Дар Намангон фелдшере, ки доруҳои қалбакӣ тайёр намуда мефурӯхт дастгир шуд

Фелдшере, ки барои фурӯш ба Андиҷон доруҳои қалбакӣ мебурд, дар рафти амалиёти таъҷилии ХДБ боздошт шуд.

Вай мехост 1000 дона доруи  "Зодак"-ро фурӯшад. Маълум гардид, ки вай аз моҳи сентябри соли 2023 ба ин кор машғул будааст.

Хадамоти амнияти давлатии вилояти Намангон зимни амалиёти фаврӣ дар вилоят  фелдшерро, ки ба тайёр ва фурӯши доруҳои қалбакии бо номи “Зодак”, “Анаферон”, “Хилак Форте” ва “Витамини В6” машғул буд, боздошт кард.

Гуфта мешавад, фелдшери шуъбаи ёрии таъҷилии Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Чортоқ ҳангоми кӯшиши ба вилояти Андиҷон овардани 1000 дона доруи қалбакии «Зодак» дастгир шудааст.  Ҳангоми кофтукови  утоқи истиқоматии ӯ маълум шуд, ки дар он ҷо сехи махфии истеҳсоли маводи мухаддир мавҷуд буда, 763 дона «Анаферон», 2125 адад «Зодак», 4000 дона «Витамини В6», 570 дона сироп, флакон ва қуттиҳои барои бастабандии маводи доруворӣ истифодашаванда, ки номаш зикр нашудааст, ёфт шуд.

Гуфта мешавад, ки ин шахс барои нигоҳ доштани доруҳои омодашуда аз хонаи хешовандонаш ҳамчун анбор истифода кардааст.  Зимни чорабинӣ аз ин манзил 120 адад  “Зодак”, 260 адад “Анаферон”, 96 адад “Хилак форте” ва 313 адад шишаҳои шарбати беном ёфта шуд.

Цайл бояд кард, доруҳое, ки дар сехҳои махфӣ омода шудаанд, дар дорухонаҳои шаҳрҳои Андиҷон, Фарғона ва Тошканд фурӯхта мешуданд.

Дар давоми тадбирҳои пеш аз тафтишотӣ маълум шуд, ки фелдшер аз моҳи сентябри соли 2023 инҷониб ба ин кори ғайриқонунӣ машғул будааст.  Шаҳрвандони сокини вилояти Андиҷон фелдшерро бо ашёи хоми доруҳоеро, ки аз Қирғизистон ғайриқонунӣ оварда буданд, таъмин кардаанд.  Ҳоло шахсияти онҳо мушаххас мешавад.

Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 186-3, қисми 2, бандҳои «б» ва «э»-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, нисбати ин шахс чораи эщ0тиётии "маҳбас" ба кор бурда шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: