Деҳаи Писком дар самти шимолӣ-шарқии ҷумҳурӣ нуқтаи охирини аҳолинишин ба шумор меравад ва он аз маркази вилоят ва ё пойтахт беш аз 150 км. аст.
Аз ин боис дастрасии ин ва дигар деҳоти ноҳияи Бӯстонлиқ ба марказҳои маъмурӣ тобистону баҳор, хусусан зимистон хеле бомашаққат аст. Дар 20 соли охир бори аввал ба ин ҷо омадани роҳбарияти вилоят низ аз он далолат менамояд.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Тошканд Зоир Мирзоев ба ин сафари тӯлонии худ дар вилояти зердасташ равон шуда, раҳораҳ аз зиёратгоҳи Шайх Умари Валии Боғистонӣ дар қишлоқи ҳамномаш боздид намуд ва бо корҳои ободонӣ ва сохтмони нави болои қабрҳо ва намозгоҳу ороишот шинос гардид, ки дар ин ҷо як-ду соли охир дар авҷ аст.
Дар деҳаи дурдасти Писком бошад, роҳбари вилоят якҷоя бо роҳбарони секторҳо ва маъмурияти ноҳия аз арзу ниёзи мардум пурсон шуд ва тӯли як шабонарӯз, ки он ҷо буд, дар бобати баъзе аз эҳтиёҷоти мардум ба қарорҳое расид.
Масъалаи роҳ, ки ба далели дур будану душворгузар будан, аз машаққати асосии равуои мардум ба самти маркази ноҳияву вилоят мебошад. Ҳатто дар даврони шӯравӣ дар ҳолатҳои номусоиди боду ҳаво беморони вазнин ва таъҷилиро ба маркази ноҳияву вилоят бо вертолёт мебурданд. То ба Писком ҳеч гоҳ автобус ё ягон навъи мошини ҷамъиятии мусофирбарӣ равуо накардааст ва табиист, ки дар шароити имрӯза низ иҷрои ин кор амри муҳол мебошад.
Пискомиҳо дар назди ҳоким маҳз масъалаи роҳро гузоштанд, ки он мавзӯи доғи даҳсолаҳо мебошад. Онҳо арз карданд, ки пункти тиббӣ чандин сол аст, ки холӣ – на барои он ки бемор нест, балки аз набудани шифокор. З.Мирзоев дар ин бобат гуфт, ки дармонгоҳ мавҷуд бошад, мисли ин ки дар мактаби қишлоқ се нафар муаллим аз вилояти дигар омада кор мекунад, духтуронро низ ҳамин тавр аз маҳалҳои дигар овардан мумкин.
Гурӯҳе аз занон изҳор карданд, ки бо ширинипазии миллии тоҷикӣ машғуланд, аммо барояшон ҷои муносибе муҳайё карда нашудааст, ки бо он бароҳат ва хотирҷамъ машғул гарданд. Ҳоким ваъда кард, ки аз биноҳои холии деҳа барояшон ҷой ва шароит муҳайё мекунад.
Ш. РАСУЛЗОДА,
вилояти ТОШКАНД.