РАНГҲОИ ТАБИАТ ДАР САТРҲОИ ДИЛОВЕЗ

Аҳли эҷод, хусусан шеърофарон басо ҳассосанд.

Чизи зебое бинанд, зуд мафтун мешаванд. Ба чизҳое, ки ба назари дигарон шояд як чизи одӣ тобад, бо чашми ҳайрат менигаранд. Ана ҳамин муассирию мафтунӣ ба тавлиди мисраъҳои дилангез боис мегардад. Бешак, падидаҳои қаламии шоири номвари ӯзбек Ӯткир Раҳмат низ вақте қалби пурэҳсосу зебопарасташ дар ҳамин гуна ҳолат аст, рӯйи дунё мешаванд.

Вай ба хотир меоварад, тақрибан аз чаҳор-панҷ солагиаш ба гирду атроф зиракона назар меафканд, падари бузургвораш Раҳматота гулпарвар буданд, боғу токпарварӣ мекарданд, ба кишоварзӣ меҳри хосса доштанд, модари азизаш Пӯлотая ба падараш ҳамеша кумак расонда мегаштанд. Шоир ин тавр зикр намуда: «Дар хотирам, падарам ба ман дар бораи ҳар гул бо забони ба худ хос гуфта медоданд. Бо шарофати ҳамин хислати падар ба гулҳо бо чашми ҳайрат нигаристан, ҳайратзада онҳоро дӯст доштан, дӯст доштанро омӯхтам». 
Ба чашми қаҳрамони лавҳаи мо зодгоҳаш Узунқишлоқ олами афсонаро мемонд. Тобистонҳо, айёми таътил, ба манзили тағоияш воқеъ дар Торинчак, ки дар доманакӯҳ ҷой гирифта буд, мерафт. Чи Торинчак ва чи Узунқишлоқ деҳоте буданд пур аз боғу токзор. Кӯҳбароӣ барояш аҷаб шавқ мебахшид. Хониши мурғон, шилдирроси ҷӯйбор, манзараҳои афсонавӣ ӯро мафтун, ҳар касеро, ки дар қалб эҳсос дошт, моту мабҳут месохт. 
Ӯткир Раҳмат баъде ба воя расид, дар пайроҳаи эҷод қадам зад ва дар олами садранги адабиёт ҷойгоҳи худ дарёфт, саъй кард он ҳама зебоиву манзараҳои нотакрори дар бачагию наврасӣ ба дилу дидааш як умр муҳрзадаро дар сурати шеър пеши назари хонанда ҷилвагар созад.
Оре, дар ашъори шоири маъруф тараннуми зебоиҳои табиат, тавсифи манзараҳои диёр, тасвири рангҳои табиии баҳори бачагию наврасӣ аз мавзӯъҳои асосист. Бо мутолиаи офаридаҳои ӯ мисле зебоиҳоеро, ки гирду пешамонро печондаанд, дигарбора ҳис менамоем. 
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳасан Қудратуллоев (равонашон шод бод) ин тавр гуфта буданд: «Хусусан, дар ҷараёни ба сатрҳои диловез кӯчонидани рангҳои табиии табиат ва ҳосил гардонидани рангорангии нафис маҳорати сухангустарии Ӯткир Раҳмат равшантар падидор меояд». 
Ҷуз падару модар, ки шоири тавоноро нахустустод буданд, вай аз муаллимони адабиёташ дар дабистони таълими умумӣ Сайим Ашӯров ва Ҳаким Турсунов умре сипосгузор аст. Маҳз ҳамонҳо чи дар ҷараёни дарс ва чи дар «муҳити адабӣ»-и ба худ хоси Узунқишлоқ (дар он ҷо Бедилхонӣ, Навоихонӣ ва Машрабхонӣ бо савияи баланд мегузашт) қудрату азамат, сеҳру мӯъҷизаи дунёи рангини адабиёту эҷодро пеши назараш ба ҷилва оварданд, меҳри шеърро дар қалбаш ҷо карданд.
Дар рӯзномаи ноҳиявии «Шарқ тонги» аввалин шеъри Ӯткир Раҳмат рӯйи чоп дид. Он вақт сенздаҳсола буд. 
Мактаби миёнаро бо медали тилло хатм карда, ҳарчанд ба кимёву математика низ шавқи беандоза дошт, адабиётро интихоб кард – дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд, айни замон, аз донишҷӯёни пешқадам буд. Навиштааст: «Ман дар ана ҳамин маъвои муборак хондам. Бедор шудам. Аз нав бунёд гардидам». 
Бо ифодаи образноки худаш, вай таҳти тарбияи Нуриддин Шукуров калиди ганҷинаи «Назм ва наво»-ро ҷуст, устодаш мегуфт, калид дар дасти ту, вале он ҳанӯз обутоб наёфтааст, вазифаи ту обутоб додани калид, баъд даст ба хазина бубар... Амон Матчон, Уллибибӣ Отаева, Мукаррама Ғаффорова, Ҷонибек Субҳон барин ҳамдарсҳояш, ки ба илму эҷод шавқи калон доштанд, баъдтар чеҳраҳои намоён шуданд, дар равнақи адабиёт саҳм гузоштанд. Ӯткир Раҳмат низ, ки он вақтҳо клуби шеърияти «Шалола»-ро раисӣ менамуд, дар майдони адабиёт ҷиддан қадамронию қаламронӣ кард ва тавфиқ ёфт.
Баъдан Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкандро низ хатм кард. Дар вазифаҳои калон фаъолият бурд ва ба дараҷаи ходими давлатию ҷамъиятӣ расид, вале бо вуҷуди серкорӣ ба қалам ва коғаз садоқатманд монд – шеърнависиро тарк накард. «Шохоб», «Пазмонӣ», «Накҳати райҳон», «Шукрона», «Шуълаи маҳтоб», «Гавҳари чашмам», «Бӯйи хаёл», «Мурғи дил», «Майсаи хоксор», «Лаҳзаи шаффоф» «Маҳтобшом» барин дафтарҳои шеъраш ба дили ҳаводорони сершумори адабиёт гармию ҳарорат бахшиданд. Ашъори ба қароқалпоқию қазоқӣ тарҷумашудааш дар ҳолати китоб ба китобхонаҳо расидаанд. 
Соли 2015 «Ситоразор»-и ӯро нашриёти «Ӯзбекистон» бо забони тоҷикӣ аз чоп баровард. Соли 2021 аз тариқи нашриёти «Фархунда М»-и Душанбе китоби дигари тоҷикиаш бо унвони «Роҳи каҳкашон» ба табъ расид. 
Шоири мардумӣ Абдулло Ориф ба шеърҳои Ӯткир Раҳмат, хусусан, сурудаҳояш дар мавзӯи табиат баҳои баланд дода, аз ҷумла, таъкид сохта буд вай, лаҳзаи танҳоӣ бо муҳити гирду атроф ва ҳамрозӣ бо табиат саропо шеър шуда, бо тасвиркориҳои наҷиб қалбҳои зебоиписандро тасхир менамояд. Ва мегӯянд, худро дар муҳити табиат дидану шинохтани инсон ба худшиносии ҷамъиятиву маънавии вай вобастагии қавӣ дорад. Тасвирҳои зебое, ки манзари диловезро пеши назари китобхон ба ҷилва меоранд, зимнан, баробари парвариш дар рӯҳи зебоипарастӣ дар роҳи тарбияи иҷтимоию ахлоқӣ низ ба  кор меоянд.

Ба чашми нилӣ рӯ бар осмонҳо,
Намояд нилуфар оят тиловат.
Равон чун нақши пои мор ҷӯйбор,
Чу худ лабрез, меҷӯяд ҳаловат.

Фурӯ биншонда ҳар чангу ғуборе,
Гаҳе аз қатра бофад риштаборон.
Намояд ташнаҷониро фаромӯш –
Нафас осуда гирад даштзорон.

Соҳиби медали «Шуҳрат» ва ордени «Меҳнат шуҳрати», Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон, дорандаи Мукофоти байналхалқии ба номи Чӯлпон, шоири тавонманд Ӯткир Раҳмат 75-ро пур кард. Ба ин муносибат устодро сидқан муборакбод менамоем ва як шеъри ӯ бо унвони «Лаҳзаи танҳоӣ бо рӯҳ»-ро, ки дар азиздошти хоҳар аст, пешкаши муштариёни «Овози тоҷик» месозем. 

З-интизорӣ чашм маъюси шадид,
Зулмати шабҳост, инак, нопадид.
Боз эҳсоси хуше бар дил давид,
Ҳамчу нуре гашт ворид аз дар-а,
Оҳ, хоҳар, хоҳар-а.

Субҳ рӯи сабзаҳо шабнам бубин,
Гиряи гул – чашмҳои нам бубин.
Навбаҳору гӯшаи хуррам бубин,
Лол чун ман ин дарахтон яксара,
Ох, хоҳар, хоҳар-а.

Пур шуд аз файзу тароват гирду пеш,
Бар тавоф арзад магар ин қалби реш.
Бар савоб, эй дил, биовар рӯи хеш,
Мурғи дил ҳам беқарору бесар-а,
Поктар аз навбаҳор, эй хоҳар-а.

Шод бошад бишкуфад рӯи ҳаёт,
Пар занам, охир фитам бар пеши пот.
Сила созам, бардиҳам бар ту набот...
Ин забон бар ком часпид охир-а,
Офтоби меҳрубон, эй хоҳар-а.

Паҳн месозад замин гӯё бисот,
Ҳиммати гулгун намояд бо субот.
Ман аминам бар ҳақиқат, бар ҳаёт,
Нони навкандаст гӯё аз танӯр,
Хоҳари ман ин қадар лабрези меҳр!

Найзаи худро мазан, эй офтоб,
Раҳм кун, чун оташи ғамҳо матоб.
Заҳри худ н-омез, бидҳад бар ту себ,
Ман ако бар мӯниси ҷонпарвар-а,
Будаӣ дил-осмон, эй хоҳар-а.

Хастагӣ нанмояд ӯ як лаҳза ҳис,
Роҳҳои зиндагии ӯ дуруст.
Чашм медӯзам паи вай бо ҳарос,
Бар уфуқ, эй воҳ, бигзорад сар-а,
Дӯст медорад маро он хоҳар-а.

Хоҳари ҷонам намояд чашм боз,
Субҳдам гӯяд суханҳо дилнавоз.
Гӯяд ӯ бар бойчечак ҷумла роз.
Дасти ман ларзону чашми ӯ тар-а,
Поктар аз чашмасорон хоҳар-а.

Будаӣ бардошт андар ҷони ман,
Бохабар аз ҳар сири пинҳони ман,
Нури чашм, ашки сари мижгони ман,
Буд тобон бо ту шамси ховар-а,
Оҳ, хоҳар, хоҳар-а.

Ғайри ту як хилқати поке куҷост,
Ҳамчу ман имрӯз ғамноке куҷост?
Ҳаст андар дил сухан ҳоло зиёд, 
Мову ту ҳамсӯҳбат астем умрбод!
Менамо бар ман ҷамоли модар-а, 
Оҳ, хоҳар, хоҳар-а!

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: