МУБОРАКБОДИИ СОЛИНАВӢ БА ХАЛҚИ ӮЗБЕКИСТОН

МУБОРАКБОДӢ

Ҳамватанони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои хурсандиовар шумо, тамоми мардуми сермиллатамонро бо Соли нав аз таҳти дил муборакбод менамоям. Ба ҳамаи шумо сиҳату саломатӣ ва бахту саодати оилавӣ орзу мекунам!
Соли сипаришуда бо воқеаҳои дурахшонаш дар ёдҳо монд. Душворӣ ва санҷишҳои гуногун низ буданд.
Ба шарофати меҳнати фидокоронаи халқамон дар Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.
Дар роҳи баланд бардоштани иқтидор ва имконияти рақобатбардории кишварамон қадамҳои нав гузошта шуданд. Соҳа ва ҷанбаҳои пешқадами иқтисодиёти миллӣ муттасил инкишоф меёбанд. Корхонаҳои замонавие, ки дар пояи технологияҳои олӣ кор мекунанд, ҳамчунин шабакаҳои нави нақлиётиву коммуникатсионӣ сохта, ба истифода супурда мешаванд.
Деҳқонон ва фермерони моҳири мо, новобаста аз шароити душвори обу ҳаво, ҳосили фаровон рӯёниданд.
Барои рушди тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.
Ҷойҳои нави корӣ, бахусус барои ҷавонон ва занон ташкил меёбанд.
Дар ҷараёни татбиқ сохтани барномаҳои давлатӣ симои шаҳру деҳот, умуман тамоми кишварамон беҳтар мегардад.
Дар соли 2019-ум ҳазорҳо оилаҳо, аз ҷумла оилаҳои камтаъмин соҳиби хонаҳои нав шуданд.
Дар рушди соҳаи илм, таълим ва тарбия давраи нав оғоз ёфт. Бисёр кӯдакистонҳо бунёд мешаванд, мактабҳои нави олӣ, бахшҳои донишгоҳҳои пешқадами хориҷӣ, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ  боз мегарданд.
Аз ҳама муҳимаш, сатҳи ҳаёти шаҳрвандони мо баланд мешавад, эҳсоси дахлдории онҳо ба тақдири Ватан, эътимодашон ба оянда меафзояд.
Дар ҳаёти ҷомеаи мо равандҳои демократӣ ва ошкорбаёнӣ торафт бештар пойдор мегарданд, ҷараёни озодкунии тамоми соҳаҳо амиқтар мешавад.
Инро интихобот ба Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ, ки ба қарибӣ баргузор шуданд, равшан собит сохтанд. Онҳо бори дигар нишон доданд, ки Ӯзбекистон аз роҳи рушди демократии худ барнамегардад.
Иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки кафили истиқлолият, амният ва ҳаёти осудаҳолонаи мо ба шумор меравад, мустаҳкам мешавад.
Обрӯи давлати мо, ки сиёсати сулҳхоҳона ва конструктивии хориҷиро татбиқ менамояд, дар ҷомеаи байналхалқӣ зиёд мегардад.
Хулоса, соли 2019 дар таърихи Ӯзбекистони нав нақши равшан мегузорад.
Ҳамдиёрони муҳтарам!
Мо ба даврони муҳими рушди худ – давраи пешрафти миллӣ ворид мегардем.
Дар соли 2020 мо беш аз пеш ислоҳоти васеъмиқёси иҷтимоиву иқтисодиро давом медиҳем.
Ба ташаккул додани шароитҳои беҳтару мусоидтар барои моликияти хусусӣ, рушди соҳибкорӣ ва муҳити тиҷоратӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ эътибори махсус дода хоҳад шуд.
Масъалаҳои зиёд кардани миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳо, даромадҳои воқеии аҳолӣ дар маркази эътибори мо хоҳад буд.
Мо миқёси корҳои бинобар беҳсозии шароити истиқомати одамон, сифати хидматҳои коммуналӣ ва маишӣ, сохтмони манзилҳои арзон оғоз намудаамонро вусъат медиҳем.
Тамоми нирӯ ва имконияти худро ба он равона мекунем, ки ҷавононамон соҳиби таълим ва тарбияи сазовор бошанд, барои татбиқ гардидани иқтидор ва салоҳияти онҳо кӯмак мерасонем.
Таҳкими саломатии аҳолӣ, истиқрори тарзи солими ҳаёт дар ҷомеа ба дараҷаи нав бардошта хоҳад шуд.
Мо ба собиқадорони муҳтарам, бонувони азизамон беш аз пеш эътибор медиҳем ва ғамхорӣ менамоем.
Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи иҷтимоии онҳое, ки ба кӯмак ва дастгирӣ ниёз доранд, аз вазифаҳои аввалиндараҷа хоҳанд буд.
Дар мамлакат мустаҳкам кардани сулҳу салоҳ, ҳамдилии байнимиллӣ ва ҳусни тафоҳуми тарафайн вазифаи асосии мо боқӣ мемонад.
Мо ҳамкориро бо ҷомеаи ҷаҳон, дар навбати аввал, бо давлатҳои ҳамсоя ҳамаҷониба вусъат медиҳем.
Ҳамватанони азиз!
Бигузор дар соли 2020 дар ҳар як оила, дар тамоми кишвари мо  сулҳу салоҳ, бахту саодат ва фаровонҳолӣ ҳукмрон бошанд!
Бигузор тамоми орзуву омоли неки шумо амалӣ шаванд!
Бигузор Ӯзбекистони азизи мо шукуфон бошад!
Соли наватон муборак бод, дӯстони азиз!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: