ГУЛ ВА ПУЛ

Журналистон ва ходимони ВАО соле як маротиба иди касбии хешро таҷлил менамоянд.

Ба хотири он, ки ҳар як ҳодисаву воқеа аз назари эшон пинҳон намемонад, ба қавли шоири ширинкалом Лоиқ:
Кишти деҳқон чу сар 
кашад аз хок,
Сар кашад кишти 
муддаои ту ҳам,
Хӯшаҳо ҳар замон, 
ки дон банданд,
Хӯша бандад мақолаҳои 
ту ҳам,
Ба муносибати ид масъулони ҳокимият хони идона  меороянду ҳадяҳо ҳам медиҳанд.
Банда низ дар ин росто беш аз бист сол аст, ки қадам мезанам ва қалам мекашам.
Бори аввал, ҳангоме ки дар донишгоҳ таҳсил мекардам, ёвари садри факулта мо – чор нафарро ба як маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бурд. Аз ҷониби кадом як бунёди соҳаи журналистика ба чанд  рӯзноманигор ва чор нафари мо миқдор пул тӯҳфа доданд.
Пас аз он бо тӯҳфа қадркунии ҳампешагонро дар иди касбии ходимони ВАО медидам. Чанде аз ин маросимҳо дар шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё баргузор гардиданд ва банда ҳам дар онҳо ширкат ҷустаам. Зеро он солҳо дар ин вилоят ба сифати хабарнигори рӯзнома фаъолият доштам. Сипас бо ҳидояти рафиқе боз дубора ба Ҷиззах омадам. Як-ду соли аввали омаданам, ба ман ҳам дар қатори ҳамкасбон туҳфаҳо доданд. Боре яке аз муовинони ҳоким вақте туҳфаҳо  месупорид, дар паҳлӯи вай гулдухтарон гулдаста дар даст ба ҳар як нафари туҳфагиранда гул медоданд. Туҳфа бисёр буд, вале гул намонд...
Бе гул туҳфаи гирифтаам гӯё қадру қимате надошт. Пас аз як сол боз ҳамон манзара, маросими туҳфасупорӣ. Ин дафъа аз гулу гулдастаҳои зебо оросташудаи сафеду сурх чашм намекандам. Ба саҳна баромадан замон аввал  гулро гирифтан мехостам. Ба назарам чунин метофт, ки гул аз пул волотар аст. Ҳамин тавр ҳам шуд. Он солу боз як соли дигар гулҳои туҳфагирифтаамро ба хоҳарону ҷиянонам, ки дар шаҳр ба сар мебурданд, раҳораҳ бурда додам.
Дарвоқеъ, агар амиқтар назар афканем, гул рамзи дӯстиву рафоқат, садоқату муҳаббат аст.
Иди касбии журналистон ба кулли ҳампешагон фархунда бод!

Анорбойи ШОДИПУР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: