ПРЕСС-ТУР ДАР «ХОҶАМАЙХОНА»-И МУЪҶИЗАВӢ

Барои рушди соҳаи туризм дар вилояти Сурхондарё вақтҳои охир як қатор корҳои самарабахш амалӣ шуда истодааст.

Барои тарғиби соҳа, алалхусус, ташкили пресс-тур ба ҳукми анъана даромадааст. Ба қарибӣ чунин тадбири хотирмон бо ташаббуси саридораҳои туризм, ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ, мероси маданӣ дар дараи зебоманзари «Хоҷамайхона»-и ноҳияи Бойсун ташкил карда шуд.
Ноҳияи Бойсун бо табиати нотакрор, манзараҳои дилфиреби тамошобобаш ҳар бинандаро ба худ мафтун мекунад. Алалхусус, дараи Дарбанд  ҷойи хушбоду ҳавоест. Аз миёни дара дарёи шӯх ҷорист, ки обаш зулолу шифобахш. Чорбоғаш истироҳатгоҳу «Хоҷамайхона»-аш зиёратгоҳ. Баъди аз ҷониби ҳукумат афзун гаштани эътибор ба соҳаи туризм барои обод намудани ин гӯшаи диёр ҳам аз ҷониби ҳокимияти маҳаллӣ ва ҳам аз ҷониби шахсиятҳои алоҳида камари ҳиммат баста шуд. Шароит барои истироҳати сайёҳон ба маротиб беҳ гардид.
Ҳамин тавр, ҷамоаи бисёрнафара саҳарии барвақт аз шаҳри Тирмиз баромада, ниҳоят ба даромадгоҳи дараи Дарбанд расиданд ва сараввал аз осиёи обии қадима ва таърихӣ, ки ҳоло онро фарзанди меҳнаткаши Дарбанд Чоршанбе Маҷидов мегардонад, дидан намуданд. Журналисту блогерҳо, ин осиёи обиро, ки замоне ягона василаи истеҳсоли орду нони дасторхони мардум буда, кунун сол то сол аз эътибор дур мемонад,  бо завқ тамошо ва ҷараёни ордбарориро муоина карданд.
– Аз пирони рӯзгордида шунидаем, ки нони аз орди осиё ва хамиртуруш пухташуда ба меъда ва рӯдаҳои инсон фоидаовар аст, – гуфт осиёбон Чоршанбе Маҷидов. – Одамони пешин аз нони чунин осиёҳо, ки ҳарчанд зуд ҳазм мешавад, серғизо аст, истеъмол намуда, ҷисман бақувват ва солим зиндагӣ мекарданд. Дар замони истиқлол, ки зиндагӣ ба фаровонӣ рӯ овард, ба сабаби кам гаштани мизоҷ осиё ҳам як муддат кор накард, гӯё ки эҳтиёҷе ба осиё намонда бошад. Вале аҳд кардам, ки онро таъмир намуда, дубора барқарор созам, касби падариро идома диҳам. Шукр ҳоло хуб кор карда истодааст. Ҳар сайёҳу раҳгузар истода осиёро бо завқ тамошо мекунад. Аз соли гузашта инҷониб дар назди осиё, чуноне ки мебинед, нонвойхона сохтем, танӯр гузошта аз орди ҳамин осиё нон мепазем. Ҳар раҳгузар аз нони гарми мо харид мекунаду ба меҳнатамон аҳсант мехонад. Боз барои фароғати меҳмонон дар лаби ҷӯйбор ҷойу суффаҳои истироҳатӣ барпо намудем. Оилавӣ кор мекунем ва шукр рӯзгорамон аз пушти ҳамин касби бобоӣ фаровон ва хуш мегузарад.
Аз нақли самимии ин марди меҳнатӣ масрур гашта, бо ҳисси қаноатмандӣ саёҳати хешро давом додем.
Аҳли пресс-тур ба як нафар соҳибкори дигари дарбандӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки ӯ низ кори ҳайратангез эҷод карда буд. Таоми дӯстдоштаи аҳли Бойсун, алалхусус, дарбандиён гӯшти танӯр мебошад. Онҳо бо маҳорати баланд ва меҳри беандоза ин навъи таоми болаззатро мепазанд. Гӯшти танӯр ки дар лахчаи он  бо омехтаи зираворҳо пухта мешавад  нафъовар мебошад. Тадбиркори ои-лавӣ Рӯзимурод Сафаров низ дар соҳили дарё барои пухтани танӯри хушмазза азм намуда, ҳоло меҳмонону сайёҳонро хушнуд месозад. 
– Ман аслан омӯзгорам, дер боз ният мекардам, ки як нуқтаи пухтупази танӯр роҳандозӣ кунам, – гуфт зимни суҳбат Рӯзимурод Сафаров. – Ба ҳокимият муроҷиат кардам, хайрхоҳӣ намуданд. Инак, як ҷойи ноободро, ки партовгоҳ буд, тахту ҳамвор ва тоза намуда, пухтупазро ба роҳ мондем. Оилавӣ кор мекунем. Шукр корамон пеш меравад. 
Журналистону блогерҳо саёҳатро давом дода, баъди тай намудани 2 км роҳ сари Ёнарбулоқ таваққуф намуданд. Ин чашма, ки аз кашфи он қариб 40 сол сипарӣ шудааст, муъҷизавист. Бо даргирондани гӯгирдчӯб зуд оташ мегирад. 
Ниҳоят, роҳҳои шебу фароз ва морпечро тай намуда, лаб-лаби дарё, ки миёни дараи тангу баланд ҷорӣ мешавад, ба манзили асосӣ – «Хоҷамайхона» қарор гирифтем. Барои дидани нуқтаи баланди кӯҳ ва дараи танг, ки деворкӯҳу камарҳои лайс дорад, ба осмон нигаҳ бояд кард. Ба ин ҷо қариб тамоми рӯз   офтоб намерасад. Аз ин рӯ, дар тобистон ҳаво салқину муътадил буда, ба сайёҳону истироҳатчиён хушӣ мебахшад. Қадами сайёҳон канда нест. Оби шифобахше, ки аз ғори калони «Хоҷамайхона» берун меояд дар тобистон хеле сарду дар зимистон гарм аст. Он ба касалиҳои дил, рагу хун, гепатит, ҷароҳати меъда ва нест кардани сангҳои гурдаву талха нафъовар аст. Дар як сония 3 мукааб метр об аз ин чашмаи калон ҷорӣ мешавад. Аз ду қубуре, ки аз ин об кашида мешавад, аз нисф зиёди мардуми ноҳияи Бойсун об мехӯранд.
Иштирокчиёни пресс-тур дар мавзеи Тангисари ин гӯшаи зебоманзар шоҳиди тамошои ҳунари   кӯҳнавардони ҷавон шуданд. 
– Кӯҳу қуллаҳои баланду босалобати Бойсун, табиати ба худ хоси тирамоҳи заррин, обу ҳавои хушу форам маро хело мафтун сохт, – гуфт ҳини суҳбат сайёҳи русиягӣ Константин Греченко. – Самимияти одамон, меҳмондӯстиву саховатпешагӣ, маҳорати пазандагиашон ба ман таассуроти аҷиб бахшид.
– Кӯҳҳои Бойсун ба рӯҳи кас оромӣ мебахшанд, – мегӯяд омӯзгори мактаби рақами 28-и ноҳияи Қизириқ Абдурашид Хуррамов. – Аз ин сабаб ҳар сол ба кӯҳистонҳои Бойсун баҳри истироҳат меоям. Имсол бо ду нафар набераам омадем ва аз тамошои кӯҳу дарё, чашмаи «Хоҷамайхона» ва мусобиқаи кӯҳнавардони ҷавон ҳаловат бурдем.
Бешубҳа «Хоҷамайхона» имрӯз диққати на танҳо сайёҳони маҳаллӣ, балки хориҷиро низ ҷалб месозад. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: