Дар вилояти Фарғона собиқадороне кам нестанд, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи таълими халқ самаранок меҳнат карда, ба таълиму тарбияи наслҳои оянда саҳми арзанда гузоштаанд.
Пеш аз таҷлили 1-уми октябр – Рӯзи омӯзгорону мураббиён таҳти роҳбарии сардори раёсати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Шерзод Долимов аз 43 нафар чунин омӯзгорони собиқадор, ки дар ин соҳа кор карда, ба нафақа баромаданд, хабар гирифта шуд.
Ба собиқадорони меҳнат гулдастаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, ташаккурнома ва табрикоти идонаи раёсати таълими томактабӣ ва мактабҳои вилоят супурда шуд.
– Қадршиносӣ аз ин гуна собиқадорон кори хайру савобест. Зеро онҳо дар тӯли солҳои дароз барои баланд бардоштани маънавият ва маърифати фарзандони мардум хидмати беназир анҷом додаанд. Гузашта аз ин, истифодаи таҷрибаи онҳо имрӯз барои пурсамар ташкил намудани фаъолияти омӯзгорони ҷавон, баланд бардоштани сифат ва самараи раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ҳамеша натиҷаҳои хуб ба бор меоварад, – мегӯяд Шерзод Долимов.
Омӯзгорони собиқадор аз ин иқдоми сардори раёсати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят ва дастандаркорони он изҳори қаноатмандӣ ва сипосгузорӣ карданд ва барои шароитҳое, ки аз ҷониби сарвари давлат барои ходимони муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст, шукргузорӣ намуданд.
Чунин иқдоми наҷиб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ идома дорад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.