Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ҶАЛБИ ВАСЕИ АҲОЛӢ БА ТИҶОРАТИ ХУРД ВА МИЁНА

Ба мақсади ҷорӣ намудани низоми ягонаи дастгирии молиявии тиҷорати хурд ва миёна, аз ҷумла кумак бобати дар аҳолӣ ташаккул додани навгониҳои соҳибкорӣ, бо маблағ таъмин сохтани ташаббусҳои тиҷоратӣ ва татбиқ кардани лоиҳаҳо:
1. Инҳо самтҳои бартариноки васеъ ҷалб намудани аҳолӣ ба тиҷорати хурд ва миёна муайян карда шаванд:
ҷорӣ намудани низоми дастгирии молиявӣ ва машваратии ташаббусҳои тиҷоратии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ аз тариқи омӯхтан, ҳамчунин созмон додани шароитҳо, дар пояи силсилаи «соҳибкори оилавӣ – тиҷорати кӯчак – тиҷорати хурд – тиҷорати миёна», ки барои вусъат додани фаъолияти онҳо заруранд;
дастгирӣ кардани лои-ҳаҳои тиҷорати хурд ва миёна дар асоси низоми ягонаи молиявӣ, ки аз  бонки саҳҳомии тиҷоратии «Бонки рушди тиҷорат», ҷамъияти саҳҳомии «Ширкат оид ба рушди соҳибкорӣ» ва дигар бонкҳои тиҷоратӣ – шарикон иборат аст, дар доираи барномаҳои давлатӣ;
татбиқ намудани омӯзиши соҳибкорон, бо маблағ таъмин сохтани лоиҳаҳои тиҷорати хурд ва миёна, ҳамчунин назорати мунтазам дар тамоми давраҳои ҷараёни тиҷоратӣ дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маркази кумак ба тиҷорати хурд» ва ҷамъияти саҳҳомии «Ширкат оид ба рушди соҳибкорӣ», ҳамчунин дар платформаҳои электронӣ дар самти соҳибкории мақомоти ваколатдор ва бонкҳои тиҷоратӣ (минбаъд – платформаи электронӣ).
2. Инҳо ҳадафҳои асосии мақсадноки фаъолияти бонки саҳҳомии тиҷоратии «Бонки рушди тиҷорат» ва «Ширкати оид ба рушди соҳибкорӣ» барои солҳои 2024-2026 муайян карда шаванд:
а) бинобар бонки саҳҳомии тиҷоратии «Бонки рушди тиҷорат»:
дар маҷмӯи вомӣ аз 28 то ба 43 фоиз расондани саҳм аз тариқи 1,7 баробар зиёд кардани боқимондаи вомҳое, ки ба субъектҳои соҳибкории хурд ҷудо карда мешаванд;
ҷалби захираи идораҳои байналхалқии молиявӣ ва созмонҳои молиявии ҳукуматҳои хориҷӣ дар ҳаҷми то 800 миллион доллари ИМА барои бо маблағ таъмин сохтани лоиҳаҳои хурди тиҷоратӣ;
ба муомила баровардани облигатсияҳо (евробондҳо) барои бозорҳои байналхалқии сармоявӣ дар ҳаҷми 300 миллион доллари ИМА;
ба роҳ мондан ва вусъат додани фаъолияти 150 ҳазор субъекти соҳибкории хурд;
б) бинобар ҷамъияти саҳҳомии «Ширкат оид ба рушди соҳибкорӣ»:
аз 8 триллион сӯм то ба 14 триллион сӯм зиёд кардани ҳаҷми хидматҳои молиявие, ки ба субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна расонда мешаванд;
дар 150 корхонаи тиҷорати миёна ворид кардани саҳмия ва дар асоси хидматҳои ипотекӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ татбиқ намудани 300 лоиҳа;
2,5 баробар зиёд кардани миқдори субъектҳои соҳибкории миёна;
ба муомила ворид намудани облигатсияҳо (евробондҳо) барои бозорҳои байналхалқии сармоявӣ дар ҳаҷми 300 миллион доллари ИМА.
3. Инҳо таъсис дода шаванд:
Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба васеъ ҷалб намудани аҳолӣ ба тиҷорати хурд ва миёна (минбаъд – Комиссияи ҷумҳуриявӣ) дар ҳайати мувофиқи замимаи №1;
комиссияҳои ҳудудӣ оид ба ҷалби васеи аҳолӣ ба тиҷорати хурд ва миёна дар ҳайати умумӣ мувофиқи замимаи №2.
4. Ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ (Қӯчқоров) супурда шавад, ки то 15 декабри соли 2023 инҳоро тасдиқ намояд:
нишондиҳандаҳои мақсадноки ба тиҷорат ҷалб сохтани 2 миллион шаҳрванд дар соли 2024-ум дар қисмати минтақаҳо ва самти барномаҳои давлатӣ;
чораҳои мушаххас (ҷадвали шабакавӣ) оид ба дастоварди нишондиҳандаҳои асосии мақсадноки фаъолияти бонки саҳҳомии тиҷоратии «Бонки рушди тиҷорат» ва ҷамъияти саҳҳомии «Ширкат оид ба рушди соҳибкорӣ».
Вазифаи татбиқ сохтани самтҳои бартариноки ҷалби васеи аҳолӣ ба тиҷорати хурд ва миёна, ҳамчунин муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мақсаднок ба зиммаи муовини аввали вазири иқтисодиёт ва молия И. И. Норқулов, муовини раиси Бонки марказӣ А. А. Турдалиев ва аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ, ки ба дӯши онҳост, гузошта шавад.

Ба аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ барои аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ бо сафар ба ҳар кадом ноҳия ва шаҳре, ки ба онҳо вобаста карда шудаанд, машваратҳои таълимӣ ташкил кунанд.
5. Ба Бунёди таҷдид ва тараққиёт (Вафоев) супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ ба бонки саҳҳомии тиҷоратии «Бонки рушди тиҷорат» барои бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи Барномаи маҷмӯии дастгирии муттасили тиҷорати хурд 300 миллион доллари ИМА, аз ҷумла:
75 миллион доллари ИМА – барои зиёд кардани сармояи оинномавии бонки саҳҳомии тиҷоратии «Бонки рушди тиҷорат»;
225 миллион доллари ИМА – ба сифати қарзи субординарӣ барои 15 сол, аз ҷумла давраи имтиёзноки панҷсола, ба миқдори 5 фоизи солона ҷудо кунад.
6.  Муқаррар карда шавад, ки:
а) Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маркази кумак ба тиҷорати хурд» ва намояндагони ҷамъияти саҳҳомии «Ширкат оид ба рушди соҳибкорӣ» дар бинои идораи ҳудудии Палатаи савдою саноат бинобар тартиби муқарраршуда ба мақсади расондани кумак ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна бинобар раванди «равзанаи ягона» ҷойгузин карда мешаванд;
б) Палатаи савдою саноат (Ваҳобов), ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон (Қосимов), Оҷонсӣ оид ба кори маҳаллабайъ ва рушди соҳибкорӣ (Убайдуллоев) ҳар рӯз:
аз маҳаллаҳо боздид ба амал меоранд ва корҳои тарғиботиву маънидодкуниро дар байни аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ оид ба имкониятҳои молиявӣ, ки дар барномаҳои давлатӣ барои тиҷорати хурд ва миёна муайян шудаанд, ба роҳ мемонанд;
дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маркази кумак ба тиҷорати хурд» машваратҳои таълимӣ барои аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ бинобар воситаҳои умумӣ баргузор мекунанд;
субъектҳои воқеии соҳибкориро ошкор мекунанд, бинобар татбиқ сохтани лои-ҳаҳои онҳо аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маркази кумак ба тиҷорати хурд» ва намояндагони ҷамъияти саҳҳомии «Ширкат оид ба рушди соҳибкорӣ» тавсияҳо медиҳанд.
7. Муайян карда шавад, ки аз 1 июли соли 2024 ба мақсади таъмин сохтани истифодаи самарабахш ва бозгардонии саривақтии вомҳое, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷудо карда шудаанд:
тамоми давраҳои ҷудокунии вомҳо (баррасии аризаҳо, қабул кардани қарорҳо, пешниҳоди бовархат ва ҷудо намудани вомҳо) барои платформаҳои электронӣ дар шакли рақамӣ  татбиқ карда мешаванд;
ҷараёнҳои назорати таъминоти вомӣ, куллан ё худ қисман бекор кардани ҳабс ё ивази амвол, ки ба гарав гузошта шудаанд, аз тариқи платформаи электронӣ ба тарзи марказӣ роҳандозӣ мешаванд;
механизми пешакӣ муайян кардани хатарҳо бо кумаки технологияҳои иттилоотӣ аз тариқи таҳлили фаъолияти мизоҷоне, ки дар пояи нақшаҳои тиҷоратӣ татбиқ мешаванд, гардиши пул ва нишондиҳандаҳои дигар ба амалия ҷорӣ карда мешаванд;
ҳаҷми вомҳо, ки ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва маҳаллаҳо дар доираи барномаи давлатӣ ҷудо мекунанд, бо дарназардошти саҳми онҳо дар вомҳои душвори бамиёномада мушаххас карда мешаванд.
8. Дар давраи аз 1 январи соли 2024 то 1 январи соли 2026 ба субъектҳои тиҷорати хурд, ки дар асоси кооператсия бо корхонаҳои бузург бо иштироки давлат ташкил шудаанд, фурӯши молҳо (маҳсулот)-и онҳо истеҳсолкарда ба арзиши умумии то 10 миллиард сӯм дар тӯли як соли молиявӣ аз ҷониби супоришгари давлатӣ дар сомонаи махсуси иттилоотии харидҳои давлатӣ дар асоси шартномаҳои бевосита рухсат дода шавад.
Ба Вазорати иқтисодиёт ва молия супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ ба мақсади имзо кардан ва қайд намудани муоҳидаҳое, ки боби мазкур пешбинӣ менамояд, дар сомонаи махсуси иттилоотии харидҳои давлатӣ саҳифаи алоҳида ташкил кунад ва қаробати онро бо пойгоҳи маълумоти вазоратҳо ва идораҳо татбиқ намояд.
9. Ба Вазорати иқтисодиёт ва молия (Норқулов) супурда шавад, ки:
якҷо бо Бонки марказӣ (Турдалиев), бонки саҳҳомии тиҷоратии «Бонки рушди тиҷорат» (Аннақличев), ҷамъияти саҳҳомии «Ширкат оид ба рушди соҳибкорӣ», Палатаи саноат ва савдо (Ваҳобов) ва ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон (Қосимов) дар зарфи як ҳафта тайёр кардани воситаҳои умумиро, ки аз маводи презентатсионӣ ва наворҳои видеоӣ дар бораи барномаҳои пешбининамудаи давлатии имконият ва шароити иштирок дар онҳо, бо ба аъзои Комиссияи давлатӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ расондани воситаҳои умумии дар боло зикршуда ва дар платформаҳои электронии онҳо ҷойгир карданашонро таъмин намояд;
якҷо бо идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирон оид ба тағйирот ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф ворид кунад.
10. Масъулияти шахсӣ барои самарабахш ба роҳ мондани иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ. А. Қӯчқоров ва раиси Бонки марказӣ М. Б. Нурмуродов гузошта шавад.
Баррасии ҷараёни иҷрои қарори мазкур, ҳамоҳангсозии он ва назорати фаъолияти идораҳое, ки барои иҷрои он ҷавобгар мебошанд, ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
15 ноябри соли 2023.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: