САРҲИСОБИ СОЛ

Дар маҷлисгоҳи ҳокимияти вилояти Ҷиззах муовини аввали ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва соҳибкорӣ Нодирбек Раҷабов таҳти мавзӯи «Аз нигоҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ рушд додани ҳудуд дар соли 2019, иҷрои барномаи маҳсулоти меваву сабзавот, корҳое, ки дар ҷодаи энергетикӣ амалӣ гардиданд, инчунин вазифаҳои истиқболнок дар соли 2020» барои ходимони ВАО брифинг гузаронд.

Дар кишвари мо ба туфайли эълон гардидани «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ» дар соли 2019 Барномаи давлатӣ таҳия ва амалӣ гардид. Баробари амалӣ гардидани барномаи мазкур дар як қатор соҳаҳо: иқтисодиёт, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, хусусан соҳаи иҷтимоӣ комёбиҳои калон ба даст омаданд, – гуфт муовини ҳоким Нодирбек Раҷабов. – Қариб 450 миллиард сӯм маблағ ба тариқи кредити имтиёзнок ҷудо гардид. Аз ин 105 миллиард сӯм маҳз барои дастгирӣ намудани 11556 оилаи эҳтиёҷманд равона карда шуд.
Дар ҳудуд 443 лоиҳа ба кор даромад, ки ду триллион сӯм арзиш дорад. Бар ивази ин қариб 7 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд омад.
Айни замон шумораи умумии корхонаҳое, ки бо иштироки сармояҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, аз 150-то гузашт.
Дар «Форуми байналхалқии сармоягузории II», ки моҳи августи соли 2019 шуда гузашт, аз бисту панҷ кишвари дунё зиёда аз сад ширкати хориҷӣ иштирок намуд.
Мувофиқи супориши сарвари  давлат, ки 30-31 январи соли 2019 ба вилояти Ҷиззах ташриф овард, шаҳри Гагарин ба сифати намуна гирифта шуд ва дар марказҳои ёздаҳ ноҳияи вилоят корҳои ободонӣ ҷараён гирифт, ки ҳоло ҳам идома доранд. То ин дам 50 километр масофаи хати оби ошомиданӣ, 115 километр шабакаи барқ, 75 трансформатор, 32 километр шабакаи газ, 60 нуқтаи газтақсимкунӣ, 35 километр роҳ рӯи таъмирро дид.
Бо мақсади вақти холии худро пурмазмун гузаронидани ҷавонон дар  шаҳри Ҷиззах боғи экологӣ-истироҳатии «Ӯрда» аз сари нав таъмир гардид. Дар ин ҷо ду китобхона, ду ҳавзи шиноварӣ, ду майдончаи варзишӣ, роҳи велосипедгарди доирашакли дарозиаш 30 километр бунёд ёфт. Дар боғ қариб ду ҳазор бех дарахт шинонда шуд.
Дар «Маркази инноватсионии ҷавонон» ҳоло қариб  панҷоҳ маҳфили забономӯзӣ ва касбу ҳунар фаъолият мекунад, – гуфт муовини ҳоким.

Анорбой НАЗАРОВ,
 хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: