирифтааст. Тавре дар он қайд мешавад, Аҳмади Башир ҳамзамони Мирзо Улуғбек буда, аз ин шоҳ ва мунаҷҷими бузург марҳамат ва меҳрубонии зиёд дидааст. Алӣ Қушчӣ низ ба Аҳмади Башири чун валӣ шуҳратёфта ихлоси калон дошт. Вай ҳатто аз Самарқанд ба Китоб омада, дар кӯҳпояҳои он чанд муддат зист ва ба ҳазрати Башир хидмат намуд.
Падари ҳазрати Башир – Хоҷа Ҳасан ва модараш Малоҳатбону умри тӯлонӣ дидаанд. Солҳои зиёд фарзанд умедвор шуданд ва дар дами пирӣ, ниҳоят, писардор гаштанд ва ба тифл Саид Аҳмад ном гузоштанд. Аммо аз пистони модар шир наомад. Вай тифлро бардошта ба баландие баромад ва лаби чашмасоре нишаст. Ва аз қаър гӯё об не, шири сап-сафед дамида баромад ва ба тифл ҳаёт бахшид.
Чашмасоре, ки замонҳое ба тифли хислатнок, ки баъдтар чун валӣ шуҳратёр гаштааст, оби ҳаёт бахшид, ҳоло ҳам мавҷуд. Оби соф ва сап-сафеди он шири модарро ба хотир меорад. Барои зиёрати чашмаи мӯъҷизаомез ва дидан кардан аз ёдгории воқеъ дар Ниёзтеппа, ки ба номи Саид Аҳмади Башир мутааллиқ аст, аз Миср то Муғулистон сайёҳон меоянд. Онҳое низ меоянд, ки ба дину оинҳои дигар мегараванд.
Эҳтимол бо назардошти он ки ҳазрат бе шири модар устухон шах кард, Бешир низ ном мебаранд он зоти муборакро.

М.ШОДИЕВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: