БАҲРИ ТАЪЛИМИ БОСИФАТ

Чунончи дар мақолоти пешин зикр карда будем, дар соли сипаришуда барои амалӣ намудани барномаи давлатии Гиромидошти инсон ва таълими босифат дар вилояти Сурхондарё корҳои бузург ба сомон расонида шуд.

Сарҳисоб гардид, ки дар вилоят ду мактаби нави замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. 38 мактаб реконструксия гардид ва 62 мактаб мукаммал таъмир шуд ва 429 мактаб аз таъмири ҷорӣ баромад. Яъне барои дар шароити хуб таълим гирифтани зиёда аз 200 ҳазор нафар шогирдони дабистон имконияти хуб фароҳам омад.
Инчунин, дар соли сипаришуда 948 мактаби вилоят бо зиёда аз 5 ҳазор дона компутер, 1520 дона тахта, 460-то маҷмӯи партаҳои замонавии хониш ва 7 намуди асбобҳои мусиқӣ ва ҷиҳозҳои мукаммали варзишӣ таъмин карда шуд. Боз ҳоҷатхонаи 150 мактаб ба талаботи замон ва санитарӣ пурра ҷавобгӯ таъмир карда шуд. 124-то мактаб бо девор иҳота гардид.
Бо ташаббуси давлат дар натиҷаи ташкил карда шудани «маҷлиси падарон» ва «рӯзи қабули падарон» бесабаб аз дарс мондани шогирдон 12,5 фоиз кам гардида, азхуд кардани дарсҳо ба 30 фоиз бардошта шуд.
Аз ҷумла, дар соҳаи муассисаҳои таълими томактабӣ низ як қатор корҳои назаррас амалӣ гардид. Дар соли сипаришудаи 2023 дар вилояти Сурхондарё 23 боғчаи бачагонаи давлатӣ, 7 шарикии давлатӣ-хусусӣ ва 168 оилавӣ, ҷамъ, 198 боғчаи бачагона ташкил карда шуд, ки ин нишондоди хеле баланд аст. Дар натиҷаи ин, зиёда аз 15,2 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар ин соҳа дар вилоят сол аз сол зина ба зина пешравӣ ба назар мерасад. Нисбат ба соли 2022 (60,6 фоиз) дар соли 2023 – 65 фоиз рушди соҳа ба қайд гирифта шуд.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: