ДАР ЯККАБОҒ СОХТМОНИ БИНОҲОИ НАВ ИДОМА ДОРАД

Бо баробари зиёд гаштани шумори сокинони шаҳру ноҳияҳо талабот ба масканҳои замонавии таълиму тарбият низ меафзоянд.

Ин аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ тарҳҳои гуногунеро рӯйи даст гирифта ва аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ мекунад.
Масалан, дар ноҳияи Яккабоғ сохтмони чандин бинои мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ оғоз гардида, интизор меравад, то охири соли равон ба истифода дода шаванд. Аз ҷумла, дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Наврӯз» бинои дорои 240 ҷойи таҳсил бунёд меёбад, ки ба мактаби рақами 104 мутааллиқ аст. Барои сохтмони ин бинои иловагии мактаб 2 миллиарду 500 миллион сӯм маблағ ҷудо шудааст. Дар маҳаллаи «Айғиркӯл»-и ноҳияи Яккабоғ мактаби нави замонавие қад рост мекунад, ки 330 ҷойи таҳсил хоҳад дошт ва ин дабистон дар асоси технологияи нав бунёд ёфта, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сохтмони бинои мазкур ҳудуди 16 миллиард сӯм маблағ сарф мекунад. Инчунин дар маҳаллаи мазкур як муассисаи томактабӣ низ қад хоҳад афрохт, ки дорои 120 ҷой аст ва қимати умумии бинои ин кӯдакистон 6 миллиарду 700 миллион сӯм арзёбӣ мешавад.
Бояд таъкид кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир ба таълиму тарбият дар мактабу боғчаҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад  ва хеле хушбин аст, ки насли наврас дар масокини ҳарчи беҳтару хуштари ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таълиму тадрис бигиранд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: