Дар Қазоқистон эҳтимоли ба амал омадани хушксолӣ ҳаст

Бар асари хушксолӣ дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон баҳори соли ҷорӣ Қазоқистон низ бо ҳамин мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Дар ин бора муовини вазири хоҷагии об ва ирригасияи Қазоқистон Арсен Ҷаканбоев хабар дод.

Вай тавзеҳ дод, ки мушкил ба хушксолие марбут аст, ки ба захираҳои обии кишварҳои ҳамсоя таъсир кардааст.

“Ҳаҷми об дар обанбори Токтогули Қирғизистон нисбат ба соли гузашта 300 миллион метри мукааб ва дар ҳавзаи Чирчиқ дар муқоиса бо соли гузашта 100 миллион метри мукааб кам шудааст. Аз ин рӯ, миқдори оби омадаистода кам аст. Ба далели камбуди об шояд дар соли ҷорӣ мушкилот пеш ояд”, - шарҳ дод Арсен Ҷаканбоев дар ҷаласаи кумитаи масоили аграрии Маҷлиси Қазоқистон.

Ба гуфтаи вай, вилоятҳои Туркистон ва Қизилӯрдаи ҷумҳурӣ зери хатар қарор доранд. Ба мақомоти маҳаллӣ аллакай тавсия дода шудааст, ки кишти шолиро кам кунанд - ин зироат бештар обро талаб мекунад, хабар медиҳад report.az.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: