БА ЧАШМИ ҲАҚИҚАТ ХОК НАПОШЕД!

Зеварос аз деҳкадаҳои хурди кӯҳистонӣ буда, тобеи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Деҳиболо»-и ноҳияи Бойсун аст ва айни ҳол ҳафт-ҳашт хоҷагӣ дорад.

Замоне дар он 15-18 хонавода вуҷуд дошт. Аммо ба далели мушкилоти будубош ва мураккабиҳои зиндагӣ як қисмати онҳо ба ҳамвориҳо кӯч баста, муқими ноҳияҳои Олтинсой, Шӯрчӣ ва Деҳнави вилояти Сурхондарё гаштаанд. Ёдовар мешавем, ки дар шумораи 21 июли соли 2023-юми «Овози тоҷик» бо номи «Дардҳои деҳаи Зеварос ё худ чаро фарзандони як деҳа бемактаб мондаанд?» мақолае ба нашр расида буд. Дар навиштаи мазкур муаммоҳои деҳа аз забони омӯзгорони муқими Зеварос Баҳром Нарзуллоев баён гардида, он ба идораҳои дахлдор, хоса Саридораи таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Сурхондарё, шуъбаи он дар ноҳияи Бойсун ва дигар муассисаҳои мутасаддӣ расонида шуда буд. Аз ҷумла таъкид мешуд, ки як сол боз фарзандони Зеварос аз таълиму тадрис дур монда, волидон ҳайронанд, ки ин мушкилро чӣ хел ҳал намоянд. Мо зимни сафари навбатӣ шоҳид гаштем, ки муаммоҳои дар мақола дарҷшуда то ҳол ҳаллу фасл нагардидаанд. Хадамоти матбуоти Саридораи таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Сурхондарё дар саҳифаи расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ба он мақола таҳти унвони «Муносибати расмӣ» вокунише нишон дода, ба як маънӣ, ба чашми «ҳақиқат» хок пошидааст. Саридораи мазкур бино ба маълумоти шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Бойсун менависад, ки «имрӯз дар деҳаи Зеварос 8 нафар бачагони синни мактабӣ истиқомат мекунанд. Дар деҳа филиали мактаби рақами 19 вуҷуд дошт. Бинои он бо роҳи ҳашар сохта шудааст. Ин филиал ба сабаби ба талаботи мактаб ҷавобгӯ набудан мувофиқи қарори рақами 372-8-110 O, / 22-юми ҳокими ноҳияи Бойсун 17 августи соли 2022 баста шудааст». 
Дар номаи расмӣ таъкид мешавад, ки 8 нафар хонанда 3-4 километр роҳро тай карда, ба мактаби рақами 19 воқеъ дар маҳаллаи Деҳиболо мераванд. «Бо таҳсил фаро гирифтани хонандагон ва иштироки мунтазами онҳо дар дарсҳо аз ҷониби шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия пурра ба назорат гирифта шудааст». 
Ин ҷо ба дурӯғи маҳзе роҳ додаву нависандагони ин «Муносибати расмӣ» расман эътироф кардаанд, ки дар ҳуҷҷатҳо хонандагон пурра дар дарсҳо иштирок доранд ва дар ин бора ягон мушкил вуҷуд надорад. Аммо сокинони Зеварос мегӯянд, ки як соли дароз фарзандонашон бетаҳсил мондаанд ва роҳи душвор онҳоро водор кард, монеи ба дабистон рафтани онҳо шаванд. Аммо дар «Муносибати расмӣ» омада, ки «Ба туфайли таъмирталаб будани роҳ ба рафтуои хонандагон каме душворӣ пеш меояд».
Охир, дурӯғ ҳам ҳад дорад! Мо ба чашми сар дидем, ки «роҳ» таъмирталаб не, балки аслан вуҷуд надорад. Агар онҳо як пайроҳа ва харроҳаро дар назар дошта бошанд, он чӣ хел ба таъмир ниёз дошта метавонад? Боз навиштаанд, ки «Дар зудтарин фурсат ин мушкилро ҳал мекунанд». 
Ба таъкиди сокини деҳа Камолиддин Қурбонов, агар ба мактаби зикршуда тафтишгар ояд, онҳоро маҷбур мекунанд, ки фарзандонашонро ба чӣ роҳе набошад, ба мактаб расонанд. Рӯзҳои дигар волидон намехоҳанд, ки фарзандонашон ба ин роҳи пурхатар бароянд ва ба дарсҳо ҳозир шаванд. 
Шикояти мардуми Зеварос аз ҳақиқат дур нест. Мо худ таҷриба кардем ва бо чашмонамон дидем. Касро он чиз дар ҳайрат мегузорад, ки чаро ҳокимияти ноҳияи Бойсун филиали мактабро бо қарори худ бастааст? Он синфхона ба талаботи «замонаи нав» ҷавоб надиҳад ҳам, вайро метавон бо андаке таъмир ба ифоқа овард. Ё барои як ноҳия сохтани синфхонаи замонавӣ душвор аст?!
Ба фикри мо, ҳалли мушкил яктост: Боз намудани филиали зеваросии мактаби рақами 19-уми ноҳияи Бойсун! Охир, то кай фарзандони мардум бе таҳсили илм монанд?! Унвони соли 2023-ро, ки аз ҷониби Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев эълон шудааст,  бори дигар ба хотир оваред: – «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат!» Оё аз байн бардоштани филиали зеваросии мактаби рақами 19-уми ноҳия ба унвони соли равон мутобиқат мекунад?! 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: