Ӯзбекистони офтобрӯя бо табиати мафтункор ва боғу роғҳои дилрабояш ном баровардааст.
Алалхусус, воҳаи Сурхон, ки гавҳари ҷануб маҳсуб меёбад, бо меваҳои шаккарин мавқеи хосса дорад. Дар ин сарзамини зархез ҳамагуна навъҳои тармева парвариш меёбанду дар сифат ва ширинӣ ҳамто надоранд. Алалхусус, ангурпарварӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Аз ин боис 10 октябр дар ноҳияи зархези Олтинсой Фестивали ангурпарварӣ, ё худ “Сайри ангур” ташкил карда шуд.
Тазаккур бояд дод, ки ин фестивал дар вилоят бори аввал ташкил карда мешавад. Дар оғози фестивал барои журналистон ва блогерҳо пресс-тур созмон дода шуд. Мутахассисони соҳа сараввал аз майдонҳои ангурпарварии хоҷагии деҳқонии “Хушбекҷон Соҳибкор даласи” ва “Ҳафизулло Ӯролов” дидан намуда, бо боғбонҳо доир ба навъҳои ангур ва сифату ҳосили он, ҷараёни хушксозӣ ва мавизтайёркунӣ суҳбатҳо доир сохта, ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Дар ҷараёни фестивал журналистон ва блогерҳо бо фаъолияти туризм ва корҳои дар ин соҳа амалишудаистода низ шинос шуданд. Хусусан, зиёрати мақбараҳои намояндагони машҳури олами ислом Муҳаммад Зоҳид ва авлиё Сӯфӣ Оллоҳёр хеле хотирмон буд. Онҳо бо шароити ин зиёратгоҳҳо аз наздик ошно гаштанд.
Дар “Сайри ангур”, ки дар санаторияи “Хоҷаи пок” баргузор гардид, навъҳои гуногуни ангурҳои хушсифати хоҷагиҳои деҳқонии ба ангурпарварӣ ихтисосонидашуда, боғбонҳое, ки дар замини назди ҳавлӣ бо ангурпарварӣ шуғл меварзанд ва маҳсулоти корхонаҳои вино тайёркунӣ ба намоиш гузошта шуд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар вилоят 9-то корхонаи азнавкоркарди ангур мавҷуд буда, он 12 ҳазору 500 тонна ангурро аз нав кор карда, маҳсулоти хушсифат истеҳсол менамояд. Аз ҳамин 5-то корхона маҳз дар ноҳияи Олтинсой ҷойгир аст ва дар соли ҷорӣ то ҳол 1900 тонна ангур дар ин корхонаҳо аз нав коркард шуд. Шарбат ва виноҳои истеҳсолкардаи агрофирмаҳои “Султон шарбати”, “Мусаллас” ва ҶММ “Илҳом-Нодир”, “Олтинсой узум шарбатлари”, “Полвонтош” дар бозори дохиливу беруна ба харидорони худ соҳибанд.
Дар ҷараёни фестивал инчунин маълум гардид, ки имрӯзҳо дар миқёси вилоят ба зиёда аз 10 ҳазору 790 гектар боғ навъҳои гуногуни ангур парвариш карда мешавад. Дар вилоят 1 ҳазору 100-то хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ангурпарварӣ ихтисосонида шудааст, ки 530 гектари он ба ноҳияи Олтинсой рост меояд. То имрӯз зиёда аз 130 ҳазор тонна ангури хушсифат дар вилоят ҷамъ оварда шуд, ки 56 ҳазор тоннаи он ҳиссаи боғбонони ноҳияи Олтинсой мебошад. Дар соли ҷорӣ ба миқдори 6 ҳазору 45 тонна ё худ 4 миллиону 586 ҳазор доллар ангур ба кишварҳои хориҷ экспорт карда шуд. Ин нишондодҳо далели он аст, ки имсол ҳосили ангур дар ноҳия ва сартосари вилоят фаровон буд ва аз ин дасторхони мардум ҳам пуру даромади моддӣ ҳам қаноатбахш. Беҳуда шоири ҳунарманд Сайидои Насафӣ нафармудааст:
Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас
соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз пушти
гулистон мехӯрад.
Олим ПАНҶИЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.