Дар Тошканд ҳамоиши ректорони мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад

18 март вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия Қӯнгратбой Шарипов Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзодаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот динамикаи мусбати равобити Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар шаш соли охир дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия қайд карда шуд.

Ҳамкорӣ табодули омӯзгорону донишҷӯён, конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шӯроҳои дифои рисолаҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобила, такмили ихтисоси профессорону омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф, нашри мақолаҳои олимон дар маҷаллаҳои илмии ҳар ду мамлакатро дар бар мегирад.

Ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф тавассути табодули таҷриба ҷиҳати ташкили раванди таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар таълим, баланд бардоштани тахассуси омӯзгорон, баргузории лексияҳо ва дарсҳои маҳорат таъкид намуданд.

Вазир ва сафир ҳамоиши ректорони донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тошканд дар назар аст, ҳамчунин масъалаҳои ташкилии баргузории намоишгоҳи таълимии мактабҳои олии Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: