Ўзбекистон – Белорус: масъалаҳои инкишоф додани ҳамкории байниидоравӣ самаранок ҳал мешаванд

11 октябри соли равон ҳайати вакилон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус – сардори полиси ҷиноятӣ генерал-майори полис Геннадий Аркадевич Казакевич бо сафари корӣ ба кишвари мо омад.

Дар доираи барномаи сафар дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи панҷуми гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии байниидоравии Ӯзбекистону Беларус баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ масъалаҳои ҳамкориҳои байниидоравӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниидоравӣ вазифаҳои дахлдор муайян гардиданд.

Тибқи барнома, ҳайати Белорус дар ҷараёни сафар ба Ӯзбекистон бо фаъолияти Маркази вазъиятиву таҳлилии Вазорати корҳои дохилии кишварамон, вазифаҳо ва ислоҳоти амалӣ оид ба таъмини амният дар ҷойҳои сайёҳӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ шинос хоҳад шуд.

 

Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: