ЯК РӮЗИ ФАРАҲБАХШ

Ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Ғелон»- и ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё мизбони гурӯҳи донишҷӯёне гашт, ки 41 сол муқаддам Донишкадаи давлатии омӯзгории он замон ба номи Шевченко ҳоло ба номи Садриддин Айнии Душанберо хатм кардаанд.

Онҳо факултаи риёзиёти ин даргоҳи илмро бо ихтисоси муаллими математика-физика ба итмом расонида буданд. Дувоздаҳ нафар сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки имрӯз ҳама бознишастаанд, дар ин деҳа ба дидори ҳам расида, мулоқоти хотирмоне баргузор сохтанд. 
Комилҷон Ҳакимов, бошандаи деҳаи Бурҷимуллои ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд гуфт, ки: – Имсол азм намудем дар Ғелон гирдиҳам оем. Зеро дар ин деҳаи зебоманзар шарикдарси мо – Нормурод Қурбонов зиндагиву кор мекунад. 
Шарикдарсони собиқ аз дидори ҳамдигар хушҳол шуда он замони дури соли 1977-ро, ки меҳри андӯхтани илму ирфон онҳоро ба шаҳри Душанбе овард, ба ёд овардаву лаҳзаҳои хотирмони он айёми тиллоиро барои якдигар нақл менамуданд.  
Сокини ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон Ҷавлон Деҳқонов гуфт, ки дар факултаи онҳо 100 донишҷӯ мехонданд, мутаассифона, алҳол аз ҳоли ҳамаи онҳо воқиф нестанд. 12 нафар ҷамъ омаданд, шумори зиёди ҳамкурсон ба далели пирӣ натавонистанд ба ин сафари дур бароянд. Вай изҳори шодмонӣ намуд, ки Худованд бори дигар онҳоро ба дидору мулоқоти ҳамдигар мушарраф сохт ва ҳоло аз файзи деҳаи Ғелон бархурдор гашта, бо ин мардуми меҳмондӯсту меҳнатдӯст шинос мегарданд.
Шарикдарсони собиқ ба Дараи Зиёрат рафта, аз зиёратгоҳҳои маъруфи ин қаламрав, аз ҷумла ҳазрати Турки Туғон дидан намуданд ва он ҷо дар соҳили дарёи Сафед, дар оғӯши саросар сабзи табиати дилфиреби кӯҳистон  дидору мулоқоти худро идома доданд. 
Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон ҳафт нафар меҳмон ҳузур доштанд, ки аксари онҳо зодагони деҳаҳои кӯҳистони ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Файзобод ва шаҳри Норак буданд. Онҳо дар ҳар сухан аз раҳбарони ду ҷумҷурӣ – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ёд оварда, хидматҳои шоёни онҳоро дар таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвари ҳамҷавор ситоиш мекарданд. 
Чун аз Муқим Қаландаров, бошандаи ноҳияи Варзоб хоҳиш намудем, ки таассуроташро аз ин сафар ва дидору мулоқот бо шарикдарсон баён созад, гуфт, ки аз вохӯрӣ бо дӯстони дерин ва тамошои деҳаи Ғелони зебою дилнишин хеле хушҳол аст. 
— Ҳарчанд аз маркази ноҳия хеле дур воқеъ гаштааст, бо обу ҳавои тоза ва табиати зебою дилфиребаш ҳар як бинандаро мафтун месозад. Хоса, аз ҳунари хонасозии ин мардум ва санъати боғдории онҳо хушам омад. Ба кадом гӯша нанигарӣ, дарахтони баланди сафедорро мебинӣ, боғҳои ғарқи мева ҳушатро медузданд. Гӯё биҳишти рӯйи замин аст Ғелон! – хулоса кард М. Қаландаров.
– Чун номи Тоҷикистонро ба забон биёварам, дилам гум мезанад, – мегӯяд Нормурод Қурбонов. – Илоҳо, ба дӯстии мо чашм нарасад! 
Ин дидору мулоқоти аввалини шарикдарсон нест. Онҳо аз соли 2016 шаш бор бо ҳам вохӯрдаанд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: