«ОБРӮВУ ЭЪТИБОРИ НАШРИЯҲО БАРҚАРОР ГАРДАД»

Яке аз рӯзномаҳои деринаи ҷумҳурӣ «Ӯзбекистон овози» 105 сола шуд.

Бахшида ба ин санаи муҳим дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.


Дар он журналистони имрӯзаву собиқадори ин рӯзнома, шоиру нависандагон ва ҳавасмандони адабиёти бадеӣ иштирок карданд.
– Дар китобхонаи мо васеъ таҷлил намудани газетаву рӯзномаҳои ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Мо ҷашни  «Овози тоҷик», «Шарқ юлдузи» барин нашрияҳоеро, ки қариб бо як аср рӯ ба рӯ мешаванд, баргузор намудем. Нақша дорем ки дар давоми соли ҷорӣ ҷашни 5 нашрияи дигарро таҷлил намоем, – гуфт директори китобхона Умеда Тешабоева. – Ҳоло ҷараёни ба шакли электронӣ гузарондани захираҳои ахбору китобхона васеъ ҷорӣ мегардад, аз ҷумла, рӯзномаҳои ҷумҳуриявиву вилоятие, ки то соли 1930 нашр гардидаанд, шакли электронии онҳо ҳамчун дастнависи нодир нигоҳ дошта мешаванд.
Дар чорабинӣ шакли электронии рӯзномаи «Ӯзбекистон овози», ки солҳои 30-юми асри гузашта аз чоп баромадааст, намоиш дода шуд.
«Ӯзбекистон овози» баробари мардуми Ӯзбекистон шириниву талхии ҳаёти иҷтимоиву сиёсиро чашид. Аввал бо унвони «Иштирокиюн», баъдтар бо номҳои «Қизил байроқ», «Туркистон», «Қизил Ӯзбекистон», «Совет Ӯзбекистони» ва аз соли 1991 бо номи имрӯзааш нашр гардидааст.
–  «Ӯзбекистон овози» газетаи иҷтимоиву сиёсӣ буда, шумораи аввали он соли 1918 аз нашр баромадааст, ки Ориф Клиблеев, Акмал Икромов ва Усмонхон Эшонхоҷаев аз аввалин сармуҳаррирони  он буданд. Дар ин даргоҳ мисли Раҳмат Маҷидӣ, Шароф Рашидов, Иброҳим Раҳим, Мақсуд Қориев, Лазиз Қаюмов, Ӯктам Усмон, Азим Суюн эҷодкорони барҷаста фаъолият бурдаанд, ки муштариён дар ҳар шумораи рӯзнома интизори навиштаҳои онҳо мешуданд, – гуфт сармуҳаррири рӯзнома дар солҳои 90-уми асри гузашта Шароф Убайдуллоев. – Нахустин намунаҳои эҷоди Абдулло Авлонӣ, Абдулло Қодирӣ, Ҳамид Олимҷон, Ғафур Ғулом, Ойбек, Абдулло Қаҳҳор, Мақсуд Шайхзода, Миртемир, Собир Абдулло, Зулфия ва дигарон дар ҳамин нашрия рӯйи чопро дидаанд.
Рӯзнома солҳои 60-80-уми асри сипаришуда ба миқдори беш аз 680 ҳазор нусха  рӯйи нашрро медид, ки дастраси ҳар як хонадони кишварамон буд. Сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ба чорабинӣ тариқи онлайн иштирок мекард, ба ин ишора намуда гуфт, ки овони бачагӣ 3 газетаи ҷумҳуриявӣ мунтазам ба хонаи мо меомад. Мо фарзандон интизори ин рӯзномаҳо мешудем. Ман фикр мекунам, дар тарбияву таълими ҷавонони даври мо маҷаллаву рӯзномаҳо ҷойгоҳи алоҳида дошт.  
– Имрӯз вақти он расид, ки обрӯву эътибори нашрияҳо азнав барқарор гардад, – гуфт яке аз иштирокдорони солхӯрдаи чорабинӣ, – ин дар болоравии сатҳи  саводхониву маънавияти мардум нақши муҳим мебозад, ки ҳоло ба назарамон коста менамояд.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: