АРМУҒОНИ ИДОНАИ ҲОКИМ

Туҳфаи ғайричашмдошти ҳокими Ғузор Бекзод Суюнов ба сокини ҷамоати шаҳрвандони «Шакарбулоқ»-и ноҳия Ойбек Эшалиев мавсуфро шод ва ба зиндагӣ дилгарм намуд.

Солҳост, ки ӯ дар деҳа зиндагӣ мекунад. Ҳарчанд ҳаёти фақиронае дорад, аз он хуш аст, ки фарзандони худро бо нони ҳалол ба воя расонида, барои ояндаи дурахшонашон заҳмат мекашад. Ойбек малули гурӯҳи дуюм аст. Вай дар пайи як ҳодисаи нохуш саломатии худро бохта, ба ин ҳол гирифтор шуд. Моҳи августи соли 2014 сарнавишт ӯро ба ин кӯй афканд, ду пояш аз кор монду дар бистар мехкӯб гардид. Пас аз он, ки завҷааш ҳам ӯро партофту ба хориҷа рафт, ҳаёт дар назараш тираву тор гашт. Модари фарзандонаш дубора барнагашт, роҳи хонаву фарзандони ноболиғи худро фаромӯш кард.
Ойбек рӯҳафтода нашуд, ҷисми нимкораи худро аз бистар берун кашид ва  зарбаи навбатии тақдирро мардонавор паси сар намуда, барои наҷоти ду чӯҷаяки худ дасту остин барзад. 
Дар канори деҳа дӯкони назарногиреро ба иҷора гирифта, ба таъмири пойафзори мардум пардохт. Дукони похсагин таъмирталаб буд ва хосса дар  сармо он ҷо нишастану кор кардан машаққат буд. Ойбек пасандоз надошт, ки онро таъмир ва васеътар кунад. Дар яке аз рӯзҳои қабули шаҳрвандони ҳокими ноҳия ба ҳузури ӯ рафтаву арзи муддао намуд. Ҳоким аз ҳаёти пурмашаққати Ойбек Эшалиев огоҳ гардида, хеле мутаассир шуд. Аз он дар шигифт буд, ки ин шаҳрванди дучори мушкилиҳо аз ҳукумат, барои нону оби иловагӣ не, балки барои тавсеаи ҷойи кораш ва обод кардани он қарз мепурсад. Ҳоким ваъда дод, ки дар зудтарин фурсат кумак хоҳад кард.
Ойбек ба кор омаду дукони нави таъмири пойафзолро бо тамоми шароити кор дида, аз шодӣ дар худ намеғунҷид, шукронаи Парвардигор мекарду ашки шодӣ мерехт. Ин корҷои нав ба Ойбек ба шарафи 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли Ӯзбекистон ҳадяи шоиста шуд, он зиндагии ӯро бароҳаттар хоҳад кард.
– Аз ғамхориҳои ҳукумат, ба хусус аз Президент бас сипосгузорам, ки ба дармондагон кумак мекунанд, ба зиндагии шоистаи онҳо ғамхорӣ менамоянд, – мегӯяд Ойбек.
Ойбек ният дорад, ки дукони нави худро боз ҳам васеътар кунад. Дар шафати он устохонае боз карда, ба таъмири дучарха ва асбобҳои барқии мардуми зодгоҳаш машғул гардад, нони  ҳалоли худу ду фарзанди акнун мактабравашро таъмин созад.
Бояд гуфт, ки ҳаёти Эшалиеви ғузорӣ намунаи садоқати як фард ба оила ва беҳтарин ибрати мардонагӣ дар роҳи пайдо намудани ризқи ҳалол аст. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: