Президенти Ўзбекистон ҳайати ИМА-ро қабул кард

  • Президенти  Ўзбекистон ҳайати ИМА-ро қабул кард
  • Президенти  Ўзбекистон ҳайати ИМА-ро қабул кард
  • Президенти  Ўзбекистон ҳайати ИМА-ро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 июн ҳайати Иёлати Муттаҳидаи Амрикоро таҳти сарварии фармондеҳи Қумондонии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Курилла пазируфт.

Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба, идомаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Ба пешбурди ташаббусу барномаҳое, ки ба расондани кумак ба таъмини сулҳу субот, инчунин барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: