РОҲНАМОЕ ДАР ОМӮЗИШИ ЗАБОН

Ба вуҷуд овардани васоити таълимӣ ва китобҳои дарсӣ барои донишомӯзон яке аз талаботи рӯз аст.

 Дар ин замина нашр гардидани китоби дарсии «Забони Шарқ»-и устод Фозилҷон Шукуров барои кафедраҳои филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи хориҷии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои омӯзгорӣ саривақтӣ мебошад. Азбаски китоби дарсии забони арабӣ барои донишҷӯёни филологияи тоҷик зарур ва муҳим буд, муаллиф ин китобро дар асоси фаъолияти чандинсола таҷриба ва мушоҳидаҳои худ дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таълиф намудааст.
Муаллиф зимни эҷоди ин китоб осори илмӣ, мақолаву таҳқиқот, китобҳои дарсии муаллифони гуногун, дастурҳои методии олимони шарқшинос ва омӯзгоронро ҳамаҷониба омӯхтааст. Маълум, ки дастурамали омӯзишии Ф. Шукуров дар заминаи осори ғании бадеӣ ва эҷодии забони бостонии араб, назм, лексикологияи забони муосири араб, ки бо вожаҳои нав ғанӣ гардонида шудааст, аз нигоҳи илмию маърифатӣ ва адабӣ таҳия гардидааст.
Китоби дарсии мазкур аз 4 қисм иборат аст: 1) алифбои арабӣ ва хусусиятҳои он; 2) ҳиссаҳои нутқ дар забони арабӣ; 3) феъл ва навъҳои он; 4) ҷумла ва қисмҳои он. Дар муқаддимаи дастури омӯзишӣ қайд гардидааст, ки хати бостонии арабӣ нахуст дар рӯйи санг, тахта, санги қабрҳо, ёдгориҳои меъморӣ, устухонҳои ҳайвонот сабт ёфта, баъдтар ба рӯйи коғаз навишта шудааст. Намунаи барҷастаи аз осори адабии бадастомадаи қадима навиштаҷоти болои қабри шоир Имруулқайс мебошад, ки ба соли 328 тааллуқ дорад.
Забони арабӣ ба гурӯҳи забонҳои қадимии «сомӣ» мансуб аст. Маҷмӯи забонҳои сомӣ дар асл ба 3 шоха ҷудо мешавад: 1) ҷанубӣ – забонҳои ҳабашӣ, арабӣ ва суқотра; 2) шимолу ғарбӣ – оромӣ, яҳудӣ (иврит), финиқӣ, маовӣ, уғорӣ, аморӣ; 3) шимолу шарқӣ – забони аққод (бо шеваҳои бобулӣ ва ассурӣ). Бисёрии ин забонҳо мурдаанд. Забони ҳабашӣ дар шакли шеваҳои амҳар, курага, ҳарар, тигра, тигрини ва ҳоказо вуҷуд дорад; забони иврит дар Исроил аз нав барқарор карда шудааст. Айсорӣ ном забони Қафқоз давоми шеваи ассурӣ (аққодӣ) мебошад.
Дар асрҳои VII-VIII забони арабӣ инкишоф ёфта, грамматикаи он мураттаб гардидааст. Маълумот дар бораи нозил ва навиштани Қуръони карим бо ин забон, сабти ҳадисҳо дар бораи Муҳаммад соллаллоҳу алайҳи васаллам ва инчунин баёни соат, рӯз, ҳафта, моҳҳо ва сол дар доираи мавзӯъҳо, пайдоиши навиштаҳои гуногун таваҷҷуҳи хонандагонро ба худ ҷалб намуда, шавқи онҳоро ба илми забони арабӣ бедор мекунад, ба такмили қобилияти тафаккурашон мусоидат менамояд. Муаллиф бо нишон додани аҳамияти калони ҷиҳати тарбиявии фан тавонистааст, ки дараҷаи баланди илмии худро зоҳир намояд.
Алифбои арабӣ дар ин дастури омӯзишӣ талаффуз, навиштор, вижагиҳо, қои-даҳои талаффуз, машқҳои комил, матнҳои дорои маънои луғат, корҳои мустақили назоратӣ, ҳисобу китоби алифбо, навъҳои хатти арабӣ: яъне куфӣ, райҳонӣ, сулс, настаълиқ ва ҳоказо намунаҳои хатти ҷаҳониро дар бар мегиранд, инчунин маълумот оиди хаттотҳои чирадаст, матнҳои шавқовар; артикли муайянӣ, пешояндҳо, пайвандакҳо, ҳиссачаҳо; навиштан ва ифода намудани вақт ба таври оддӣ нишон дода шудаанд. Масалан, вижагиҳои навиштан ва талаффузи ҳарфи «алиф» бо навиштаҷоти намунавӣ баён шудааст. Яъне ҳарфи «алиф» ба ҳарфи пеш аз он ҳамроҳ шуда, ба ҳарфи пас аз он ҳамроҳ намешавад. Дар алифбои арабӣ 28 ҳарф мавҷуд аст, ки 6-тоаш мунфасила – ҷудо ва 22-тои боқимонда муттасила – пайваст мебошанд.
Ҳангоми мутолиаи дастури таълимӣ шумо худро чун хонандаи синфи якум ҳис мекунед, ки гӯё муаллиф дар даст қалам дошта, таълим медиҳад. Чунин дарсдиҳии моҳирона барои муаллим шабеҳи бо сӯзан чоҳ кофтан мушкил аст, аммо бо сабру тоқат ба шогирдон забонро равон ва осон меомӯзонад. Дар ин ҷо ҳам шоҳиди он мешавем, ки омӯзгор маълумоти баланддараҷа дорад.
Дар забони арабӣ гуфтор, сохтани ҷумлаҳои сода ва бисёртаркиба, ҳамчунин дар қисми фонетика овозҳо, ифода ва навиштани онҳо, дифтонгҳо, талаффуз ва навиштани онҳо, дар қисми морфология калимаҳо ва таркиби онҳо исм, сифат, шумораҳои миқдорӣ ва тартибӣ, пасояндҳои шахсу шумора ва истифодаи онҳо, калимаҳои мустақилмаъно, зарфҳо, пешояндҳо ва вазифаи онҳо, дар фасли синтаксис, ҷумла ва навъҳои онҳо нишон дода шудаанд. Инҳо шавқу ҳаваси талабагонро зиёд карда, ба онҳо мустақилона фикр кардан, тартиб додани ҷумла ва муоширатро меомӯзонанд.
Дар қисми феъл ва навъҳои он, хусусиятҳояш, феълҳои замони гузашта, замони ҳозира-оянда, феъли амр, таснифи онҳо бо иштироки пасвандҳои шахс ва шумора, шаклҳои танҳо ва ҷамъ, корбурди онҳо дар ҷинсҳои мардона ва занона, мувофиқати онҳо бо ҷонишинҳои соҳибӣ, феълҳои се ва чоррешагӣ, вазифаи онҳо дар сохтани ҷумла, машқҳои гуногун, саволу ҷавоб ва ғайра барои мустаҳкам намудани қобилияти тафаккури талабагон мувофиқи талаботи замон сохта шудаанд.
Дастури таълимии «Забони Шарқ»-и устод Фозилҷон Шукуров мисли «шамъчароғ» дорои аҳамияти бузурги илмиест, дар асоси меъёрҳои забони адабии арабӣ ва меъёрҳои грамматикии ҷорӣ навишта шудааст. 

Кимиё АБДУЛЛОЕВА, омӯзгори собиқадори мактаби таълими ҳамагонии рақами 10-уми шаҳри Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: