Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 август, рӯзи дуюми сафари давлатӣ ба Арабистони Саудӣ дар Ҷидда бо Котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Ҳусайн Иброҳим Тоҳа мулоқот анҷом дод.
Имрӯз СҲИ яке аз калонтарин ташкилотҳои байналхалқии ҷаҳон мебошад, ки 57 мамлакатро бо 1,7 миллиард нафар аҳолӣ муттаҳид менамояд. Аз замони ворид шудани Ӯзбекистон ба ин Созмон дар соли 1996 ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ пайваста ривоҷ меёбад.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки ин сохтори бонуфузи байналмилалӣ дар баробари чолишҳои муосир дар ҷанбаҳои ҳифзи арзишҳои исломӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум, равобити сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои мусалмонӣ нақши муҳим дорад.
Ба сатҳи ҳамкории Ӯзбекистон ва Созмони ҳамкории исломӣ, инчунин дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба аз рӯи тамоми масъалаҳои мубрами рӯз баҳои баланд дода шуд.
Ҳусейн Иброҳим Таҳа таъкид кард, ки созмоне, ки ӯ раҳбарӣ мекунад, лоиҳа ва барномаҳоеро, ки ташаббускораш Ӯзбекистон, ки дар Созмони ҳамкории исломӣ мақоми муҳимро ишғол мекунад, мебошад, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Вай ба муносибати он, ки вазирони сайёҳии кишварҳои СҲИ шаҳри Хиваро пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024 эълон карданд, табрик гуфт.
Зикр гардид, ки Ӯзбекистон минбаъд низ ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо СҲИ дар рушди маориф, илм ва инноватсия, инчунин ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад кард.
Дар бораи мубодилаи таҷриба дар чунин соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, чун мустаҳкам намудани институти оила, баланд бардоштани роли занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлатӣ, аз ҷумла дар мамлакатҳои аъзои СҲИ созиш ҳосил гардид.
Потенсиали ғании илмию таълимии Ӯзбекистонро таъкид намуда, манфиатдории СҲИ дар густариши ҳамкорӣ бо ҷумҳурӣ дар соҳаи тайёр кардан ва такмили ихтисоси ҷавонон, бахусус кишварҳои аъзои рӯ ба тараққии Созмон қайд карда шуд.
«Ӯзбекистон зодгоҳи мутафаккирон ва олимони бузурги исломӣ аст, Созмони мо аз ҳамкорӣ бо ҷумҳурӣ дар ин соҳаҳо манфиатдор аст», қайд кард Котиби генералии СММ.
Ба масъалаҳои расондани ёрии башардӯстона ба халқи Афғонистон диққати махсус дода шуд. Имкониятҳои ба ин кишвар интиқол додани ёрии башардӯстона ба воситаи рушди маркази логистикӣ дар Тирмиз қайд гардид. Ба фаъолияти Маркази таълимии ҷавонони афғон, ки дар ин шаҳр фаъолият мекунад, баҳои баланд дода шуд.
Масъалаҳои ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, пеш аз ҳама минтақаи Арал муҳокима шуданд. Котиби генералии СҲИ қайд кард, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Исломобод вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ аз қатъномаҳое, ки Ӯзбекистон дар бораи минтақаи баҳри Арал ва ҳамбастагии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таҳия кардааст, ҷонибдорӣ карданд.
Ҳусейн Иброҳим Таҳа гуфт, "хушкшавии баҳри Арал ва кӯли Чад ба ҳам монанд аст ва ҳамкории муштаракро барои ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои молӣ барои ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонии экологӣ тақозо мекунад".
Дар бораи мубодилаи таҷрибаи илмию амалӣ, мутобиқсозии ҷидду ҷаҳди умумӣ бо ҷалби фаъолонаи коршиносони байналхалқӣ барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъала созиш ҳосил шуд.
Дар поёни мулоқот Президенти Ӯзбекистон котиби генералиро барои боздид аз кишвари мо даъват кард. Ҳусейн Иброҳим Таҳо даъватро бо қаноатмандӣ қабул кард.