«...ПОСДОРОНИ ФАРҲАНГ...» ДАР САМАРҚАНД

Асосгузор ва муҳаррири барномаҳои «Конуни посдорони фарҳанги тоҷик» дар Амрико оғои Сабури Роҳил тӯли як моҳ дар кишвари мо буд.

«Конуни посдорон...» аз ҷумла ба шаҳри Самарқанд омад. Хабарнигори мо бо ин журналисти номӣ суҳбат орост.

– Маълум, ки Самарқанду Бухоро марказҳои тамаддуни Шарқ шинохта шудаанд, – мегӯяд Сабури Роҳил.
Бо такя ба қавли «шунидан кай бувад монанди дидан» мо ба Самарқанди  куҳан, вале ҳамеша ҷавону қашанг омадем. 
Боздидро аз ёдгориҳои таърихӣ, яъне майдони Регистон, маҷмӯаҳои Шоҳи Зинда, Бибихонум, Гӯримир, Дониёр пайғамбар, Мирзо Улуғбек ва ғайра оғоз намуда, бозори машҳури Сиёбро тамошо кардам. Аз осорхонаҳои устод Садриддин Айнӣ ва ҳофизи машҳур Хоҷа Абдулазиз Абдурасулов таассуроти хуб бардоштам. Суҳбат бо адиб ва бостоншинос Адаш Истад ва дигарон хотирнишин буд. 
Дар кӯчаву растаҳо ва майдони Регистон шоҳиди он шудам, ки Самарқанд барҳақ зиёратгоҳи сайёҳони хориҷӣ ва дохилист. Мағозаҳои куҳна ва хушсохти замонавӣ хеле бисёранд. 
– Боз дар кадом мамлакатҳо сафари эҷодӣ доштед?
– Қаблан дар Тоҷикистон будам. Аз сафарҳоям дар Покистон, Эрон, Ҳиндустон низ гузоришҳо омода кардаам. Умуман, ман ба кадом гӯшаву канори ҷаҳон, ки тоҷикон умр ба сар мебаранд, рафтаам ва Худо хоҳад, хоҳам рафт.
– Нақшаҳои ояндаатон?
– Ба Бухорои Шариф рафта, дар бораи гузару ноҳияҳои он барнома омода карданиам.  
– Ба мухлисони рӯзномаи мо дар бораи худ маълумот медодед?
– Камина дар Ҳирот таваллуд шудаам. Маълумоти олӣ дорам. Чанд сол чун муаллими забони тоҷикӣ-форсӣ ба насли наврас сабақ додам. Муҳаббат ба касби хабарнигорӣ маро ба идораи расонаи ахбори «Бохтар»-и Кобул овард. Баъди табаддулотҳои воқеъ дар Афғонистон дар Амрико зиндагӣ мекунам. Падари ҳафт фарзанд ҳастам.
– Таманнои шумо ба мардуми Ӯзбекистон?
– Бо сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат муҳтарам Шавкат Мирзиёев кишвари шумо дар олам эҳтироми хосса пайдо мекунад. Аз фурсат истифода бурда, ба мардуми сарбаланди Ӯзбекистон комёбиҳои нав ба нав орзумандам, ҳамчунин эшонро бо Ҷашни истиқлол табрику таҳният менамоям. 

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: