«САЙРАМИМИЗ – БАЙРАМИМИЗ», МЕГӮЯНД ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Сайрам Исоева дар солҳое ҳам, ки равуо байни ду ҷумҳурӣ сахт душвор шуда буд, аз Хуҷанд ба Тошканд меомад.

 Таклифи одӣ не, гӯё даъвати қалб ба диёри мо меовард ҳунарвари кушодчеҳраро. Меҳр меоварду муҳаббат мебурд.  Баъде сарҳадҳо кушода шуданд, имконият фароҳам омад бо муҳибон, ҳамкасбон ва ҳаводорони ӯзбекистониаш бештар дидор дида ва бо ташрифи худ сари онҳоро ба осмон расонад.
Солҳое, ки дар Хуҷанд мехондем (с. 1976-1980), ҳар вохӯрӣ бо ӯ фаромӯшнопазир сурат мегирифт: дар даштҳои Зафаробод, ки мо, донишҷӯён, ба пахтачинӣ мебаромадем. Дар маҷлисгоҳи факултаи таъриху филология. Дар Театри мазҳака ва мусиқии шаҳр... 
Ҷавонзан буд, аммо санъаткори машҳур. Аллакай чун Нодирабегими кинои ӯзбек ва Гурдофариди тоҷикон вирди забон ва ба чашми миллионҳо тамошогар чеҳраи шинос.
Ба наздикӣ иттифоқ афтод дар Театри давлатии мазҳака ва мусиқии Хуҷанд боз вохӯрем. Пешобағалаш пур аз ордену медал. Соли гузашта дар Кинофестивали байналхалқии Тошканд ба ӯ яке аз ҷоизаҳои олиро супурда буданд. Имсол дар нахустин Синамоҷашнвораи «Тоҷи Сомон» дар Душанбе ба гирифтани Ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе («Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография») муяссар гашт. Рағбат ва қадршиносӣ, албатта, ба кас рӯҳ мебахшад, вале Сайрамапаи мо фикр мекунад мукофоташ мукофоти нафароне, ки ба дилу дидааш наздиканд. Бештар аз ӯ онҳо хурсанд мешаванд.
Канӣ он мӯнисони аз дида ба дилҳо рафтааш, ки наздаш бошанд.
Дар касби камол кардани Сайрамхонум, хоҳарбузургаш Майрам ва хоҳараш Сабоҳат, ки хонда соҳиби маълумоти олӣ шуданд, нақши волидонаш Неъматҷонакаву Очабонуапа беқиёс.
Оила – серфарзанд. Писарҳо «наистоданд». Панҷ духтар, албатта, армонеро, ки дили падару модарро ранҷ медод, мефаҳмиданд. Ва ҳар кадом ҳаракат мекард чун писар ба падару модар хидмат кунад. 
Майрам дар театри ба номи Лоҳутии Душанбе, Сайрам дар театри Хуҷанд солҳои дароз фаъолият бурданд ва ҳамон як пойи онҳо, бо вуҷуди он ки пиронсоланд, дар коргоҳи барояшон азиз.
Дар «Духтари савум» («Тоҷикфилм», ҳаёти оилае, ки се духтар дорад) ба Сайрам нақши Гулнораро супурданд. Баъзеҳо фикр карданд филм аз ҳаёти оилаи онҳо. Не, ин як тасодуф буду халос. Бо вуҷуди ҳамин вақте картина ба сурат бардошта мешуд, хонадонамон аз пеши назарам мегузашт, гуфта буд С.Исоева.
Рамзи Сӯҳроб ва Гурдофарид («Рустам ва Сӯҳроб») қалби тамошобинро ба таппиш андохт. Маҳорати ҷангии Сӯҳроб  маълум, вале Гурдофарид чи дар ҷасорат ва чи чолокӣ аз ӯ монданӣ надошт. Асптозиҳои он гурддухтар низ ба худаш хос.
Дар «кинопроба» наздик даҳ духтар иштирок кард. Сайрамро интихоб намуд Борис Кимёгаров. Лекин вай чанд рӯз дудила буд. Саҳнаи набард... 
Натарс, ҳамааш хуб мешавад, гуфт апааш Марям, падарро розӣ кардан тани ман.
Аснои тамошои «Рустам ва Сӯҳроб» дили Неъматҷонака ба ваҷд омад: «Дар асптозӣ аз ман гузаронд!». Чашми Сайрам пури об шуд.
Аспҳое, ки Сӯҳробу Гурдофарид савор буданд («Фарис» ва «Экватор») аспҳои одӣ не. Пайдо кардани онҳо аз корхонаи зотпарварии Русия ба коргардон осон накӯчид. Саҳназеб ҳам буданд ҷонварон, вале ниҳоят «чарс».  Аснои яке аз машқҳо Сайрам аз «Фарис» афтод, ҷароҳат гирифт. Вале машқро давом дод. То ҷонварро ром ва ба худ ошно сохт, хуни дил хӯрд.
Баъди ин Кимёгаров Сайрамро ба мухлисони кино ин тавр шинос мекард: «Ин духтар – асптоз ва ҷанговари беҳамто. Номаш Гурдофарид. Дар Шарқ Жанна д»Арк» гӯянд ин ҷасурдухтарро».
Тамошобинҳо фикр карданд «чӯпондухтар бошад даркор». Ҳа, чӯпондухтар қодир аст аспро ин тавр ронад. Саворагӣ дар майдони (набард) на ҳунари ҳар актриса!
Дар асл Неъматҷонака буд асптози моҳир. Вале ӯ духтаронашро намегузошт ба асп наздик шаванд. Дар «хунаш, ки буд», Сайрам дар давоми машқ, ки чанд ҳафта давом кард, асптозиро ба ин дараҷа омӯхт.
Дар баробари тоҷикон ӯзбекон низ Сайрамро «худӣ» мешуморанд. «Нодирабегим» меноманд. Картинае бо унвони «Танҳо миёни одамон» дар «хазинаи тиллои»-и «Ӯзбекфилм» манзалати махсус дорад. Солҳо гузаштанд ва давр тағйир ёфт. Вале умри асарҳои ҳақиқӣ тӯлонӣ. Телевизиони Ӯзбекистон онро батакрор намоиш медиҳад.
Сайрам мехост духтур шавад, вале бо илқои апааш, ки санъаткор буд, ба санъат рӯй овард – дар Институти театр ва санъати рассомии Тошканд таҳсил гирифт. Муҳити фарҳангии шаҳри азим, ҳамнафасӣ ва ҳамкорӣ бо санъаткорони маъруф Набӣ Раҳимов, Ойдин Норбоева, Лутфӣ Саримсоқова, Марям Ёқубова, Турғун Азизов, Тулқин Тоҷиев мактабе буд барои Сайрам. Вақте дар картинаи «Сукунат намешавад» («Тоҷикфилм», 1962) нақши муаллима Лутфияро бозид, ҳанӯз донишҷӯ буд. Партнёраш актёри маъруфи ӯзбек Ҳамза Умаров. Сабақ ва маслиҳатҳои хуби Ҳамзаакаро, ки устоди воқеиям буданд, асло фаромӯш намекунам, мегӯяд Сайрамхонум.
Дар «Бахти дигарон» ном филми коргардон Қамара Камолова Ҳ. Умаров нақши собиқ раис, С. Исоева нақши Турдихонро бозидаанд. Дар киномазҳакаи «Авлиёи галатеппагӣ» («Ӯзбекфилм», 1983, коргардон Темурмалик Юнусов) низ ҳарду нақшҳои марказиро офариданд. 
Бо офаридани образи Майсара аз «Найрангҳои Майсара» (с.1989) С. Исоева боз як ҷиҳати истеъдоди бисёрпаҳлӯи худро  ифшо сохт  ва чун актрисаи «комик» ном баровард.
Ҳамкории Сайрам Исоева бо Комил Ёрматов, ҳамчунин бо коргардонҳои  машҳури ӯзбек Қамара Камолова, Элёр Эшмуҳамедов ва Шуҳрат Аббосов солҳои тӯлонӣ давом кард ва самараи хуб бахшид. 
Чанде пеш вай бо ансамбли фолклорӣ-этнографии «Бибиҳо» ба Тошканд омад. Баромади гурӯҳ дар телевизион, хусусан, саҳнаороии роҳбари бадеии ансамбл С. Исоева ба бинандагон ҳаловат бахшид.
Ба наздикӣ кушодашавии мавсими 90-уми Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар Хуҷанд, айни замон, хушҳолкунанда буд. Намоишномаи «Найрангҳои Майсара», ки диданибоб буд, ҳозирон яке аз азизтарин иштирокчиёни тадбир – Сайрам Исоеваро муборакбод намуданд.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон С. Исоева баробари синамо дар театр низ даҳҳо образҳои хотирмон офарид ва баҳри равнақи санъати театрии тоҷик хидмати босазо кард. Дар ҳамин синну сол ҳамон заҳматкаши майдони ҳунар аст. Умраш дароз бод.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: