ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ

26 ноябр маҷлиси васеи навбатии Комиссияи марказии интихобот баргузор шуд.

Дар маҷлисе, ки ба шакли видеоконфронс амалӣ гардид, аъзо ва ходимони масъули КМИ, роҳбарони комиссияҳои ҳавзаҳои интихобот, намояндагони Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо, созмонҳои ҷамоатӣ, аз ҷумла, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд. 
Мувофиқ ба моддаи 10-уми Кодекси интихобот аз ҷониби КМИ ҳал гардидани масъалаи тартиб додани қитъаҳои интихобот дар назди ваколатхонаҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давлатҳои хориҷӣ ва ғайра, ба ҳавза пайваст кардани онҳо муайян шудааст. 
Бинобар тақдимномаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ваколатхонаи Агентии меҳнати хориҷии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ӯзбекистон дар шаҳри Маскав қитъаи интихоботии рақами 54-уми баргузоркунандаи интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва дар ваколатхонаи шаҳри Кванҷуи Ҷумҳурии Куриё қитъаи интихоботии рақами 55-уми баргузоркунандаи интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ташкил карда шуд. 
– Айни замон барои ба номзади дилхоҳи худ овоз додани интихобкунандагонро таъмин кардан дар муассисаҳои ваколатхонаи дипломатӣ ва консулии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Куриё ҳама шароит фароҳам оварда шудааст, – мегӯяд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Куриё Виталий Фен.
Чунонки дар маҷлис таъкид гардид, дар интихоботи имсола беш аз 600 нафар мушоҳидон ширкат меварзанд. 
Дар тадбир масоили дигаре низ, ки шомили ваколати Комиссияи марказии интихобот мебошанд, дида шуданд.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: