Ҷамъомади навбатии Шӯрои миллӣ оид ба мубориза ба муқобили коррупсия дар доираи васеъ баргузор гардид.
Ҷамъомади навбатии Шӯрои миллӣ оид ба мубориза ба муқобили коррупсия дар доираи васеъ баргузор гардид. Он таҳти раёсати директори Агентии мубориза ба муқобили коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Бурҳонов ба вуқӯъ пайваст. Дар баргузории он намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тошканд мусоидат намудааст.
– Татбиқи ин лоиҳа барои солҳои 2021-2025 пешбинӣ шудааст ва дар доираи барномаи давлатии “Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ” сурат хоҳад гирифт. Аммо барои он ки ин лоиҳаи стратегӣ ба ҳадафҳои худ расад ва ҳаётӣ будани он таъмин гардад, дар иштироки вакилони ташкилотҳои давлатӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони доираҳои академикӣ ва коршиносони байналхалқӣ роҳандозии машваратҳои миллӣ ва байналхалқиро барномарезӣ кардем,– гуфт Акмал Бурҳонов.
Таъкид бояд кард, ки муҳокимаҳои ибтидоии он 28 январ бо ширкати вакилони палатаҳои Олий Маҷлис, Шӯрои олии судяҳо, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳо, 18 март бошад, бо ширкати намояндагони институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.
– Ҷиҳати бартараф намудани холигоҳҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза алайҳи коррупсия, такмил додани асосҳои меъёрии сохтори хидмати давлатӣ, беш аз пеш мустаҳкам намудани мустақилии ҳокимияти судҳо, ҷорӣ намудани сохтори декларатсиякунии даромадҳои хидматчиёни давлатӣ, фароҳам овардани механизмҳои босамари ҳуқуқии ба амал баровардани харидҳои давлатӣ, таъмини озодии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ бештар аз сад таклифу пешниҳодҳо баён гардиданд. Бар асоси ҳамаи ин таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи стратегияи миллии мубориза бо коррупсия такмил дода шуд,– изҳор кард директори Агентии мубориза ба муқобили коррупсия.
Дар идома иштирокчиёни ҷамъомади машваратӣ доир ба лоиҳа фикру ақидаҳои худро баён карданд. Аз ҷумла, ноиби раиси Фарҳангистони улуми ҷумҳурӣ Сироҷиддин Мирзоев гуфт, ки доир ба мубориза бо коррупсия қонун ба тасвиб расидааст, ҳамзамон як қатор ҳуҷҷатҳои имзошуда муҳим будани мубориза бо ин иллати ногуворро барои ҷомеаи мо нишон медиҳанд.
– Дар мамлакате, ки илму фан тараққӣ мекунад, коррупсия барҳам мехӯрад. Зеро одамон ҳуқуқи худро дарк мекунанд ва барои коррупсия шароит фароҳам намеоваранд. Арзи вуҷуд намудани Агентии мубориза бо коррупсия низ аз қадамҳои ҷиддии мо дар ин соҳа мебошад,– иброз дошт Сироҷиддин Мирзоев.
Ба гуфтаи директори Мактаби олии судяҳои назди Шӯрои олии судяҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳоҷӣ – Мурод Исоқов мубориза бо коррупсия ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст ва инро дар мамолики зиёд низ дидан мумкин аст.
– Дар фармони Президенти кишварамон аз 3 феврали соли 2021 қайд шудааст, ки мубориза бо коррупсия кори танҳо Агентии мубориза бо коррупсия набуда, балки тамоми қишри ҷомеаи мо мебошад. Стратегияи миллии мубориза бо коррупсия бо фармони сарвари давлат бояд тавъам бошад. Ба назари ман, барои он ки лоиҳаи стратегияи миллӣ ба ҳуҷҷати консептуалӣ табдил ёбад, бояд нисбати он ин ҷо табодули назар сурат гирад, яъне аз нав дида баромадани он ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Нукоти такроршударо лағв намуда, муқаддимаро низ бояд кӯтоҳ кард,– гуфт Ҳоҷӣ – Мурод Исоқов.
Директори Институти муаммоҳои қонунгузорӣ ва тадқиқоти парламентӣ Фозилҷон Отахонов иброз дошт, ки дар бобати мубориза бо коррупсия дар мамлакатамон корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Диққат ва таваҷҷӯҳи сарвари мамлакат ба ин масъала беш аз пеш меафзояд. Қобили эътироф аст, ки коррупсия дар кишвари мо ба оҳистагӣ коҳиш меёбад. Аммо ҳанӯз мо барои иҷро ё анҷом додани ягон кори худ шинос мекобем ва аз вай мадад меҷӯем. Ҳатто намехоҳем чун дигарон рафта дар навбат истем, барои ҳамин хоҳиш мекунем, ки моро бенавбат қабул кунанд. Инро коррупсияи маишӣ мегӯянд. Ба мубориза алайҳи коррупсия ҷалбкардани уламои динӣ низ аз манфиат холӣ нест. Онҳо зарарнок будани ҷанбаҳои динии онро ба мардум шарҳ медиҳанд ва ҷиҳати коҳиш додани он саҳм мегузоранд. Декларатсия кардани амволу даромади хизматчиёни давлатӣ низ аз шартҳои зарурии давру замон аст. Агар онҳо хонаҳои боҳашам сохта бошанд, бояд манбаи даромадашонро нишон диҳанд ва тасдиқ намоянд, ки маблағҳоро бар ивази меҳнати ҳалоли худ пайдо кардаанд.
– Ман бар ин ақида ҳастам, ки барои ҳаётӣ будани механизмҳои мубориза бо коррупсия пеш аз ҳама омили инсон бояд коҳиш дода шавад. Гузашта аз ин, агар хизматчиёни давлатӣ аз нигоҳи молӣ хуб таъмин карда шаванд, ба гирифтани ришва эҳтиёҷ намемонад ва коррупсия коҳиш меёбад. Таҷрибаи Сингапур сазовори пайгирӣ мебошад, зеро дар ин кишвар мубориза бо ин иллат самараҳои нек ба бор овардааст,– гуфт зимни суханронӣ ҷонишини сардори Академияи корҳои дохилӣ Музаффар Зиядуллоев.
Дар ҷамъомад ба он нукот низ таваҷҷӯҳ дода шуд, ки ҳанӯз Ӯзбекистон аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо ҷойи поёнро ишғол мекунад. Натиҷаи ислоҳот чандон қаноатбахш ба назар намерасад. Қарзи хориҷии мо ба 40 миллиард доллар расидааст ва он бояд ба рушди иқтисодиёти мамлакатамон мусоидат намояд. Самаранокии ин маблағҳо бояд бо ҳар роҳу усул таъмин карда шавад, он гоҳ мамлакат боз бештар рушду нумӯъ хоҳад кард ва ҳаёти мардум фаровонтар хоҳад шуд.
Аз андоз пинҳон кардани даромадҳои зиёди одамони касбу кори гуногун низ мавриди баҳс қарор гирифт. Ҳамчунин дар як идораи давлатӣ кору вазифа доштани хешу таборон таъкид гардид, ки хилофи қонунгузориҳои мо мебошанд.
Ба гуфтаи иштирокчиёни ҷамъомади машваратӣ дар мавриди ба кор қабул кардани кадрҳо, тайин ба вазифаву мақомҳои болотар ва амсоли он ҳанӯз коррупсия нақш мебозад. Додани туҳфаву ҳадя барои иҷрои ин ё он кор, фиреб кардани якдигар низ аз иллатҳоеанд, ки бояд ҳарчи зуд бартараф карда шаванд Дар ин маврид стратегияи миллии мубориза бо коррупсия барои солҳои 2021-2025 бояд куллан мусоидат намояд.
Дар ҷое, ки маош паст аст, дар он ҷо талаву тороҷ намудани амвол рух медиҳад. Ғайр аз ин, иштирокчиёни ҷамъомади машваратӣ ба он маънӣ истинод оварданд, ки агар коргар ё ходим мувофиқи маҳорату малака ва истеъдодаш бо маош таъмин карда шавад, вай ҳаргиз аз кору маоши худ норозӣ намешавад ва вазифаашро софдилона иҷро мекунад.
Ба ин тартиб, ҳар як иштирокчии ҷамъомад бо дарназардошти маслаку вазифааш роҳҳои мубориза бо коррупсияро тавзеҳ дод. Ҳамчунин гуфта шуд, ки пешниҳоду дархостҳои ширкаткунандагони ҷамъомади машваратӣ оид ба лоиҳаи стратегияи миллии мубориза алайҳи коррупсия минбаъд такмил дода хоҳад шуд ва дар ҷамъомад бо иштироки коршиносони байналхалқӣ мавриди муҳокимаи ниҳоӣ қарор хоҳад гирифт.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.