Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Хонумон ва ҷанобон!
Ба суханони миннатдорӣ нисбати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдарович Алиев барои ташаббус бобати ташкили ҳамоиши якуми СПЕКА – Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ва меҳмоннавозии самимӣ шарик мегардам.
Махсус таъкид мекунам, ки дар давраи раисии босамари Озарбойҷон ҳамкории минтақавиамон дар доираи Барнома ба дараҷаи комилан нав баромад.
Мулоқоти вазирон соли ҷорӣ дар Женева, «Ҳафтаи СПЕКА», ки имрӯзҳо дар Боку баргузор мегардад ва албатта, ҳамоиши имрӯзаи таърихӣ барои ба маркази ҳамбастагии молики аҳамияти ҷаҳонӣ табдил ёфтани минтақаи доманфарохамон хидмат менамояд.
Аз фурсат истифода намуда, ҳамкасбони муҳтарам, вакилони олии Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми иштирокдорони чорабиниро ба муносибати 25-солагии таъсиси Барномаи муштаракамон самимона табрик менамоям.
Бо қаноатмандии том резолютсияи алоҳидае, ки имрӯзҳо Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба санаи муҳими СПЕКА қабул кард, таъкид менамоям.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Ин майдони муҳиме мебошад, ки пойгоҳи он дар Тошканд гузошта шуда буд, аҳамияти худро чун механизми мутаассири шарикии минтақавӣ дар дастёбӣ ба Мақсадҳои рушди барқарор равшан намоиш дод. Ҳамин тариқ дар доираи Барнома беш аз 400 лоиҳа оид ба вусъат додани ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои савдо, коммуникатсия, нақлиёт ва логистика, рақамисозӣ, энергетика, захираҳои об, экология, баробарии ҷинсӣ ва ғайра, қабули стратегия оид ба сода намудани савдо ва рушди инноватсионӣ ба ҳаёт татбиқ карда шудаанд.
Хусусан бо қаноатмандии том мустаҳкам гардидани муҳити некҳамсоягӣ ва боварӣ, амиқсозии ҳамгароӣ дар Осиёи Марказиро дар солҳои охир таъкид менамоям. Ҳамаи мо хуб медонем, ки чӣ гуна мушкилоти мураккабро босамар дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони муҳтарамамон ҳаллу фасл карда тавонистем.
Ҳоло бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Венгрия мо барномаҳои бузургро дар соҳаҳои ҳамкории саноатӣ ва инфрасохторӣ ба амал татбиқ менамоем. Ширкатҳои муштараки сармоягузорӣ ба вуҷуд оварда шуда, механизмҳои таъмини молиявии лоиҳаҳо роҳандозӣ гаштааст. Дар ҳудудҳои наздисарҳадӣ марказҳои замонавии тиҷоративу логистикӣ ва минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ба вуҷуд оварда мешаванд.
Корҳои бузурги созандагӣ зери роҳбарии муҳтарам Илҳом Ҳайдарович дар ҳудудҳои озодгардидаи Озарбойҷон, ки дар он маконҳо адолати таърихӣ пирӯз гардид, шоистаи эътирофи махсус аст.
Боварӣ дорам, ки чунин тағйироти доманадор ва бозсозӣ албатта барои ба вуҷуд овардани имконоти нав барои рушди ҳамкории минтақавӣ хидмат менамоянд.
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Ҳамаи мо амиқ дарк менамоем, ки бо чӣ гуна таҳдид ва ситезаҳо мамлакатҳоямон дар шароити имрӯзаи бесуботии ҷаҳонии геосиёсӣ дучор мегарданд. Муқовимати босамар ба чолишҳои имрӯз кӯшиши минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи якдигарро тақозо менамояд.
Мехоҳам эътибори шуморо ба самтҳои асосии зерин аз ин лиҳоз нигаронам.
Якум, Ӯзбекистон ҷонибдори ба пойгоҳи ҳарчи мутаассиртари минтақавӣ ва кушод табдил ёфтани СПЕКА дар бобати вусъат додани ҳамкории иқтисодии мо ба шумор меравад.
Чунин мешуморем, ки вақт барои куллан баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бинобар самтҳои асосии шарикӣ ва мустаҳкам намудани пойгоҳҳои институтсионалии Барнома фаро расидааст.
Якҷоя бо экспертҳои Комиссияи иқтисодии аврупои Созмони Милали Муттаҳид ва ЭСКАТО таҳия намудани Консепсияи рушди «СПЕКА –2030»-ро пешниҳод мекунем.
Дуюм, дар доираи Барнома қабул намудани Нақшаи амалии муштарак оид ба рағбатноксозии савдои минтақавӣ мувофиқи мақсад аст.
Сухан дар бораи, пеш аз ҳама, татбиқи таҷриба ва амалиёти пешқадами ҷаҳонӣ оид ба бартарафсозии мамониатҳои мавҷуда ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои танзими техникии амалиёти содиротиву воридотӣ меравад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки барои аз 52 миллиард доллари имрӯза то 100 миллиард доллар расондани табодули амволи байни давлатҳоямон то ба соли 2030, саҳми маҳсулоти саноатиро дар сохтори он то 70 фоиз боло бурдан тамоми имконот вуҷуд дорад.
Сеюм, тавре ки ҳамкасбони ман таъкид намуданд, тезондани ба вуҷуд овардани Фонди мақсадноки СПЕКА зарур мебошад ва аллакай соли оянда фаъолияти амалии он ба кор андохта шавад.
Бовар дорам, ки фонд барои, дар навбати аввал, дастгирии лоиҳаҳои калон дар соҳаҳои иқтисодиёти «сабз», инноватсия, технологияи баланд, логистика, энергетикаи муқобил, хоҷагии қишлоқи «оқил», ба вуҷуд овардани инфрасохтори замонавии иҷтимоӣ ва ғайра мусоидат хоҳад кард.
Фонд бо институтҳои байналхалқии тараққиёт фаъолона бояд кор кунад, ба лоиҳа ва барномаҳои афзалиятнок захираҳои молиявӣ ва маблағҳои грантро бо шартҳои муфидтарин ҷалб намояд.
Ӯзбекистон низ омода аст, ки саҳми молиявии худро барои ташкил намудани фонд ҳамроҳ намояд.
Чорум, мо барои пурра татбиқ намудани «нақшаи роҳ»-и ҳоло қабулгарданда доир ба рақамисозии ҷараёни табодули маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳо дар доираи Даҳлези фарокасбии мултимодал моил ҳастем.
Аз ин лиҳоз омодаем, ки дар Ӯзбекистон дар ибтидои соли оянда ҳамоиши байналхалқии «Даҳлезҳои рақамии нақлиётӣ»-ро бо иштироки вазирони нақлиёти мамлакатҳоямон, роҳбарони ширкатҳои логистикӣ, молкашонӣ, корхонаҳои саноатӣ ва экспертҳои маъруфи соҳа барпо намоем.
Ният дорем бо институтҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаҳои калонро доир ба пурзӯр намудани алоқамандии зичи нақлиётӣ дар минтақа фаъолона пеш барем.
Панҷум, ба вуҷуд овардани гурӯҳи кории махсуси дараҷаи олиро доир ба таъмини босамари бехатарии озуқаворӣ ва баргузор намудани мулоқоти нахустини онро соли оянда дар Самарқанд пешниҳод мекунем.
Дар мавзӯи рӯзи чорабинӣ масъалаҳои рушди робитаҳои кооператсионӣ байни корхонаҳои бузурги агросаноатӣ, ба вуҷуд овардани занҷири арзиши изофа, рағбатноксозии табодули илмиву технологӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадами сарфакунандаи захира, корбурди экспресс-даҳлезҳо ҷойгоҳи асосиро ишғол менамояд.
Шашум, бо назардошти ҳамбастагии соҳаҳои захираҳои об, энергетика, экология ва хоҷагии қишлоқ чунин мешуморем, ки замони қабул намудани ҳуҷҷати нави консептуалии фарогири СПЕКА – «Стратегияи сабз»-и ҳамаҷониба фаро расидааст.
Ягон давлати минтақаи мо ба танҳоӣ, танҳо ба қувваи худ такя намуда чунин мушкилоти тезутунд ва ҳарчи бештар амиқгардандаро ҳал карда наметавонад.
Бинобар таҳлили Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби танқисии об давлатҳои минтақаамон ҳар сол қариб 2 миллиард долларро аз даст медиҳад. Дар оянда дар баробари пурзӯр гардидани ин ҷараёни манфӣ, вуҷуд надоштани ҳалли маҷмӯии мушкилот нишондоди таъминоти об ба ҳар сари аҳолӣ имкон дорад то 25 фоиз, ҳосилнокӣ то 40 фоиз кам гардад.
Ҳафтум, бо мақсади рағбатноксозии доимӣ ва низомноки ташаббусҳои фаъол ва нақшаҳои дақиқи занҳои корчаллон дар доираи Барнома хоҳиш мекунам, ки таклифи мо дар бораи ба вуҷуд овардани Шӯрои занҳои корчаллони СПЕКА баррасӣ гардад.
Бизнес-вохӯрие, ки дар арафаи ҳамоиш баргузор гардид, бори дигар аҳамияти чунин гуфтугӯро барои халқҳои дӯстамон собит намуд.
Инчунин дар доираи Шӯро пешниҳод мекунам, ки заноне, ки барои шукуфоӣ ва рушди иқтисодии мамлакатҳоямон, ба ҳамкории умумиамон саҳми калон мегузоранд, бо ҷоизаи байналхалқии «Эътирофи СПЕКА» мукофотонида шаванд.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Бинобар сабабҳои маълум мулоқоти имрӯзаамон бе иштироки намояндагони Афғонистон, давлате, ки қисми ҷудонопазири Осиёи Марказӣ ва омили муҳими таъмини суботнокии минтақа ба шумор меравад, ба вуқӯъ мепайвандад.
Ба ҳамаи ҳамкасбонам, роҳбарияти Комиссияи иқтисодии Аврупо ва ЭСКАТО дар доираи СПЕКА ба барқарор намудани тамоси корӣ ва ҳамкорӣ бо ҷониби Афғонистон бо даъват муроҷиат менамоям.
Набояд роҳ дод, ки Афғонистон бо мушкилоти худ танҳо монад. Бидуни барқарор намудани гуфтугӯи байналхалқӣ бо ҳукумати кунунӣ ба ягон натиҷаи мусбат даст ёфтан имконот вуҷуд надорад.
Ҳамкасбони муҳтарам!
Аз фурсат истифода намуда, ба ҳамаи шумо барои дастгирии қарори таърихӣ дар бораи бори аввал дар Осиёи Марказӣ – Самарқанди қадима барпо намудани сессияи Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО соли 2025, ки ду рӯз пеш дар Париж қабул гардид, миннатдории алоҳида баён менамоям.
Дар доираи ин ҳамоиши муҳими байналхалқӣ таҳия намудани нақшаи чорабиниҳои муштаракро пешниҳод мекунам, то ки ба тамоми ҷаҳон зарфияти бузурги тамаддуни халқҳои минтақаамонро намоиш диҳем.
Дар поёни суханронии худ бори дигар моилии Ӯзбекистонро ба шарикии бисёрҷониба дар доираи Барномаи минтақавии Созмони Милали Муттаҳид СПЕКА ба хотири таъмини рушди босубот ва фараҳмандии халқҳоямон собит менамоям.
Ба эътиборатон ташаккур.