Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард

  • Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард
  • Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард
  • Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард
  • Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард
  • Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард
  • Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард
  • Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард
  • Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард
  • Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард
  • Президент ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо ташриф овард

Президент Шавкат Мирзиёев 18 март ба Агентии карантин ва ҳифзи растанӣ ташриф оварда, бо корҳои дар ин самт ба нақша гирифташуда шинос шуд.

Агентӣ, ки дар назди Вазорати кишоварзӣ фаъолият мекунад, мақоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо ва агрохимия мебошад. Ба доираи фаъолияти агентӣ таҳлили таркиби хок, нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, мубориза бар зидди организмҳои зараровар, пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии онҳо ба ҷумҳурӣ ва таъмини истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати фитосанитарӣ тоза дохил мешаванд.

Солҳои охир дар соҳа 7 низоми нав ҷорӣ гардида, 40 самт рақамӣ гардонда шуданд. Ба шарофати ҷалби тақрибан 20 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантии созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ навсозии лабораторияҳо ва таҷҳизот таъмин карда шуданд. Тавассути лабораторияҳои статсионарӣ  ва сайёр хоки 1 миллиону 40 ҳазор гектар таҳлил карда, дар асоси ин меъёрҳои илмию асосноки истифодаи нуриҳои минералӣ муайян карда, онҳо ба барномаи «uzagrolab.uz» дохил карда шудаанд.  Бо истифода аз маълумот ва тавсияҳои ин барнома, фермерон дақиқии коркарди киштзор ва боғҳои худро беҳтар карданд.

Чунин чорабиниҳо дар таъмини сифат ва бехатарии меваю сабзавот нақши муҳим мебозанд. То имрӯз барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 80 кишвари ҷаҳон 620 иҷозатномаи фитосанитарӣ гирифта шудааст. Дар доираи низоми “GSP+” 200 ҳазор гектар ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд. Дар соли 2023 содироти маҳсулоти кишоварзӣ қариб 2 миллиард долларро ташкил дод. Бо вуҷуди ин, иқтидори содирот хеле баланд аст.

18 январи соли ҷорӣ дар ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои содирот ва саноат дар соҳаи сабзавотпарварӣ ва  мевапарварӣ чораҳо муайян карда шуданд. Аз ҷумла, ба Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо супориш дода шуд, ки парвариши зироатҳои содиротӣ ва ҷустуҷӯи бозорҳои нави эҳтимолиро ташкил намояд.

Дар тақдимоти имрӯза дар бораи кор ва нақшаҳои ҷорӣ маълумот дода шуд.

Яке аз лоиҳаҳо замимаи мобилии «Агрокӯмакчӣ» мебошад, ки дар он шумо метавонед дар бораи ҳифзи растаниҳо, хидматрасонӣ дар ин самт ва маслиҳатҳои содирот маълумоти муфид гиред.

Платформаи Asiaexport.se содиркунандагони маҳаллиро бо харидорони хориҷӣ мепайвандад. Дар он на танҳо дар бораи меваю сабзавот ва меваҳои хушк, балки дар бораи шарбатҳо, молҳои рӯзгор, қаннодӣ, нассоҷӣ, чарм ва маҳсулоти дорусозӣ маълумот дода мешавад.

Инчунин оид ба ҳамкориҳои агентӣ дар доираи системаи байналмилалии инноватсионии ePhyto Solution маълумот дода мешавад, ки тавассути он сертификатҳои фитосанитарӣ ба таври электронӣ бо 119 кишвари ҷаҳон мубодила мешаванд. Имсол ба нақша гирифта шудааст, ки барои содироти 24 навъи маҳсулот ба ҳашт кишвари дигар иҷозаи фитосанитарӣ гирифта шавад.

Дар натиҷаи қарорҳои мазкур соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ то 3,6 миллиард доллар расонда шавад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки барои ин истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ васеъ гардонда, хабардориии фермерону деҳқонон баланд бардошта шавад.

– Дар ин самт заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад, мо бо бисёр кишварҳо созиш ҳосил кардем. Аммо содиркунандагон маҳсулоташонро бо мушкилӣ мефурӯшанд. Аз ин рӯ, бояд як платформаи доимии муколама бо содиркунандагон таъсис дода шавад. Ҳокимон бояд содиркунандагонро бо маҳсулоте, ки дар минтақаҳо рӯёнда мешаванд, сафиронро бо динамикаи талаб ва нархҳои бозорҳои хориҷӣ шинос кунанд,  – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент ба бастабандии меваю сабзавот эътибори махсус дод.

– Бастабандӣ бояд ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ бошад ва тарҳи замонавӣ дошта бошад. Он гоҳ сифат, бренди миллӣ ва арзиши изофӣ баланд мешавад. Аз ин рӯ, бояд содиркунандагонро ба бастабандии дуруст, пухтакорона ва зебо омӯзонидан лозим аст”, – таъкид кард роҳбари давлат.

Аҳамияти кори пайваста барои пешгирии ворид шудани маҳсулоти муҳлаташ гузашта  ва пастсифат  ба содирот  таъкид гардид.

– Дар ин самт низ бояд системаи кластерӣ вуҷуд дошта бошад. Бояд дар ҳама марҳилаҳо, аз омӯзиш сар карда ва  то кишти зироат, додани нуриҳо, ҷамъоварӣ ва ба навъҳо ҷудо кардан, ҳамфикрии ҳамдигарӣ ва сифати баланд  таъмин карда шавад.

Ба Девони Вазирон супориш дода шуд, ки барои такмил додани ин система ва ба таври муназзам ба роҳ мондани содирот барномаи сесоларо таҳия намояд.

Аҳамияти вусъат додани ҳамкории байналхалқӣ барои равона кардани содирот ба бозорҳои нисбатан гаронбаҳо қайд карда шуд.

Сарвари давлат бо лабораторияи муосири агентӣ шинос шуд. Барои баланд бардоштани иқтидори илмии лаборатория, азхуд намудани дастовардҳои илми ҷаҳонӣ ва дар шӯъбаҳои дахлдор зудтар ҷорӣ намудани онҳо супоришҳо дода шуданд.

Дар ин ҷо мошину таҷҳизоти дар системаи агрокимиёвӣ истифодашаванда низ намоиш дода шуд.

Қайд карда шуд, ки барои мубориза бар зидди ҳашароти зараровар энтомофагҳои хеле самарабахш аз хориҷа оварда шудаанд. Бо иштироки мутахассисони пуртаҷриба оид ба парвариш, нигоҳ доштан, борпеч кардан ва фиристодани ҳар як маҳсулот дастурҳо тартиб дода шудаанд. 10 лабораторияи сайёр ташкил карда шудааст.

Соли ҷорӣ дар вилоятҳо боз 10 лабораторияи сайёр ташкил карда мешавад. 6 ҳазор боғ, беш аз 3 ҳазор токзору киштзор, 344 корхонаи бастабандӣ ба талаботи байналмилалии фитосанитарӣ мутобиқ карда мешавад. Тамоми равандҳои марбут ба гардиши пестисидҳо рақамӣ карда шуда, ба воридот ва тиҷорати ғайриқонунии пестисидҳои пастсифат хотима дода мешавад.

Президент оид ба такмили ихтисоси мутахассисони соҳа ва таъмини дастрасии хидматрасонии агентӣ ба ҳар як фермер ва соҳиби замини наздиҳавлигӣ супоришҳо дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: