МОДАР ВА ВОРИСОНИ МУНОСИБ

Алҳол ҷамоаи байналмилалу аҳлу тифоқи Маркази тиббӣ-ташхисии ба номи Хуршеда Насимоваи шаҳри Самарқанд баробари Рӯзи кормандони тиб, 25-умин солгарди таъсиси маркази табобатии худро низ ҷашн гирифтанд.

Чанде пеш дар марказ ба ҳамин муносибат чорабинии бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст ва кори неку номи неки шодравон Хуршеда Насимова бо меҳру самимият ёд шуд. 
Ифтихори ҳамагон

Воқеан, зиндагӣ баҳрест пурталотум, роҳест пуршебу фароз. Ва барои забти ин душвориҳо аз ҳар як инсон иродаи мустаҳкам, фидокорӣ ва меҳнати фаровон талаб карда мешавад. Шодравон Хуршеда Насимова аз зумраи чунин бонувони меҳнатдӯсту соҳибирода буд. Ин бонуи ҳалиму меҳрубон аз овони хурдсолӣ дар дил орзуи шифокор шуданро мепарварид ва мекӯшид, то ин орзуяш ҷомаи амал пӯшад.  
Хуршеда Насимова соли 1945 дар оилаи шифокор таваллуд шуд. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд супорида, аз имтиҳоноти қабул сарбаландона гузашт. Дар тӯли шаш соли таҳсил аз устодони соҳибдониш асрори соҳаи тибро омӯхт. Соли 1968 ҳам диплом гирифту ҳам риштаи ҳаёти худро бо ҳамкурсаш Далер Шукруллоев ба як умр пайваст. Ҳар ду бо роҳхати донишкада ба яке аз табобатхонаҳои ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба кор рафтанд. Далер терапевт таъин шуду Хуршеда акушер-гинеколог.
Дар деҳот шароити кор душвор буд. Мусофирӣ барои оилаи ҷавон мактаби ҳаёт гардид, шириниву талхии рӯзгорро бо ҳам дида, қаробати байни зану шавҳар мустаҳкам шуд. Саргарми  кор ва гиру дори зиндагӣ пай набурданд, ки чор сол чӣ тавр паси сар гардид. Онҳо соли 1970 ба зодгоҳ баргаштанд ва Хуршеда Насимова аввал дар ноҳияи Оқдарё, сипас дар таваллудхонаи рақами дуюми шаҳри Самарқанд ба фаъолият пардохт. Аз духтури одӣ то ба дараҷаи ҷонишини саршифокори таваллудхона расид.

Шуҷоат ба кирдор аст, на ба гуфтор

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Шомгоҳ аҳли оила дар атрофи дастархон менишастанд, ки фарзанди калонӣ – Дилшодҷон шоду масрур омад ва аз шафати модари меҳрубон ҷой гирифта, ӯро бо табассум оғӯш кард.
– О, ҷони оча, – гуфт модар, – ин қадар табъат болида. Гап зан, мо ҳам хурсанд шавем.
– Қарори ҳокимиятро дар бораи ҷудо кардани замин аз маркази шаҳр барои бунёди маркази диагностика гирифтам, – гуфт хушҳолона Дилшодҷон. – Ҳоло аз ҷониби сарвари давлатамон ба ривоҷи соҳаи тибби хусусӣ  имконият ва имтиёзоти зиёд дода мешавад, хостам аз он мо ҳам истифода барем.
– Хеле нағз, – бо ҳисси шодмонӣ ба суҳбат ҳамроҳ шуд Далер Шукруллоев. – Ҳоло дар аксар кишварҳои ҷаҳон шумораи табобатхонаҳои хусусӣ аз давлатӣ бештар аст.
Аз байн чанде нагузашта тадбири гузоштани пойдевори иншооти навбунёд баргузор гардид. Дар он ҷонишини ҳокими вилоят шодравон Акрам Худойқулов ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд. Хишти аввалро зери кафкӯбии ҳозирон Хуршеда Насимова гузошт. Бо ғайрату шуҷоати тадбиркори навовару ташаббускор Дилшод Шукруллоев дар муддати кӯтоҳ бинои зебо қад афрохт. 
Хуршеда Насимова баъди ба кор сар кардани марказ то пешин дар таваллудхонаи рақами дуюми шаҳр ва баъди нисфирӯзӣ дар маркази нав кор мекард. 
Шифокори ботаҷриба ва дарёдил Хуршеда Насимова тӯли фаъолияти чандинсолаи худ шоҳиди воқеаҳои зиёд гардида, баҳри ҳифзи саломатии модару кӯдакони бисёр талош кард. Дар Самарқанду Сурхондарё ба садҳо тифлакон момодоя шуд. Муҳимтар аз ҳама, бо ҳамсари вафодораш барои тарбияи неки фарзандон кӯшид. Дар тинати онҳо хоксорию росткорӣ, сарфакорию эҳтироми калонсолон ва пос доштани нону намаки дӯст барин хислатҳои ҳамидаро парварид. Духтари ягонаи хонадон Ҳилолабону пешаи модари меҳрубонро интихоб намуд ва имрӯз дар ин ҷодаи заҳматписанду пуршараф фаъолият дорад. Писарҳо – Дилшодҷон соҳибкор буда, Фаррухҷон ҳуқуқшинос аст. Наберагон ворисони муносиби сулола ҳастанд.
Соли 2004 қалби Хуршеда Насимова нобаҳангом аз тапидан бозмонд. 

Умри дубора

Вақте Худованд ба Дилшод набера – духтарчаи дӯстрӯча дод, хурсандии аҳли оила интиҳо надошт. Зеро вай ба мақоми баланду мӯътабар – «бобоҷон» соҳиб гашт. Боз дар дил орзу дошт, ки наберадор шавад, ҳатман номи модари ғамгусору меҳрубонашро мегузорад.
Ҳар боре вориди ин клиника шавед, беихтиёр сурати барқаду зебои занеро дар хилъати сафед мебинед, ки чеҳраи зебову пурнур, нигоҳи меҳрбор дораду гӯё зери лаб «Хуш омадед!» мегӯяд. Чанде пеш маҳз дар ҳамин ҷо таваллудхона ташкил ёфт. Аҷиб он аст, ки аксар модарон агар духтар таваллуд кунанд, ба ӯ бо ниятҳои нек Хуршеда ном мегузоранд, то ҳамчун вай номдор, вориси муносиби Ибни Сино шавад.
Маҳорати баланди тадбиркорӣ ва қобилияти роҳбарии Дилшод буд, ки соли 2019 дар Самарқанд маҷмӯаи пуршукӯҳи бисёрсоҳавии тиббии Ӯзбекистон – Ҳиндустон таъсис ёфт. Ҳоло дар ин табобатхонаи бисёрсоҳавӣ на танҳо аз Ҳиндустон, балки аз Русия, Туркия, Исроил ва дигар кишварҳо низ шифокорони номдор омада, фаъолият мебаранд.
Боиси хурсандист, ки соли 2021 Президент Шавкат Мирзиёев ба муолиҷагоҳи муштарак ташриф оварда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуд. Ҳангоми мулоқот бо Дилшод Далерович таъкид кард, ки ташкили донишгоҳ дар назди марказ ба манфиати кор хоҳад буд. Сипас корҳои ташкилии донишгоҳи хусусӣ оғоз ёфтанд.
Бояд таъкид намуд, ки дар арафаи Рӯзи соҳибкорон Дилшод Шукруллоев бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардид. Ҳангоми супоридани мукофот сарвари давлатамон ба соҳибкор гуфт, ки минбаъд бо ғайрати дучанд меҳнат бикунад. Алҳол шуъбаҳои маркази табобатии муштарак дар шаҳри Қаршӣ, Бухоро низ фаъолият доранд. Дар шаҳри Шаҳрисабз ҳам кушодани чунин маркази тиббӣ дар назар аст.
– Комёбиҳои сулолаи мо аз дуои падари бузургвораму модари меҳрубонам аст, – мегӯяд Дилшод. – Ҳар гоҳе ба зиёрати хокҷойи онҳо равам, ба ҳаққи волидайн дуои хайр мекунам. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: